БОЙГОНӢ

«    Декабр 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Омӯзгоре, ки корманди ҳукумат шуд

Слайдер / Сиёсат

Бо баробари расиданамон ба ноҳияи Фархор Дилбар Раҳматуллозода, муовини раиси ноҳия, моро истиқбол гирифт. Дар кўчаҳои марказӣ қадамзанон биноҳои маъмуриву иҷтимоиро як-як бароямон нишон дода, таъкид менамуд, ки ноҳия дар ҳоли ободониву рушд, сохтмону таҷдид қарор гирифтааст.

Дар Фархор сохтмони биноҳои муҳташам, роҳҳои сатҳи баланд оғоз шудааст ва идома дорад…

Масъулин тасмим гирифтаанд, ки 35-солагии Истиқлоли давлатиро бо мардум, маҳалла ба маҳаллаву деҳа ба деҳа бо сохтмону ба истифода додани иншооти ҷашнӣ: мактаб, кўдакистон, бунгоҳҳои тиббӣ, кошонаҳои ҳусн, марказҳои ҳунармандию омўзишӣ, сохтмони роҳҳо таҷлил намоянд…

              Муовин оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва идеологӣ

Соли 2010 Дилбар Раҳматуллозодаро бо таҷрибаи 27-солаи муаллимӣ барои идомаи фаъолият ба МИМҲД-и ноҳияи Фархор ба кор даъват менамоянд. То он замон қаҳрамони мо дар мактаби миёна чун муаллими забон ва адабиёти тоҷик, омўзгори фанни махсуси одоби оиладорӣ фаъолият дошт. Корро дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҳамчун мутахассиси шуъбаи кор бо занон ва оила шуруъ кард. Ҳар касе аз кори мақомот бохабар аст, хуб медонад, ки кор дар ин самт чӣ танишҳое дорад. Масъалаҳои зиёди ҳалношудаи оилавӣ, пиёда намудани сиёсати давлату ҳукумат дар самти занон ва оила, тартибу низоми корро пурзўр менамуд. Ў ҳамеша мекўшид масъулиятро аз таҳти дил анҷом диҳад ва ба ҳар масъалаи ҳалталаб то қадри имкон расидагӣ намояд.

-Рўзҳои аввал кор дар соҳаи нав бароям мушкил буд, аммо чун дар муоширату муомилаи бештар бо мардум қарор гирифтам, дарк кардам, ки дар ин мақом бештар метавонам коре, амале мувофиқи мақсад ва бар манфиати халқ анҷом диҳам. Ҳалли ҷанҷолҳои оилавӣ, бо шуғл фаро гирифтани занони маҳал, дастгирии бонувон дар соҳаи кишоварзӣ, маориф, тандурустӣ, саноат аз мавзуоти кори ҳамарўзаи мо буд. Ҳар самте бо мавзую масъалагузориҳои хос диққатамро бештар ҷалбу фаъолиятро бароям ҷолибтар месохт. Бо эълон шудани солҳои 2019–2021 чун «Соли сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рўи масъулияту масруфияти корӣ анқариб аз тамоми гўшаву канори Тоҷикистони биҳиштосо дидан намудем ва ин сафарҳо қобилияти муқоисаву таҳлилро бароям омўхт, ки дар кори мо бениҳоят муҳим аст, - зикр намуд ҳамсуҳбатам.

 

Он солҳо оилаҳои зиёде маҳз бо суҳбату роҳнамоиҳои ў аз вайроншавӣ эмин монданд. Дар амалишавии барномаҳои гуногуни давлатӣ, ки дар самти дастгирии бонувон роҳандозӣ шуда буданд, саҳм гузошт. Фаъолияти хубашро ба назар гирифта, соли 2016 аввал ўро чун сармутахассис ва баъдан ба вазифаи мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи МИМҲД-и ноҳия пешбарӣ карданд. Нишондиҳандаҳои хуби кориаш замина гардид, ки соли 2020 бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилбар Раҳматуллозода ба вазифаи муовини раиси ноҳияи Фархор таъин гардид.

       «Хеле пазмон мешавам…»

Дар хусуси масруфияти зиёди як бонуи роҳбар, тафовуту монандиҳои зани хонашин ва бонуи сарвар суҳбат намуда, мепурсам, ки оё шавҳару фарзандон боре аз серкориву таваҷҷуҳи камаш ба оила шикоят мекунанд? Бо табассум шарҳ медиҳад:

- Пеш аз ҳама, ман зан-модар ҳастам. Соҳиби чаҳор фарзанд, ду келин, домод ва 7 набераи дўстрў. Баъзан субҳи барвақт ба кор ҳозир мешаваму шом баъди оне ба хона мерасам, ки набераҳоям, кайҳо дар хоби нозанд. Гоҳо хеле пазмонашон мешавам. Ҳамин, ки имкон даст дод, фарзандону набераҳоро сарҷамъ намуда, суҳбатҳои ширин меороем. Шавҳарам ҳеҷ гоҳ дар масъалаи серкориам изҳори норизоӣ накардаанд, баръакс он кас чун омўзгори таҷрибадор маро барои хидмати софдилонаю содиқона талқин менамоянд. Зани хонанишин, агар танҳо дар хусуси ба низом даровардани масъалаҳои оилавию тарбия ва ҷобаҷосозии фарзандон андешад, барои зани роҳбар ҳалли мавзую масъалаҳои мубрами ҷомеа, амалисозии сиёсат ва нақшаву ҳадафҳои роҳбарияти олии давлату Ҳукумат муҳим аст, - мегўяд ҳамсуҳбатам.

Таваҷҷуҳи занону духтарони фархориро барои таҳсилу омўзиш ва фаъолият дар самтҳои гуногуни иҷтимоиву иқтисодии ноҳия дар маҷмуъ, назаррас арзёбӣ менамояд ва асоси ҳамагуна пешрафтро аз дастгирӣ медонад. «Дастгирӣ дар оила, дар ҷомеа, аз ҷониби роҳбар, роҳбари дилхоҳ коргоҳу корхона, мақомот, мактабу бемористонҳо дар муваффақ ва сабзидани кадр муҳим аст», - иброз месозад ў.

Мавзуи муҳими дигаре, ки масъул аз он эҳсоси масъудӣ менамояд, ин забономўзу забондон шудани занону духтарон дар маҳал аст. Аз рўи мушоҳидаҳои масъули давлатӣ бонувони ноҳияи Фархор имрўз ба омўзиши забонҳои русӣ, англисӣ ва чинӣ майли бештар доштаанд.

       Фархори ҳамсарҳад бо Афғонистон

Имсол ноҳия аз аввалинҳо шуда нақшаи ҷалби ҷавононро ба хизмати ҳарбӣ амалӣ намуд. Дар ин амр модарони фархорӣ чун дастгири сиёсати давлату Ҳукумат фарзандонро талқин ба муҳофизати марзу буми аҷдодӣ намуданд.

Иҷрои нақшаи муштараки мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ дар ҳайати намояндагии Кумитаи амнияти миллӣ, шуъбаи корҳои дохилӣ, комиссариати ҳарбӣ, шуъбаи кор бо занон ва оила, самти ҷавонон, маориф, тандурустӣ, фарҳанг дар 10 ҷамоати деҳот ва шаҳраки ноҳияи Фархор вохўриҳо дар мавзуи пешгирӣ аз ҳаракати бегонапарастӣ ва фарҳанги ғайр, шомил нашудан ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, сарулибоси фарҳанги бегона, дурӣ ҷустан аз ақидаҳои ифротӣ, дур намондани духтарон аз мактаб, захираи дусолаи хўрока хеле назаррас ба роҳ монда шудааст. Амалисозии босифати ин ҳадафи муҳим дар маҷмуъ, барои тамоми шаҳру навоҳии кишвар бисёр муҳим арзёбӣ гардад ҳам, дар Фархор чун ноҳияи наздисарҳадӣ мавзуъҳои болозикр бисёр ҷиддӣ ба миён гузошта шудаанд. –

Мардуми Ҷамоати деҳоти Дарқад дар ҳамсоягӣ бо Афғонистон зиндагӣ мекунанд ва аз ҳолу аҳволи занони он сўйи марз хуб огоҳанд. Вақте зани афғон ҳаққи озодона ба кўча баромадан надорад, ҳатто шарфаи пояш бояд шунида нашавад ва аз ин ҷониб занону модарони тоҷик, ки озодона гаштугузор мекунанд, духтарон ба мактаб мераванд, бонувон дар ҳар кори ҷамъиятӣ ва маъракаҳо гули сари сабаданд, вазъият мантиқан чӣ гуна қиёс бишавад?

Шукр, ки сарҳад мустаҳкам аст! Занон дар суҳбату мулоқотҳо бо мо таъкид мекунанд, ки дар он тарафи дарё тамоман дунёи дигар ва аз ин ҷониб умуман дунёи дигар аст, - бо ифтихор аз давлати озоду демократии худ мегўяд Дилбар Раҳматуллозода.

Нишондиҳанда: занон дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ бештаранд

-Бонувони фархорӣ бештар дар соҳаҳои маориф ва тандурустӣ фаъоланд. Як нафар табиби фаъоли мо Гулшанбӣ Давлатова вакили вилоятист. Занон барои фаъолият дар соҳаи фарҳанг ҳам афзалият доранд. Бо пешниҳоди шуъбаи корҳои дохилӣ ду нафар зан, ки корманди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия буд, барои кор ба ин ниҳод гузаронда шуд.

Аз ҷониби бонувон дар Фархор 350 хоҷагии деҳқонӣ ташкил шудааст. Ҳоло таваҷҷуҳ ба соҳаи пахтакорӣ мисли солҳои пеш афзудааст. Дар деҳаи Сурхоб ва деҳаи Нурмат Сафарови Ҷамоати деҳоти Хутан аксар кишоварзони номӣ, ки тарбуз, харбуза, каду, шолӣ парвариш менамоянд, занонанд. Ҳосили дастранҷи бонувони кишоварз, аз қабили: бодиринг, помидор, қаламфури булғорӣ, карам, картошка ва тамоми навъи донагиҳо на танҳо бозори ноҳия, ҳатто бозори минтақа ва вилоятро ғанӣ месозад, - иброз медорад мавсуф.

Тарбуз, харбуза, хушкмева ва анвои дигари меваҳои тару тозаи ноҳия ба хориҷи кишвар низ содирот мешавад. Воқеан, як самти дигари рў ба тараққӣ дар ноҳия, афзоиши дарахтони писта ва ташкили содироти пистаҳои хушмаза ба дохилу хориҷ аст, ки аз ҷониби Корхонаи хоҷагии ҷангали ноҳия ба роҳ монда шудааст.

-Як зани 80-сола дар деҳаи Сайф Раҳимзоди Афардӣ аз ҳисоби 100 ҳазор маблағҳои барои зиёрати ҳаҷ ҷамъкардааш, роҳҳои деҳаро обод ва мумфарш намуд, - бо қаноатмандӣ мегўяд муовини раис.

Ифтихори дигари сокинон «Маркази ҳунармандон»-и ноҳияи Фархор аст, ки воқеан ҳунармандони асилро ба ҳам оварда. Собирамо Ҷалилова ҳунармандест, ки на  танҳо дар сатҳи ҷумҳурӣ, балки дар сатҳи байналмилалӣ дасткорҳову шоҳкорҳои ҳунармандии бонувони фархориро борҳо дар мамолики хориҷ муаррифӣ кардааст. Тоқӣ, гулдўзӣ, чакандўзӣ, кифу ҳамёнҳои ба шакли миллӣ ородода, либосҳои тоҷикона дўхтааш харидорони зиёдеро моил ба ҳунарҳои миллии тоҷикон намуда.

           Дар Фархор аруси хондагӣ мехоҳанд

-Имрўз дар Фархор ҳама мехоҳад келини соҳибмаълумот дошта бошад. Солҳои ҷавонии мо аз як деҳаи Наврўз ман ва як духтари дигар дар мактаби олӣ мехондем. Мардум гумон мекарданд, ки духтарони хондагиро касе ба писараш арус намегирад, ки воқеан асос ҳам дошт. Аз ҳамин рў, барои идомаи таҳсили духтарон иҷозат набуд, - нақл мекунад муовини раиси ноҳия.

Ҳоло дар Фархор бештар ба мутахассисони соҳаи равоншиносӣ ниёз ҳаст. Ба андешаи мусоҳиби мо, вақти он расида, ки дар маҳалҳо равоншиносони синну соли мактабӣ бештар ва фаъолтар бошанд. Камии мутахассисони шуъбаи кор бо занон ва оила дар маҳал низ сарбории ду корманди ин шуъбаро аз меъёр зиёд вазнин кардааст.

- Омори азҳампошии оилаҳо дар нуҳ моҳ 51 адад ба қайд гирифта шудааст, дар муқоиса ба солҳои пеш кам аст ва он духтароне, ки бо маълумоти олӣ оила бунёд кардаанд, дар оиладорӣ намунаанд ва зодмандон мехоҳанд аз сафи чунин маълумотдорон писаронро хонадор созанд, - мегўяд ҳамсуҳбатам.

         Ёддошт аз зиндагии зани роҳбар

Дар фароварди суҳбат Дилбар Раҳматуллозода аз зиндагии шахсиву фаъолияти кориаш лаҳзаеро ёдовар шуд, ки шояд дар шаклҳои каме гуногун барои аксар занони роҳбар ошно бошад.

- Ба маҷлиси саҳар мешитофтам. Дар роҳ афтодам ва дастам осеб дид. Табобаташ дуру дароз вақт гирифт ва ҳатто ҷарроҳӣ ҳам кардем. Ман, ки ҳамеша пайи корам, дар хона нишаста, дилгир шудам. Рўзе аз дилтангӣ ашк ҳам рехтам. Писари хурдиам Сиёвуш, ки дар синфи 11 мехонд, аз мактаб омаду маро бо чунин ҳол дида изтироболуд пурсид: «Чӣ шуд, очаҷон, дастатон дард мекунад?».

Гуфтам: «Ҳеҷ чиз бачам, ҳама саҳар мебароед меравед, ман танҳо каме зиқ шудам».

Писарам дар сурате, ки ҳатто сумкаашро аз китфаш нагузошта буд, сари зону нишаст ва бисёр ғамгин, мисли одамони солдида гуфт:

 -Очаҷон, ман аз кўдакӣ ҳар субҳ, ки бедор мешудам, аллакай Шумо дар хона набудед, аксар вақт шаб хобам мебурд, Шумо ҳанўз дар кор. Дили ман барои дидани рўятон, меҳрубониҳоятон танг мешуд…

Аз ин суханони ҷигарбандам дилам таҳ кашид. Хостам воқеан лаҳзаҳои хотирмони кўдакии Сиёвушро ақаллан аз синфи 1 то 11 ба ёд орам, аммо бенатиҷа. Банди такодав аз шириниҳои айёми кўдакиҳои фарзандам бебаҳра монда будам. Мутаассир шудам, фаҳмидам, ки ман пазмони дидори фарзанд будаму ў пазмони оғўши ман. Ин аст, ҳақиқати зиндагии зан-модари роҳбар.

                                                                                     Гулноза БОБОМУРОДОВА,

                                                                                     Душанбе - Фархор - Душанбе

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_12_2025_small_.pdf [3.77 Mb] (зеркашиҳо: 29)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон