БОЙГОНӢ

«    Август 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Зардолу - манбаи даромад

Аз ҳар боб

Мошин дар масофаи начандон дур аз маркази ноҳияи Айнӣ назди ҳавлии хоксорона, аммо васеи хушҳаво қарор гирифт. Аз самти рост домани кӯҳу пушта, аз чап бошад, дар нишебии тақрибан ду метр, боғи зардолуе доман густурдааст. Ҳавои тозаи кӯҳистон, сояи ғафси дарахтони бешумор, чеҳраҳои боду офтобхӯрда, аммо гарму самимии мардуми заҳматкаши ин минтақаву кӯҳӣ зуд ба дилҳо нишаста, ҷисму рӯҳро ба хоку гил, ба табиати дилфиреб наздик месозад.

170 адад дарахти зардолуи ин боғ, ки дар масоҳати як гектар қад кашидааст, ѓарқи мева, бо рангҳои зарду сурху сабзу норанҷӣ. Чашмам ба канори ҳавлӣ меафтад, ки рӯи тахтае ғӯраҳои андаке пухтаро аз донаҳо ҷудо карда, чидаанд. Ҳайрону суоломез ба соҳибхона менигарам. Маҳмаднадир Шарифов, ки паҳлуи ҳамсараш Оимгул Каримова меистод, рамуз гирифта, гуфт:

 

– Зардолуҳои нимпухтаро шамол мерезонад. Саҳару бегоҳ мечинему аз донаҳо ҷудо карда, мехушконем. Ба халтаҳо мегирему зимистон бо сабӯс омехта, ба чорво медиҳем. Намегузорем, ки мевае аз боғ талаф ёбад.

– Дар як мавсим чӣ қадар ҳосил ба даст меоред? – суол мекунам аз ӯ.

– Қариб 60–70 тонна зардолу мечинем ва то 4 тонна хушк мекунем. Аз 7–8 кило зардолу ҳамагӣ як кило ғӯлинг мешавад, – мегӯяд ӯ.

Ба сӯи дарахтони бешумор ва меваҳои он нигариста, тааҷҷубам боло мегирад, ки то чӣ андоза заҳмат мебояд, то донае аз ин боғистон талаф нагардад.

Оимгул, ин бонуи бо меҳнат обутобёфта, ки аз хатҳои ҷабинаш осори заҳматро осон метавон хонд, то ин дам шармидаву хомӯш буд, ки гуфт:

– Дар боғ ғайр аз зардолу боз 20 дарахти себ ва 16 тана бодом дорем. Асосан чор навъи зардолу парвариш менамоем: қандак, чарма, маҳтобӣ ва ширпайванд. Зардолуи мағзталхак низ ҳаст, аммо мевааш ширин. Ҳамин, ки пухта расид, бӯи харбуза мекунад. Аз он ғӯлинги нағз мешавад. Чанд дарахти бодомталх ҳам дорем, ки вақте хушк шуд, аз дарахт афшонда, мегундорем. «Доругӣ» гуфта, харидорон меоянд.

Суҳбат дар зардолузор, зери вазиши сабуки боди сарсарӣ ва ҷунбиши маҳин-маҳини баргҳои дарахтону накҳати гуворои зардолуҳои навпухта гарм шуд. Маълум гардид, ки боғро падари Маҳмаднадир бо номи Маҳмадзакир бунёд намудаанд. Баъди реҳлати ӯ аз соли 2006 боғпарварӣ ба ӯҳдаи онҳо вогузор шуд. Хоҷагии деҳқонии «Маҳмадзакир»-ро таъсис доданду Оимгулро раиси хоҷагӣ таъин карданд, зеро ба кори боғу боғдорӣ асосан ӯ масруф аст. Ҳамсараш Маҳмаднадир дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ҳамчун ронанда фаъолият мебарад ва фориғ аз кор то ҷое метавонад, ба ҳамсараш ёрӣ мерасонад. Панҷ фарзанду набераҳо ҳам паҳлуи Оимгул ростанд. Ҳар мавсим ниҳолу дарахтонро нуриҳои маҳалливу маъданӣ дода, шоху навдаҳоро ба тартиб меоранд, бехи дарахтонро нарм ва қариб 10 маротиба обёрӣ мекунанд. Ғайр аз ин, аз ҳашароту бемориҳо дарахтонро ҳифз карда, ба мавсими зимистон омодагӣ мегиранд.

– Агар парвариши дарахти зардолу хуб ба роҳ монда шавад, он метавонад то сад сол умр бинад ва ҳар бехи он аз 90 то 500 кг ва аз ин зиёдтар ҳосил бандад. Зардолу гармиро дӯст медорад, муғҷааш метавонад аз сармои моҳи феврал ва гулаш моҳи март аз боронгарӣ осеб бинад. Аз мағзи донаи он метавон равған гирифт, ки барои нест кардани ожанг ва доғҳои рӯй муфид аст. Мағзи талхаш меъдаро пок карда, заҳри баданро мебарад. Меваи тару хушки онро ҳамчун ғизо истифода бурда, аз онҳо мураббо, зардолуоб, мармалад, шарбат ва ғайра тайёр мекунем. Зардолуро «зарддору» ҳам мегӯянд, ки воқеан барои дил муфид буда, фишор ва ҳарорати баданро муътадил нигоҳ медорад. Шоху кундаҳои дарахти зардолуро ҳезум карда, хазонашро ҳамчун хӯроки серғизои чорвои хонагӣ ва тагандоз истифода мебарем, – баён дошт бонуи заҳматпеша.

 

Маҳсули заҳмати дасти онҳо мизоҷони худро дорад, ки асосан чанд тан соҳибкор аз шаҳри Исфара мебошанд. Як килограмм зардолуро то ду сомонӣ харида, онҳоро ба таври махсус мехушконанд, ки зарди рӯшан ва болаззат мегарданд. Аз ин ҳисоб хонаводаи Маҳмаднадир фоидаи хуб ба даст меорад.

– Зардолуҳоро дар куҷо мехушконед? – мепурсам аз Оимгул.

– Ҳо, ана, дар он доманаи кӯҳ, – ба самти рост ишора мекунад ӯ. Дар поини кӯҳ пушта дорем. Зардолуҳоро ба навъҳо ҷудо карда, ҳар кадомаро алоҳида дар ҳавои кушод, болои сангрезаҳои зиёд, ки қаблан тунук карда мондаем, мегузорем. Зери таъсири нурҳои офтоб ва сангтафс зардолуҳо зуд мехушканд.

Ҳоло дастгоҳҳои зардолухушкгарӣ зиёд шудаанд, ки дар баъзе хоҷагиҳо онро ба кор мебаранд. Мо аз хушккунаки табиӣ истифода менамоем, – бо табассум мегӯяд Маҳмаднадир.

– Нурҳои офтоб пӯсти зардолуҳоро сиёҳ намекунанд? – мепурсам боз.

– На, аз нури офтоб ғӯлингҳо сиёҳ намешаванд. Танҳо, агар борон зиёд борад, ғӯлингҳо тираранг мешаванд. Аммо вақте мебинем борон аст, дарҳол болои зардолуҳоро бо селлофан мепӯшонем. Агар борон набошад, ғӯлингҳо пӯсти зарди рӯшани худро нигоҳ медоранд.

На танҳо зардолу, балки ғӯлингҳо ҳам харидорони зиёд доранд. Як килограмм ғӯлинги қандакро 30–40 сомонӣ ва боқимондаро як сомонӣ, як сомониву бист дирам мефурӯшем. Баъзе соҳибкорон, бештар дар Исфара ва Конибодом донаки ғӯлингҳои қандакро шикаста, ба даруни онҳо чормағз, бодом, мавиз ва дигар донаҳо меандозанду қайсӣ таҳия мекунанд. Ғӯлингҳоро барои зимистон низ захира менамоем. Онҳоро даруни зарфҳои обгирии пластикӣ пур карда, даҳонашонро маҳкам мебандем. Зимистон, вақте мекушоем, ғӯлингҳо нарму мулоиму хушхӯранд. Ҳар сол то 40–50 зарфро пур менамоем. Набераҳоям ғӯлингро дӯст медоранд ва зимистон бо иштиҳо мехӯранд, – меафзояд Оимгул.

Пас аз суҳбати гарму самимӣ ин бонуи дар меҳнат қавӣ табақе пури зардолуро шусту пешам гузошт. Маззаи ширину андаке бо туршии форам омехтаву бо накҳати зардолуҳо ба комам таъми гуворо мебахшад, мисле ки рӯи дилам рӯшан мегардад.

Ба дастони офтобдидаву сабзгун ва аз ѓояти меҳнат мисли пӯлод сахтгаштаи Оимгул менигараму мисраи шоир «сано бодо ба занҳое, ки марданд» маро ёд меорад. Воқеан, сано ба заҳматкашоне, ки хони мардумро аз маҳсулоти тару тозаи ватанию ғанӣ гардонда, ба ин тариқ некуаҳволии пайвандонро фароҳам меоранд ва дар густариши яке аз ҳадафҳои олии мамлакат – таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда мегузоранд.


Ситора АШӮРОВА,

Душанбе – Айнӣ – Душанбе



Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_08_2025_small_.pdf [4.18 Mb] (зеркашиҳо: 10)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон