Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Роҳи нур
Аз ҳар бобҲар шахс қиссае дорад, аммо на ҳар қисса арзандаи шунидану хондан аст. Қиссаҳое бо гузашти вақт фаромӯш мешаванд ва ё қиссаҳое низ ҳастанд, ки дар хотири мардум нақш мебанданд, зеро он аз дард, аз мубориза ва аз пирӯзии рӯҳ бархостааст. Зиндагии Сойима Ширинзода маҳз аз ҳамин гуна қиссаҳост, қиссае, ки дар он ҳар саҳифа бо заҳмат, ҳар ҷумла бо сабр ва ҳар калима бо муҳаббат навишта шудаанд.
Дар як гӯшаи ороми Тоҷикистон, шаҳраки зебоманзари Обигарм духтаре ба дунё омад, ки тақдир барояш роҳи осонро интихоб накарда буд, аммо ӯ низ аз ҳамон оғоз роҳи осонро напазируфт. Бо чашмони пур аз орзу ва диле, ки ба фардо бовар дошт, Сойима қадам ба роҳе гузошт, ки на танҳо сарнавишти худаш, балки тақдири садҳо нафарро тағйир дод. Зиндагии ӯ танҳо маҷмӯи воқеаҳо нест, он дарси зинда аз сабр, устуворӣ ва аз инсон будан аст.
Аз кӯдакӣ то орзуҳои бузург
Кӯдакии Сойима дар муҳити одӣ, вале пур аз маънавият сипарӣ шуд. Ӯ миёни хоҳарону бародарон духтари дӯстдоштаи падар буд, духтаре, ки бо ахлоқи ҳамида, эҳтиром ба калонсолон ва меҳру муҳаббат ба наздикон фарқ мекард. Маҳз ин муҳаббати падар ва гармии оилавӣ дар қалби ӯ тухми бовар, масъулият ва орзуҳои бузургро кошт. Аз рӯзҳои аввал дар нигоҳи ӯ шуълаи донишҷӯӣ медурахшид. Таҳсили ибтидоиро дар зодгоҳаш бо баҳои аъло ба анҷом расонд. Ин танҳо як муваффақияти одӣ набуд, балки оғози роҳе буд, ки ӯро ба сӯи комёбиҳо мебурд.
Дар мактаби миёна низ бо ҷиддият ва шавқи беандоза таҳсил мекард. Барои Сойима китоб танҳо маҷмӯи саҳифаҳо набуд, балки ҳамсафари хомӯше буд, ки ӯро ба олами васеи дониш мебурд. Муаллимон дар ӯ истеъдоди хос ва иродаи қавиро эҳсос мекарданд.
Орзуҳояш аз ҳудуди як деҳаи хурд фаротар мерафтанд. Ӯ мехост биомӯзад, бифаҳмад ва дар оянда ба мардум хидмат кунад ва ҳамин орзуҳо буданд, ки ӯро ба роҳи дониш ва худшиносӣ раҳнамоӣ карданд.
Роҳи дониш ва худшиносӣ
Бо орзуҳои баланд ва дили пур аз умед, Сойима ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дохил шуд. Ихтисоси таърихчӣ-ҷамъиятшиносро интихоб намуд. Интихоби касбе, ки на танҳо донистани гузашта, балки фаҳмидани имрӯз ва сохтани фардоро талаб мекунад.Солҳои донишҷӯӣ барояш осон набуданд. Ин айём ба оғози давраи нооромиҳои кишвар, ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ рост омад, аммо маҳз дар чунин шароит иродаи инсон санҷида мешавад. Сойима бо матонат ва бо сабр ба оянда роҳи худро идома дод.
Фаъолияти меҳнатиашро аз мактаб оғоз кард. На танҳо ба маънои касбӣ, балки ба маънои аслӣ Сойима худро омӯзгор эҳсос менамуд. Ҳар як кӯдак барои ӯ як ҷаҳони алоҳида буд ва ӯ мекӯшид то дар ҳар як қалб шуълаи умедро биафрӯзад.
Садоқат ва масъулияти ӯ дар ҷомеа ба назар хӯрд. Соли 1996, дар замоне, ки кишвар аз гирдоби нооромӣ берун мешуд, Сойимаро ба САҲШ-и шаҳри Роғун даъват карданд. Ин даъват танҳо тағйири ҷойи кор набуд, ин эътирофи қобилият ва боварӣ ба ӯ буд.То соли 2011 дар ин самт фаъолият намуда, ҳамчун мудири бахш дар рушди иҷтимоӣ ва ҳалли мушкилоти мардум саҳми арзанда гузошт.
Роҳбаре бо дили мардум
Аз соли 2011 то 2021 Сойима Ширинзода вазифаи раиси ҷамоатҳои Обигарм ва Қадиобро ба дӯш дошт. Ин солҳо саҳифаҳои муҳимтарини фаъолияти ӯро ташкил медиҳанд.Ӯ роҳбаре буд, ки дари ҳуҷраи корӣ ҳамеша барои мардум боз буд. Ба ҳар фард гӯш медод, ба ҳар мушкил роҳи ҳал меҷуст.
– Бароям вазифа танҳо масъулият набуд, балки он қарзи виҷдон буд, — мегӯяд бону Сойима.
Зимни сафари хизматӣ ба шаҳри Роғун ба хубӣ эҳсос мегардад, ки бонувони ин гӯшаи диёр на танҳо фаъол, балки ташаббускору созандаанд. Онҳо бо неруи зеҳнӣ ва масъулияти баланд дар пешбурди ҷомеа саҳми арзанда мегузоранд.Сойима Ширинзода низ дар қатори ҳамин гурӯҳи бонувони пешсаф қарор дорад, зане, ки фаъолияти ӯ бо амалҳои мушаххас ва натиҷаҳои назаррас арзёбӣ мешавад.Аз соли 2022 ӯ дубора ба вазифаи мудири бахши САҲШ-и шаҳри Роғун баргашта, рисолати касбии худро бо эҳсоси баланди масъулият идома медиҳад. Ин бозгашт танҳо идомаи кор нест, балки идомаи роҳест, ки бо таҷриба, бовар ва садоқат устувор шудааст.
Сойима Ширинзода бо қаноатмандӣ иброз дошт, ки имрӯзҳо раванди бақайдгирии ҳолатҳои шаҳрвандӣ нисбат ба солҳои қаблӣ хеле сода ва шаффоф гардидааст. Гузариш ба низоми ягонаи электронӣ кори соҳаро сабук намуда, шаффофият ва дастрасиро барои шаҳрвандон таъмин сохтааст.
– Дар солҳои охир коҳиши ҳолатҳои бекоршавии ақди никоҳ дар шаҳри Роғун ба назар мерасад. Агар ба омор назар андозем, дар соли 2024 шумораи бекоршавии ақди никоҳ 27 ададро ташкил дода бошад, дар соли 2025 ин нишондиҳанда ба 26 адад коҳиш ёфтааст. Хушбахтона, имсол ягон ҳолати бекоршавии ақди никоҳ ба қайд гирифта нашудааст, — таъкид медорад ӯ.
Ин нишондиҳандаҳо танҳо рақам нестанд, онҳо бозгӯи таҳкими арзишҳои оилавӣ ва баланд гардидани маърифати иҷтимоӣ дар ҷомеа мебошанд. Ва дар паси ин пешравиҳо, заҳмати содиқонаи шахсоне чун Сойима Ширинзода нуҳуфтааст, ки бо ҳисси масъулият ва муҳаббат ба мардум фаъолияти худро пеш мебаранд.
«Фарзандон идомаи роҳи модар»
Ӯ тавонист ду фарзанди босавод ва боиродаро тарбия намояд. Ҳар ду бо баҳои аъло мактабро хатм карданд ва дар ин роҳ меҳнати модар беҳуда нарафт.
Писараш донишҷӯи курси чоруми Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино буда, ҳамзамон дар беморхонаи Қарияи Боло фаъолият менамояд — намунаи ҷавоне, ки роҳи хидмат ба инсонро интихоб кардааст.
Духтараш соли 2021 ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» гардид. Айни замон донишҷӯи курси дуюми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ихтисоси ҳуқуқшиносиро меомӯзад.
– Дар симои фарзандон идомаи орзуҳои худро мебинам ва мекӯшам то онҳо дар зиндагӣ мавқеи худро сазовор бошанд, — иброз медорад модари меҳрубон.
Симои зане, ки илҳом мебахшад
Меҳнати содиқона ва фаъолияти пурсамари Сойима Ширинзода бенатиҷа намонд. Соли 2011 ӯ бо медали «Хизмати шоиста» сарфароз гардид. Ин мукофот танҳо як нишона нест, ин рамзи эҳтиром ва қадршиносии ҷомеа ба заҳматҳои ӯст.
Бону Сойима намунаи бонувонест, ки дар баробари ҳама мушкилот тавонистааст ҳамчун инсон устувор боқӣ монад. Ӯ нишон дод, ки қувваи воқеӣ дар дил — меҳр, сабр ва садоқат аст. Ӯ ҳам омӯзгор, ҳам роҳбар, ҳам модар аст ва дар ҳар нақш комёб гардид. Зиндагии ӯ мисли як достони пурэҳсос аст, ки ҳар саҳифааш бо килки меҳнат ва умед навишта шудааст. Вақте номи Сойима Ширинзода садо медиҳад, он танҳо як ном нест — он рамзи ирода, рамзи занони қавӣ ва рамзи хидмат ба мардум аст…
Гулшан ҶӮРАЗОДА
Душанбе — Роғун — Душанбе
Мубодила:
Шарҳҳо












