БОЙГОНӢ
« Апрел 2025 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷъ | Шб | Яш |
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 |
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Бонуе, ки шаҳр месозад
Аз ҳар бобБорҳо аз гузаргоҳҳои нави зеризаминии меҳмонхонаи “Душанбе” ва бозори “Саховат”-и шаҳри Душанбе гузаштаем. Сохтмони гузаргоҳҳои зеризаминӣ ба таъмини бехатарии ҳаракати нақлиёт ва пиёдагардон дар пойтахт мусоидат менамоянд. Оё медонед, ки сохтмони ин гузаргоҳҳо кори дасти як бонуст? Дар зимн, чанд километр роҳҳои кӯчаҳои шаҳри дилорои Душанбе ва дигар ватангӯшаҳои диёрро ҳам ин бону тахту ҳамвор намудааст…
Аз хурдӣ Гулшан Сониева мехост корманди низомӣ бошаду дар осоиши мардуми Нуробод саҳм бигирад. Замони кӯдакияш ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ рост омадаву ин айёмро бо хотираҳои камранг ёд мекунад…
Гулшан дар оилаи зиёӣ ба камол расидаву ба илм муҳаббати бештаре дошт. Модарро руҳу қалби хонадон мегӯянд. Хонаро муҳаббати модар, меҳрубонии падар зеб медиҳанд. Гулшан дар чунин муҳити хонавода ба камол расиду дӯстдориву эҳтиромро аз он пайдо намуд. Волидон ба интихоби ҳар панҷ нафар фарзанд эҳтиром гузоштанду ҳар якеро ба самти интихобнамуда роҳнамоӣ намуданд. Гулшан аввалин духтаре аз минтақаи Рашт буд, ки ба Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ дохил шуд. Ӯ тариқи Квотаи президентӣ соли 2002 барои таҳсил ба Душанбе омад. Донишҷӯи фаъоли факултети муҳандисию иқтисодӣ буд. Донандаву дидадаро буд, ки аз замони донишҷӯӣ барои ҳамкорӣ ба Институти лоиҳакашӣ ба кор даъваташ намуданд. Баъди хатми Донишгоҳ ба зодгоҳ баргашт. Пас аз чанде ҳис намуд, ки дар кор дар муҳити минтақа барои бонуи сохтмончӣ созгор нест. Аксарият ин пешаро касби мардона меҳисобиданду ба занон эътимод кам буд. Дарвоқеъ, рақамҳо мегӯянд, ки фаъолияти занон дар ин самт хеле кам аст. Аммо вай исбот намуд, ки зани тоҷик метавонад дар ҳар самте мутахассиси воқеӣ бошад ва ба осонӣ аз уҳдаи ҳалли ҳама гуна мушкилот ва иҷрои вазифаҳо барояд.
Гулшан дубора ба Душанбе баргашту дар “Сохтмони махсус” ба кор қабул шуд. Маҳз дар ҳамин давра дар бунёд намудани МТМУ № 3, Қасри теннис ва гузаргоҳҳои зеризаминии Душанбе саҳмгузор аст. Ҳоло ӯ дар Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Заводи асфалт - бетони шаҳри Душанбе” пайи кор асту дар ободгардонии Ватан саҳмгузор.
Баъзан барои сари вақт ба анҷом расондани нақшаҳо шабона баробари ҳампешаҳо ба кор мебароям. Вақте кор ба сомон мерасад, худро хеле хушбахт меҳисобӣ. Ба касбам муҳаббат ва садоқат дорам, баъзан хумори корҳои анҷомдода мегирад ва барои тамошо ба он роҳҳои сохташуда: роҳи тарафи деҳаи Лолазори Данғара, шаҳри Роғун, роҳи кӯчаи Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ, тарафи бозори “Корвон” ва роҳи тарафи бинои Хадамоти гумрук меравам. Як ҳисси аҷибе маро фаро мегирад, ки дар ин ободгариҳо каме ҳиссаи кори ман ҳам ҳаст… Мефахрам, ки бонуи муҳандиси роҳсозам. Хурсандам, ки дар ободонии як гӯшаи диёр каме ҳам бошад ҳиссагузорам, - бо табассум иброз медорад Гулшан.
Лаҳзаҳои кории бонуи роҳсоз басо гуворост, ки як бонуи тоҷик хароҷоти роҳро ҳисобу китоб намуда, бо 20 то 30 нафар мард бо техникаҳои азиме кор мекунад.
Ҳеродот асрори бузурги мардуми ориёиро ҷустуҷӯ намуда, омили асосиро дар анъанаи неки тарбияи фарзанд ва муҳаббат ба Ватан дидааст. Ин хислатҳоро дар симои Гулшан Сониева метавон дид. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: “Мо як рукни умда ва созандаи низоми тарбияро дар муҳити хонаводагӣ мебинем. Дар ин ҳалқаи сегона, агар оила ё хонавода рисолаташро бо камоли масъулият ба сомон расонад, дар парвариши инсони комил, оқилу донишманд, ватандӯсту ватанпарвар кӯшиш ба харҷ диҳад, натиҷаи матлуб ба даст меояд. Ва, агар ҷомеа таъсир расонад, мақоми таълиму тарбия боз ҳам устувортар мегардад”.
Бурди дигари Гулшан Сониева он аст, ки оилаи солим дораду шавҳари меҳрубон ва барои ду фарзанд модари маҳбуб. Бо маслиҳату машварати ҳамдигарӣ ҳаёти бобаракату пур аз ҳусни тафоҳум доранд. Мисли тамоми модарони дунё сулҳу оромии Ватан ва сиҳативу хушбахтии фарзандону наздиконро орзу доранд.
Истиқлоли давлатӣ тавонист барои зани тоҷик озодандешӣ, зиндагонии шоиста ва имконияти муфид фароҳам оварад. Дар замони истиқлолият занону духтарон тавонистанд дар дилхоҳ соҳа фаъолияти самарабахш намоянд. Имрӯз зани тоҷик, дар баробари модару ҳамсари хуб будан, инчунин, роҳбар, муҳандис, ронанда, корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ асту саҳми худро дар пешрафти Ватану осоиши миллат гузошта истодааст.
Фарзона ВОСЕЕВА
Мубодила:
Шарҳҳо
