Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
7 бонуи бузург, ки ҷаҳонро тағйир доданд
Аз ҳар бобОнҳоро дунё мешиносад. Дар бораашон китобҳо менависанду филмҳо таҳия менамоянд. Ҳамааш ба хотири он аст, ки иродаи қавӣ, зебоӣ ва шуҷоати фавқулоддаашон ба эшон кӯмак кард, то аз сарҳадҳои сохтаи ҷомеаи мардсолор болотар бираванд ва ба уфуқҳои тозаи зиндагӣ назар андозанд.
1.Клеопатра
Беш аз ду ҳазор сол аст, ки исми малика Клеопатра дар таърих маъруф аст.
Клеопарта Vll Филопарта охирон маликаи Мисри қадим аст. Пас аз як силсила подшоҳони заифу бепарво, ниҳоят як ҳокими қавӣ ва боирода ба тахти Миср нишаст. Аммо ин аллакай замоне буд, ки Миср рӯ ба таназзул оварда буд ва Рим чун давлати пуриқтидору забткунанда шинохта мегардид. Дар он вазъият заволёбии давлати пуриқтидори Миср ногузир буд. Бо вуҷуди ин, Клеопатра барои тахти худ ва озодии давлаташ то охир мубориза бурд.
Елена дар мифологияи юнонӣ чун рамзи зебоӣ ва дар фарҳанги муосир чун зеботарин зан шинохта шудааст.
Омӯзиши зиндагиномааш чун шахсияти аҷибу муҳими таърихӣ барои муаррихон ҷолиб аст. Вай ҳамсари Менелай, подшоҳи Спарта буд, ки бо ҳусни зебо ва хислатҳои хосаш байни мардум шӯҳратманд буд.
Маъруфияти Елена бо ҷанги Троя алоқамандӣ дорад. Вай ба Парис, шоҳзодаи Троя, муҳаббати амиқе пайдо кард, ки он сабаби оғози ҷанги Троя гардид, ки 10 сол идома ёфта сабаби аз байн рафтани Троя гардид.
3. Жанна д'Арк
Жанна - қаҳрамони миллии Фаронса, ки дар охири асри ХV, дар давраи ҷанги Фаронса ва Англия зиндагӣ карда, дар синни 17-солагӣ худро ҳамчун “пешвои илоҳӣ” муаррифӣ намуд ва бовар дошт, ки баргардонидани подшоҳи Фаронса - Шарл Vll ба тахт аз рисолатҳои ӯст. Ин корро соли 1429 ба анҷом расонид, аммо соли 1431 дар синни 19-солагӣ барои таассуби динӣ сӯзонида шуд.
Жанна д'Арк пас аз марг чун қаҳрамони миллии Фаронса эътироф гашт.
4.Индира Гандӣ
Сиёсатмадори машҳури ҳиндӣ ва аввалин зане, ки дар вазифаи нахуствазири Ҳиндустон хидмат кардааст. 19-уми ноябри соли 1917 дар оилаи Ҷавоҳарлал Неру аввалин нахуствазири Ҳиндустон таваллуд шудааст. Вай ба рушди иқтисодии кишвар, инқилобҳои аграрӣ ва модернизатсияи соҳаҳои гуногун диққати махсус зоҳир менамуд.
Яке аз воқеаҳои муҳими даврони ҳукмронии Индира Гандӣ, оғози ҷанги Бангладеш буд, ки дар соли 1971 иттифоқ афтод. Соли 1984 душманонаш ӯро ба қатл расониданд.
Индира Гандӣ чун шахсияти муҳими таърихие шинохта мешавад, ки таъсири амиқе ба сиёсат ва ҷомеаи Ҳиндустон гузоштааст.
5.Маргарет Тетчэр
Сиёсатмадори бритониёӣ, нахустин зане, ки дар вазифаи нахуствазири Британияи кабир хизмат кардааст. Солҳои 1979-1990 бо сиёсати консервативии худ байни ҷомеа шуҳрат пайдо кард. Кӯшиш мекард, ки иқтисоди Британияро аз бӯҳрони солҳои 1970-ум наҷот диҳад. Сиёсати Тетчэр асосан ба ислоҳоти иқтисодӣ, хусусигардонӣ, коҳиш додани нақши давлат дар иқтисод ва мубориза бо синдикатҳо равона шуда буд.
Тетчэр соли 1990 аз вазифа истеъфо дод.
6.Модар Тереза (Агнесса Гонжа Бояджи)
Зиндагӣ ва фаъолияти ин бону таъсирбахш аст. 26 августи соли 1910 дар Македония таваллуд шуда бошад ҳам, ба як гуруҳи кӯмак барои бенавоён пайвасту ба Ҳиндустон рафт. Бо меҳнат ва талошҳои худ дар соҳаи хайрияи иҷтимоӣ шуҳратмнд гашт ва барои хизматҳояш дар назди инсоният ҷоизаи Нобели Сулҳро (1979) гирифт.
7.Шоҳзода Диана
Соли 1981 бо шоҳзода Чарлз, вориси тахти Британия Кабир издивоҷ кард. Ҳамчун шоҳзодаи Уэлс бо хислатҳои меҳрубонӣ, фидокорӣ ва фаъолиятҳои хайриявӣ шуҳрат пайдо кард. Кӯмак ба беморон, гирифторони бемориҳои ВИЧ/СПИД, кӯдакони гурусна, ҳатто бенавоёни берун аз Британияро аз вазифаҳои асливу инсониаш меҳисбид. Диана бар асари як садамаи автомобилӣ ба ҳалокат расид, ки он рӯз тамоми мардуми Британия мотам доштанд.
Таҳияи Гулноз
Мубодила:
Шарҳҳо
