Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Бе пир марав…
ҶавононОн рӯзи гармои тобистон то ҳанӯз аз лавҳи хотири Гулмира зудуда нагаштааст. Рӯзе, ки дар дақиқаҳои охири ҳуҷҷатҳоро ба комиссияи қабул супурдан, орзуҳои чандсолааш ба қавле пешпо шуд. Ин лаҳзаҳо паҳлуи ӯ падари азизаш буд, ки замони мактабхониаш пайваста таъкид мекард: «Духтарҷонам, хон, шабу рӯз хон, ояндаатро хуб соз…». Ҳоло баръакс: «Духтарам, ҳуқуқшинос не, муҳосиботу иқтисод ё бонкдориро ихтиёр намо, ин пешаҳо барои зан мувофиқтар», — мегуфт падар.
Гулмира он рӯз оби дида кард, таъриху ҳуқуқро зиёдтар хонда буд, ҳарчанд ки дар фанҳои дақиқ низ саводи хуб дошт. Падар, ки аз донишу малакаи духтараш огоҳӣ дошт, ӯро бовар кунонд, ки донишҷӯи фаъол ва мутахассиси хуб хоҳад шуд. Бо ҳамин ҳуҷҷатҳои довталабро дар факултаи иқтисодиёт ва идоракунии корхонаҳои Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон қабул карданд…
Аснои ба хона расидан, Гулмираи зирак хафагии худро нишон надод, танҳо аз падар сабаб пурсид, зеро аз рӯи ваъда баробари ба хона расидан дубора ба ин масъала хоҳанд баргашт.Дар ҳоле рӯ ба рӯи ҳам менишастанд, падар гуфт: «Духтарам, амиқ биандеш, соати 2–3-и шаб бонги хатар мезананд, ту маҷбур ва ҳам ночор хонаро ба шавҳар ё фарзандони хурдсол гузошта аз пайи кор шуданат рост меояд. Фарз кардем, агар шавҳар ҳам низомӣ бошад ё дар сафари хизматӣ, баъд ҳоли хона, тақдири фарзандони хурдсол чӣ мешавад?»…
Падараш, ки корманди комиссариати ҳарбӣ буд, гоҳе ду-се рӯз ба хона намеомад. Хусусан мавсими даъвати наваскарон фарзандон ҳафтаҳо падарро намедиданд. Дар базмҳои оилавию авлодӣ бисёр вақт Гулмира ҷойи падарро холӣ медид.Акнун фаҳмид, ки барои чӣ падар монеи интихоби ӯ гашт танҳо ба хотири ояндаи дурахшони фарзанд. Ва бо он ки дар оила писар набуд, чун фарзанди калони хона падар бо Гулмира маслиҳату машварат мекард.
Андешаи падар рост баромад. Имтиҳони дохилшавиро бо баҳои хубу аъло супурда, қатори дигар довталабони комёбшуда сафи донишҷӯёни соли 2005-ро пур кард. Овони донишҷӯӣ дар ҶСП «Тоҷикпромбонк», дар вазифаҳои коргузор ва бахши муҳосибот фаъолият намуда, таҷрибаи корӣ андӯхт. Пас аз хатми Донишгоҳ муддате дар Маркази калонсолон ва дигар раёсатҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ, ҶСК «Комерсбонки Тоҷикистон» дар вазифаҳои танзимгар, муҳосиб ва сармуҳосиб иҷрои вазифа намуда, маҳорату кордонии хешро такмил дод.
– Соли 2017 тариқи озмун фаъолиятро дар ҶСП «Душанбе Сити Бонк» шуруъ намудам, ки низоми кор ин ҷо бароям писанд омад, — ба ёд меорад солҳои аввали корашро Гулмира. — Дар баробари он ки талабот зиёд аст, роҳбарон кӯшиш менамоянд, ки маҳорату кордонии мутахассисон аз мадди назар дур намонад. Дар ин муассиса ҳам корро аз зинаҳои аввал шуруъ намудам. Дертар вазифаҳои муҳосибу сармуҳосибро бароям бовар намуданд. Имрӯз вазифаи роҳбарии яке аз марказҳои хизматрасонии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанберо ба зимма дорам.
Замоне вай ин маркази хизматрасониро дар яке аз кӯчаҳои марказии пойтахт — кӯчаи Садриддин Айнӣ қабул намуд, ҳамагӣ 4 коргар дошт. Ҳоло шумори кормандон ба 13 нафар расидааст, ки аксариятро бонувон ташкил медиҳанд. Дар ин идораи хурди бонкӣ мутахассисон барои мизоҷони худ дар мавриди гирифтани қарз, мушкилоти кортҳои нақлиётӣ ва маблағпуркунию дигар амалиётҳои бонкӣ ёрӣ ва хизмат мерасонанд. Аз андешаҳои бонуи ҷавон барчидем, ки ба кори доимӣ ҷалб намудани шаҳрвандон, хусусан бонувонро дар самти бонкдорӣ, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, роҳбарияти ҶСП «Душанбе Сити Бонк» барои худ аз вазифаҳои аввалиндараҷа меҳисобад. Ҳамарӯза даҳҳо бонувони пойтахт, ки ба фаъолияти соҳибкорӣ, таъмиру хариди ҷиҳози хона ё мушкилоти дигаре доранд, ба ин марказ муроҷиат менамоянд. Гулмира Файзиева мекӯшад то дар мадди аввал хостаҳои занону духтаронро бароварда гардонад. Ба ҷуз ин, роҳбари ҷавон фикри мутахассисони марказро ба сар дошта, онҳоро зуд-зуд ба омӯзиш ва табодули таҷриба сафарбар менамояд.
Гулмирабону солҳост, ки дар бахши бонкдорӣ фаъолият менамояд, аммо орзуҳои бачагӣ ҳанӯз ҳам бо ӯст. Барои ин то ҳол илми ҳуқуқ ва сиёсатро меомӯзад, адабиёти соҳавиро варақ мезанад ва ҷое дармонад, аз устодони хеш маслиҳат мепурсад. Ҳар куҷое кор накард, дар мавриди пуштибонӣ аз кормандон баҳсу талош меварзад. Ду сол пеш ба Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба факултаи идораи давлатдорӣ ва ҳуқуқ дохил шуда, алҳол дар ин даргоҳ таҳсил дорад. Мегӯяд, чун аксари мавзуъ барояш ошност, гоҳе бо ҳамсабақону муаллимон баҳси солим меорояд. Ҳарчанд ки дар мактаби миёна ва Донишгоҳ ба забони русӣ таҳсил намудааст, бо забони модарӣ ширин ҳарф мезанад.
– Роҳбарияти бонк моро пайваста таъкид мекунанд, ки забони давлатиро хуб донем ва бо мизоҷон дуруст муошират намоем, — афзуд дар интиҳо Гулмира Файзиева. Аз он ки падар ба ӯ роҳи дурустро ҳидоят намуд, розист. Ӯ акнун ба маънии гуфтаи пирони умрдида: «Бе пир марав…» пурра сарфаҳм меравад. Чун ҳар якеро роҳбалад, устод, муттако ва роҳнамо мебояд. Гулмира аз он меболад, ки сухани падарашро ду накард…
Рустами НАЗИР
Мубодила:
Шарҳҳо











