БОЙГОНӢ

«    Декабр 2024    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

СУҒД: истеҳсоли радиатор-таҷҳизоти гармидиҳӣ

Аз ҳар боб

Дар баробари рушди соҳаҳои дигар, пешрафти соҳаи саноат яке аз самтҳои афзалиятноки Ҳукумати мамлакат буда, солҳои 2022–2026 «Солҳои рушди саноат» эълон шуд.

Ин нуктаро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ иброз намуда, пешниҳод карданд, ки солҳои 2022–2026, яъне то Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Солҳои рушди саноат» эълон гардад.

Дар ин радиф, саноатикунонии босуръат чорумин ҳадафи миллӣ маҳсуб ёфта, мақсади ниҳоии он бунёди корхонаҳои истеҳсолии рақобатпазир бо коргоҳҳои рушдёфтаи хориҷи кишвар, дарёфти мавқеи устувор дар бозори ҷаҳонӣ ва, албатта, бо татбиқи ин барномаи нави миллӣ таъмини теъдоди зиёди қувваи кории мамлакат бо ҷойҳои корӣ мебошад.

Рушди босуръати саноати миллӣ боис ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ғанигардонии буҷети давлат, коҳиши маҳсулоти хориҷӣ, афзоиши иқтидори содиротӣ ва дар умум рақобатпазир гардидани иқтисодиёти миллӣ дар арсаи ҷаҳонӣ мегардад.

Дар ин замина, дар вилояти Суғд тадбирҳои мушаххас роҳандозӣ гашта, дар шаҳру навоҳӣ, аз ҷумла ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар самти саноатикунонӣ қадамҳои устувор гузошта шуда истодаанд. Айни замон, дар ноҳия 184 корхонаи саноатӣ ба қайд гирифта шуда, ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ 5 миллиарду 152 миллион сомониро ташкил медиҳад. Аз рӯи барномаҳои миллии саноатикунонӣ аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бисёр тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Дар сафари навбатии худ, ки санаи 9 апрел дар вилояти Суғд оғоз ёфт, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ташриф оварда, корхонаҳои истеҳсолии ҶДММ «Титан 8888» ва ҶДММ «Муосир Пласт»-ро, ки дар Ҷамоати шаҳраки Ғафуров бунёд ёфтаанд, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Корхонаи нави саноатӣ, ба истеҳсоли радиатор - таҷҳизоти гармидиҳӣ, дегҳои гуногунҳаҷм барои рӯзгор ва чароғакҳои равшанидиҳанда (прожектор) машғул буда, дар он 80 мутахассиси маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардид. Бино ба иттилои масъулин, дар оянда шумораи кормандон зиёд шуда, музди миёнаи меҳнат 2500 сомониро ташкил медиҳад. Дар ин коргоҳ хатҳои муосири технологӣ, ки аз ширкатҳои бонуфузи Чин, Туркия ва Русия харид шудаанд, дар як моҳ аз 500 тонна партови алюминий маҳсулот, аз ҷумла таҷҳизоти гармидиҳӣ, чароғакҳои равшанидиҳанда ва намудҳои гуногуни дег барои рӯзгорро омода менамояд. Ифтитоҳи корхонаи «Титан 8888» барои мардуми кишвар як дастоварди муҳим буда, акнун бештар аз 50 фоизи талаботи бозори дохилӣ бо таҷҳизоти гармидиҳӣ, дегҳои гуногунҳаҷм ва чароғакҳои равшанидиҳанда аз ҳисоби маҳсулоти худӣ таъмин карда мешавад. Ба корхонаи мазкур ашёи хом аз ҳудуди ҷумҳурӣ дастрас гардида, дар печҳои махсус коркард шуда, раванди иҷрои корҳои марбут ба қолаббандӣ, суфтасозӣ, рангубор, васлу насби қисмҳои алоҳида, инчунин, банду бас¬ти маҳсулоти тайёр дар коргоҳҳои алоҳида мутобиқ ба меъёру талаботи замон сурат мегирад. Масъулони корхона азм доранд, ки дар оянда талаботи аҳолӣ, ташкилоту муассисаҳои кишварро ба инобат гирифта, ҳаҷму номгӯи маҳсулотро зиёд намоянд ва дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар ва Хоруғ мағозаҳои фирмавии худро таъсис диҳанд. Ҳамзамон, ҷиҳати содироти маҳсулоти тайёр - таҷҳизоти гармидиҳӣ, дег ва чароғакҳои равшанидиҳанда ба хориҷи кишвар нақшаҳо тарҳрезӣ гардида, дар ин самт бо як қатор ширкатҳои тиҷоратии Россия ва Озарбойҷон шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонда шудаанд. Ба кор даровардани корхонаи саноатии ҶДММ «Титан 8888», ки дар Тоҷикистон аз аввалин истеҳсолкунандагони радиатор - таҷҳизоти гармидиҳӣ, дегҳои ҳаҷму андозаашон гуногун барои рӯзгор ва чароғакҳои равшанидиҳанда ба ҳисоб меравад, дар роҳи рушди истеҳсолоти ватанӣ, инчунин, ташкили ҷойҳои кории нав иқдоми басо муҳим аст.

Дар ҳақиқат, солҳои охир ҳадафи чоруми стратегӣ - саноатикунонии босуръати кишвар, хеле босуръат ҷараён гирифта, дар вилояти Суғд чандин корхонаҳои хурду миёнаи саноатӣ ба фаъолият пардохтанд. Ин имкон фароҳам овард, ки нафарони бекор ба кори доимӣ таъмину сатҳу сифати зиндагии мардум рӯз аз рӯз хубтару беҳтар гардад.

Г. МАҲКАМОВА,

ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

 

 

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_11_2024_small.pdf [5.23 Mb] (зеркашиҳо: 14)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон