БОЙГОНӢ

«    Июл 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Дунёи гулҳо

Аз ҳар боб

Гул ба инсон ҳисси муҳаббат, хушбахтӣ, шодии беканор оварда, ороишгари ҳаёт ба шумор меравад. Зебоии гул ба зан илҳом бахшида, барои табъи нозук ва руҳи зебояш табиати хосеро эҷод мекунад. Гулҳо, сарфи назар аз шакл, ранг ва бӯй аҷибанду ҳамеша намояндаи ҷинси латифро пурра месозанд.

Гулу зан бо ҳам тавъам буда, яке аз беҳтарин офаридаҳои табиат ба шумор мераванд. Гулҳо дар ҳаёти Танзила низ яке аз падидаҳои махсус маҳсуб меёбанд, зеро вай аз хурдӣ ба гул меҳр дошту гулҳо қисми ҷудонашавандаи рӯзгори ин бонуи шаҳритусӣ буд. Аз ҳамон давр гулпарварӣ дар қалбаш маъво гирифт.

- Парвариши гулу рустаниро аз падар омӯхтем. Қиблагоҳ, ки  агроном буд, ба замин дилбастагӣ дошт. Рӯзҳои зиёдро ба шинондани гулу ниҳол сарф мекард. Медидем, ки падару модарам ба нигоҳубини гул машғуланд, ҳамин гуна шиносоии мо бо гул оғоз шуд. Гулдӯстдории падару модар ман ва ду хоҳару бародарамро бетараф нагузошт. Шавқу завқ ва меҳри беандоза бастем ба олами наботот. Тарзи дурусти нигоҳубини гулу бутта ва сирру асрори онро омӯхтем. Имрӯз низ ин пешаи аҷдодиро давом медиҳем, - мегӯяд бонуи гулпарвару нозукхаёл.

Фарзанди нахустини хонадон Танзила Нормуминова 11-уми июни соли 1977 дар деҳаи Бинокори ноҳияи Шаҳритус ба дунё омадааст. Дар давраи мактабхонӣ бештар ба фанни биология таваҷҷуҳ зоҳир намуда, мехост ҳуҷҷатҳояшро ба факултаи табиатшиносӣ супорад. Падараш Тоҷимурод Нормуминов ҳамеша майлу хоҳишҳои духтарашро иҷро мекард. Аз сабабе, ки овони хатми мактаб ба давраи нооромиҳои кишвар рост омад, модараш Зумрат Нормуминова зидди таҳсили духтар баромад.

Танзила сухани зодмандонро ба замин нагузошта, барои издивоҷ бо ҷавони хушкардаи онҳо розигӣ дод. Ба бахташ шавҳараш Нуриддин Насруллоев марди хушрафтору хушмуомила баромад. Хонаи шавҳарро гулҳои рангорангу ниҳолони борвару сояафкан шинонда ба бӯстон табдил дод. Бо маром аҳли оилаи шавҳар ба гулпарварии арӯси хонадон одат карда, ба ин касб моил шуд.

Гарчанде имрӯз як писару се духтари хонадон соҳибкасбанд, ҳамоно муҳаббати гулпарварӣ дар дилашон аланга зада, дар манзилҳояшон боғҳои ободу зебо бунёд намудаанд.

Фарзанди калониам Нурулло Насруллоев риштаи тибро ба итмом расонда, феълан ҳамчун асабшинос дар Маркази ташхисӣ ва табобатии «Оиша»-и ноҳияи Шаҳритус фаъолият менамояд.

- Духтаронам Маряму Малика низ ба пайроҳаи бародар рафта ҳамшираи шафқат шуданд. Духтари хурдиам Таҳмина имсол Коллеҷи тиббиро ба итмом расонд. Гарчанде худам маълумоти олӣ нагирифтаам, имрӯз аз он меболам, ки фарзандонам дар ҷамъият кор мекунанд, - бо ифтихор мегӯяд бонуи зебоиофар.

Гулпарварӣ дар мадди аввал кори осон намояд ҳам дар асл парвариши гулу буттаҳои рангоранг заҳмату талошҳои зиёдро талаб мекунад. Бояд бо сабру заҳматкаш ва боматонат буд.

-Барои ҳосили хуб рӯёндан, гул навозишу меҳрубониро мепарастад. Гулҳо мавҷуди зинда буда, ҳама чизро эҳсос мекунанд. Саҳар аз хоб хеста, чанд муддатро дар назди гулҳо гузаронда бо онҳо суҳбат мекунам. Дар нигоҳубини гулҳо истифода бурдани нуриҳои табииро афзалтар медонам. Аз пӯсти мева ва пӯчоқи тухм беҳтарин нурӣ омода месозам, ки барои гул фоидаовар аст,- иброз дошт вай.

На танҳо саҳни ҳавлии Танзила аз гулҳои рангорангу ҳайратангез пур, балки дохили ҳуҷраҳояш низ моломол аз тубакҳои гуланд. Ин бонуи зебоидӯстдор мекӯшад, ки сафи гулҳои ороишиаш зиёд гардаду кораш дар ин соҳа бештар рушд кунад. Ҳунар симу зар, баракати зиндагӣ, даромади рӯзгор ва рӯи сурху сари баланди инсон ҳисоб мешавад. Меҳнатдӯстӣ Танзиларо ба қуллаҳои мурод расондааст. Саҳми ӯ дар чорабиниҳои ноҳиявию ҷумҳурӣ зиёд аст. Гулҳои рангорангаш ҳамеша ородиҳандаи чорабиниҳо мебошанд.

- Муҳити хонаводагӣ низ метавонад ба гул таъсири зиёд расонад. Кошона, агар аз меҳру муҳаббат пур бошаду дар фазои хона ҳамдигарфаҳмӣ ҳукм ронад, дар чунин муҳити созгор гул зеботару шукуфонтар мегардад. Агар низову бадмуомилагӣ ба миён ояд, он гоҳ гул низ пажмурдаву хазон мешавад. Табъам хира бошад, гулҳо онро ҳис менамоянду аз шукуфтан мемонанд. Он замон мекӯшам то табъамро хуш гираму гулҳоро бинавозам, - баён дошт бонуи гулпараст.

Танзила меҳнати ҷисмониро гарави саломатӣ ва дарозумрӣ шумурда, доим дар такопӯ аст. Самараи заҳмати шабонарӯзиаш боғи афсонавӣ ва ризқу рӯзиаш мебошад, ки ҳама ҷо, долону ҳавлӣ ва ҳуҷраҳои зисташро сабзаву гулҳои хушбӯй зеб мебахшанд.

Бо меҳнати ҳалолу рафтори шоистааш Танзила дар ноҳияи Шаҳритус соҳиби обрӯю мақоми хоса гаштааст. Ӯ чун кадбонуи ғизоҳои миллӣ низ ном баровардааст. Дар гирду атроф варо ҳамчун зани зиккакор мешиносанд.

Шаҳритус бо иқлими мусоидаш мавзеи беҳтарин барои боғдориву гулпарварист. Заминҳои ноҳия ҳосилхез мебошанду дар иқлими гарми он ҳамаи намуди зироатҳо, сабзавоту гулу бутта ҳосили фаровон меоранд. Аз таҷрибаи бонуи гулпарвар бармеояд, ки дар тамоми фаслҳои сол метавон гулҳои ороиширо нигоҳ дошт. Дар баробари гулҳои ороишӣ, боз дарахтони мевадори тропикӣ низ сабзондааст, гармхонаи гулпарвариаш ҳам фаъол аст.

Ҳар касе, ки вориди ҳавлии Танзила мегардад, гулу буттаҳо ва дарахтони борвару ороишии сабзу хуррами бо ноз парвардаи ин зани равшанзамирро дида, чашмаш аз он ҳаловат мегираду машомаш пур аз накҳат мегардад, меҳраш ба ин зани фариштасурат афзуда, ба зебоипарастиву заҳматқариниаш таҳсин мехонад.

- Гулҳоро азиз медонам ва танҳо дар байни онҳо руҳам ором мегираду вақтам хуш мешавад. Ҳама мушкилиҳои зиндагиро фаромӯш мекунам. Гулҳо ҳамдаму шарикам буда, ҳамеша бароям розшунав мебошанд. Гулҳоям зиндагиамро ранги дигар медиҳанду хосияти шифобахшӣ доранд, - изҳор медорад Танзила Нормуминова.

Барои гулкор беҳтарин туҳфа гул ба шумор меравад. Ин бонуи хушзавқу хушкор, дар баробари гирифтани гул, тақдим кардани онро низ дӯст медорад. Ба пиндори ӯ, гул дилхоҳ нафарро хушҳолу болидаруҳ мегардонад, зеро гулҳо неруи ҷозиба доранду дилҳоро рӯшан ва руҳро ором месозанд.

М. БАЛАҶОНОВА,

Душанбе-Шаҳритус-Душанбе

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_06_2025_small.pdf [3.99 Mb] (зеркашиҳо: 3)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон