БОЙГОНӢ

«    Декабр 2024    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Роҳнамояш меҳри падар

Ҷавонон

Падар идеали ҳаётии ӯ дар зиндагист ва аз бозе худро мешиносад, қаҳрамони зафарёби достонҳои хаёливу орзуҳои кӯдакиаш дар фатҳи қуллаҳои мақсуд варо ангезаи тавонмандиву худбоварӣ мебахшид. Ба гоҳи дидору баҳрамандӣ аз ширингуфториҳои ҳампешаҳои падар, шуълаи муҳаббати бузург ба хилъати сафедро дар қалби кӯчаки духти нозбӯи хонадон биафзуд, ки аз он ба баъд тақлидкориву ормонгароиҳои кӯдаконааш аз интихоби пешаи синоӣ дарак медод.

Гузори солиёни орзумандӣ бо маслиҳату роҳнамоиҳои қиблагоҳаш донишҷӯйи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино гардид. Баъди хатми он Донишкадаи такмили ихтисоси баъдидипломии кормандони тибби Тоҷикистонро бо дипломи аъло ҷамъбаст бинмуда, барои оғози фаъолияти касбӣ ба зодгоҳаш ноҳияи Хуросон баргашт.

 

 Чун дар давраи таҳсили интернатура, ҳамзамон, дар бахши чаҳоруми Беморхонаи Қарияи Болои шаҳри Душанбе ба ҳайси акушер-гинекологи коромӯз фаъолият доштам, маро дар шуъбаи таваллудхонаи Беморхонаи марказии ноҳияи Хуросон ба кор гирифтанд, - табассумомез риштаи суҳбатро кушод Бибисанам. - Ба шарофати хизматҳои падари равоншодам ҷарроҳи номдор Усмон Абиёров, ки дар муассисаҳои гуногуни тиббӣ шогирдони зиёд дошт, овони донишҷӯӣ назди онҳо таҷрибаомӯзӣ мерафтам. Баъдан давраи таҳсил дар интернатураро ҳам дар Беморхонаи марказии ноҳияи зистам идома дода будам. Биноан, зимни оғози фаъолияти мустақилонаи касбӣ дар шуъбаи таваллудхона эҳсоси тарсу изтироб ва ё нобоварӣ надоштам.

Дар шаби аввали навбатдорӣ бонуеро дар ҳолати хунравии шадид ба беморхона оварданд, ки ӯро мустақилона муоинаву бистарӣ намудам ва рафти табобаташ бароям муҳимтарин имтиҳони касбӣ буд. Маҳз ин гуна ҳолатҳои изтирорӣ ва мушкилиҳои ғайриинтизори корӣ, ки тақдири беморони дар ҳолати вазнин аз табиби навбатдор вобаста аст, ба духтурони ҷавон таҷрибаи муҳим ва ҳам боварӣ ба донишу зарфиятҳои худӣ мебахшад.

Бо амри тақдир дар соли аввали фаъолият издивоҷ намуда, баъди арӯсӣ аз соли 2012 дар беморхонаи деҳаи Чорсӯи Ҷамоати деҳоти Навбаҳори ноҳияи Кӯшониён ба фаъолият мепардозад. Аз сабаби он ки вақти бештари ӯро парас­тории кӯдакони хурдсолаш мегирифт, рӯзона кор мекарду аз навбатдории шабона озод буд. Аммо масъулиятҳои бар зимма доштаву сарбориҳои корӣ дар беморхонаи деҳаи Чорсӯ, ки дар тобеияташ 10 бунгоҳи тиббӣ дошт, барояш кифоя буд, ки дучанд саъю талош намояд, то иҷрои супоришу нақшаҳои рӯзмарраро ба рӯзи дигар нагузорад. Бад-ин минвол тули қариб даҳ соли аввали кор ва андӯхтани таҷрибаи касбӣ аз табибони номвар, миёни сокинон, бахусус бонувони рустоҳои таҳти назораташ, маҳбубият пайдо кард.

 Бинобар шароитҳои оилавӣ аз соли 2021 дубора ба ноҳияи Хуросон баргашта, ҳамакнун, бо кӯлвори таҷрибаи андӯхтаам дар самти табиби момодоя дар шуъбаи таваллуди Беморхонаи марказии ноҳия фаъолият дорам. Дар Муассисаи тиббии «Даво»-и шаҳри Бохтар ба такмили ихтисос ва бозомӯзиҳо машғул мешавам, - мегӯяд духти Сино.

Бо дарназардошти талаботи рӯзафзуни муассисаҳои тандурустӣ ба ихтисосмандони соҳаи ташхиси фаросадо ва колоскопия тайи солҳои 2021–2023 курсҳои такмили ихтисосро гузашта, дар ин самтҳо низ донишу таҷрибаи касбиашро сайқал дод.

Ба пиндори Бибисанам Абиёрова, табиби асил, дар баробари таҷрибаи бисёрсолаву маҳорати сухандармонӣ, мадюни илму донишро мемонад, ки пайваста дар мутолааву таҷрибаомӯзӣ қарор дошта, ҳамқадами замон буда, аз ҳама рӯйдоду навгониҳои тибби муосир огаҳӣ дошта бошад. Дарвоқеъ, дар раванди тағйироти куллии иқлимиву иҷтимоӣ ва пайдоиши ҳар гуна бемориҳои нав раҳнавардони соҳаи тибро мебояд, ки ба илму таҷрибаи гирифтаашон қонеъ нашуда, пайваста ҷиҳати боло бардоштани сатҳи дониш ва рушду сайқал додани касбияти хеш кӯшиш ба харҷ диҳанд.

 Дар ҷода аз устодонам табибони бемориҳои занона Дилбар Ғоибова, Райҳона Абдулфайзова, мутахассиси риштаи ташхиси фаросадо табиби беморхонаи Маркази ёрии таъҷилии шаҳри Душанбе Абдусаттор Восиев, духтури бахши 4-уми Беморхонаи Қарияи Болои шаҳри Душанбе Бахтиёр Ғиёсов, мутахассиси ташхиси колоскопия Макнуна Пирова донишу таҷрибаи зиёд омӯхтаам, ки дар такмили касбият ва рушди маҳорату истеъдоди мо заҳмати зиёд кашидаанд. Хушбахтона, дар баробари дастгириву ҳидоятҳои падар дар интихоби касб ва рушди зеҳниву пешрафтҳоям дар ҷодаи тиб, ҳамчунин, модари бузургворам Урозой Абиёрова дар тарбияи маънавӣ, омӯзиши ҳунару шуғлҳои хонагӣ ва худшиносиву омодагии мо, фарзандон, ба ҳаёти мустақилона нақши меҳварӣ доранд. Аз замони нахустин таассуроту мушоҳидаҳои кӯдакӣ аз муҳити хонаву рустои зодгоҳам, дар симои пурнури модар такягоҳи умедбахшу роҳнамои хирадпешаро тасаввур мекунам, ки аз дидору суҳбатҳои дилнишинашон неруи тозаву эҳсоси хушбинӣ ба зиндагӣ пайдо мекунам.

Муҳаббат ба касб роҳи дурро наздик менамояд, ки ҳамарӯза аз ноҳияи Хуросон ба шаҳри Бохтар рафтуомад дошта, зиёд аз нақшаву пешбиниҳои самарабахши кориам маҳз дар ин масири орзуҳо тарҳрезӣ шудаанд. Ин шоҳроҳи аз равуои мошинҳо мисли рагҳои хунгард ҳамеша дар ҳаракат, ба масал роҳи ҳаётро мемонад, ки ҳамарӯза саршори фикру андешаҳо масофаи аз хона то ҷойи кор бароям ба фурсати як мижа задан баробар менамояд. Бешак, ин лаҳзаҳои бо худ буданҳову натиҷагирӣ аз пешравиҳои касбӣ, васияту корномаи падар чароғи раҳнамоям дар зиндагист, - иброз медорад Бибисанам Абиёрова.

Ҷамолиддин САЙФИДДИН,

ноҳияи Хуросон

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_12_2024_small.pdf [4.5 Mb] (зеркашиҳо: 22)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон