Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Шоҳроҳи саодат
Аз ҳар бобҚалбе саршори як баҳр туғёни орзуҳои худсозӣ, ҳушу ҳавсалаи кордониву корсозиҳои ояндадораш аз неруву тавонмандиҳои модари пурдиле дарак медиҳад, ки бо сабру таҳаммул ва саъю талошҳои тулонӣ тифлакони аз меҳру сояи падар бенасибмондаро аз вартаи нодорӣ ба дороиву мартабаи худшиносӣ расондааст. Асрори ҳунармандиву иродаи бузургашро ба исми дугонааш Бибифотимаи Заҳро рабт медиҳанд, ки гӯӣ ба ҷойи ду тан зиндагӣ дорад. Сароғози суҳбат аз эҳсоси андӯҳи бузурги овони хурдсолиаш ёдовар шуд, ки баъди реҳлати ногаҳонии падар 8 кӯдаки ноболиғ бо модари муштипар дар нимароҳи зиндагӣ монда буд.
Саргузашти дилгудози модар, ки дар шебу нишеманҳои рӯзгори сангину ба қавли ҳамсояҳо тарбияву сариштаи як хона кӯдак, ба гоҳе аз бечорагӣ лаб накушода буд, барои Фотима мактаби муҳими зиндагист. Ба гоҳи қиссапардозиҳои дилгудоз нигоҳи оинабандаш дар растаи сарсабзи гулбуттаҳои саҳни ҳавлӣ фурӯ мерафт…
Онҳо дугоник ба дунё омада буданд ва ба хотираи фавти ҳамзодаш ӯро Бибифотимаи Заҳро ном мебаранд. Гардишҳои ноҳамвори қисматро монои ҳамсолонаш дар баҳори 17-солагӣ таҷриба бинмуд, ки ба аҳкоми қолабӣ дар арафаи хатми мактаб ба шавҳар баромад. Дар он солҳои беҳуқуқии занону духтарони деҳотӣ мафҳуми «ҷойгоҳи зан кунҷи хона» ба ҷуз сарбориҳои хонаводагиву заҳмати кори саҳро мазмуни дигар надошт. Фотима баъди андак рӯзҳои наварӯсӣ ба кори саҳро баромад, ки он шабу рӯз пешбурди соҳаи пахтакорӣ бидуни заҳмати дастии бонувон имконнопазир буд. Бо ҳама мушкилоти норасоии техникаи кишоварзии солҳои баъди ҳаводиси шаҳрвандӣ, модароне мисли Фотима бо сабру қаноат ва шукргузорӣ аз паёми сулҳи дар роҳ, баҳри барқарорсозии дубораи соҳаи кишоварзӣ ва истеҳсоли пахта заҳмати мардона мекашиданд.
Аз соли 1995 дар фермаи шириву молии пешина колхози ба номи Ленин ҳамчун говдӯш фаъолият бинмуда, гумон надошт, ки рӯзе хоҷагиҳои овозадор барҳам мехӯранд ва дар марҳалаи гузариш ба шакли нави хоҷагидорӣ мисли ӯ коргарону колхозчиёнро чӣ интизор аст. Дар ҳамон давраи мушкилиҳои зиндагӣ падари фарзандонаш ҳам ба баҳонаи дарёфти қути лоямут ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафту бори рӯзгор бар дӯши Фотима уфтод. Ҳамдеҳагони гуногунмиллат, ки аксарият ба тиҷорату ҳар гуна фаъолиятҳои соҳибкорӣ машғул буданд, ӯро дар коргоҳҳои нонпазиашон ҳамчун ёвар ба кор гирифтанд.
Тавре иқрор меояд, ғайри кори асосӣ, заҳмати хамиршӯрӣ ва дар раставу бозорҳо ба фурӯш баровардани нонро ҳам бар зимма дошт. Солиён ҳиссае аз ҳақмуздашро хазина кард ва дар ин миён фориғ аз корҳои нақдмузд, нозукиҳои нонпазиро ба фарзандон омӯхт. Подоши ранҷу машаққати мардикорӣ ва коромӯзиҳои ба фарзандонашро, ки хушбозиҳои кӯдакиро ба кори хонаву дастёрии модар бахшида буданд, ахиран ба ташкили коргоҳи нонпазӣ муяссар гашт. Бартар аз дигар дуконҳои нонпазӣ, ҳамакнун, ҳунармандони коргоҳи хонагии «Фотима – Заҳро» бо завқу муҳаббати беканор нону кулчаҳои хушлаззат омода месохтанд, ки дар бозорҳои ноҳия харидорони худро дарёфт.
Ба гуфти Фотима Сайфиддинова, дар оғози фаъолияти соҳибкорӣ ва ташкили коргоҳи нонпазӣ, модараш роҳнамову ҳам сармоягузори беминнате буд, ки мисли духти хурдиаш аз ҷавонӣ ранҷу азоби тарбияву ба воя расондани фарзандони аз падар ятиммондаро паси сар кардааст. Бо ҳидояти модар ва дастгирии молиявии бародарон, ки дар муҳоҷирати корӣ қарор доштанд, ҳунарҳои нонпазиро равнақ дод. Дар соли аввали афзудани муштариёни маҳсулот ва даромаднокии нонпазхона аз ҳисоби ҷавонони маҳалла, ба хусус бонувони хонашин, шумораи коргаронашро зиёд кард. Гузори рушду сайқали ҳунарҳои нонпазӣ се духтару як писари Фотима донишу таҷрибаи тиҷоратӣ андӯхта, кунун оиладору соҳиби хонаву дар, коргоҳҳои алоҳидаи нонпазиву дигар навъ фаъолиятҳои соҳибкорӣ мебошанд. Модар бо ҳама дастоварду амалисозии орзуҳои парвардааш, ки ҷигарбандонаш дар баробари пешрафтҳо дар тиҷорат ҳам ҳунарманду худогоҳ ба воя расидаанд, маҳдуд нашуда, самтҳои фаъолияташро фаротар аз деҳкадаву ноҳияи зодгоҳаш густариш дода истодааст.
Алҳол дар чанд самти соҳибкорӣ донишу лаёқати худро санҷида истодаам. Соли гузашта бо мақсади таъмини бозорҳои ноҳия бо нони самарқандӣ, аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон асбобҳои махсус овардам, ки имрӯз аз ин ҳисоб фоидаи хуб ба даст меорам, - изҳор дошт соҳибкорзани муваффақ. – Дар баробари пешбурди фаъолияти корхонаҳои пухтупази нони миллӣ, нонҳои самарқандӣ ва дукони хлебпазӣ, инчунин, дар маркази ноҳия ошхонаи замонавӣ дорем, ки дар бозори имрӯз рақобатпазир аст. Барои пешрафти кор ва васеъ намудани тиҷорат бояд бо азму ҳадафҳои устувор тасмим гирифт.
Фотима дар заминаи ду гектар саҳмияҳои авлодӣ хоҷагии фермерӣ таъсис дода, ҳамакнун, аз даромади кишту парвариши пахта, пиёзу тарбуз ва сабзавоту полизиҳои дигар, як маркази дӯзандагӣ бунёд карда истодааст. Тасмим дорад дар ин коргоҳи ҳунармандӣ бо роҳандозӣ намудани дӯхти сарулибоси миллӣ ва ташкили курсҳои омӯзишӣ, чеварони чирадастро ба ҷойи кору ҷавондухтаронро ба омӯзиши ҳунарҳои миллӣ фаро гирифта, ба ин васила, саҳме дар рушди маҳал ва таъмини шароити кору зиндагии шоистаи ҳамдеҳаҳояш гузошта бошад.
Ба гоҳи дидору гуфтугузори самимӣ бо ҳамдеҳагонаш илму ҳунаромӯзии ҷавондухтаронро дар мадди аввал дониста, баҳри раҳкушоии бонувон ба тиҷорату машғулиятҳои музднок аз таҷрибаи ҳаётии худ мисол меорад, ки чи гуна бо инояти модари дономанду саводи аз мактаб андӯхтааш барои хонаводаи дар нимароҳи зиндагӣ бепарастор мондаи хеш зиндагии шоиста фароҳам овард.
Соли гузашта тариқи озмун дар курси бозомӯзии соҳибкории Донишгоҳи байналмилалии Осиёи Миёна роҳ ёфт. Ҳамакнун, моҳи августи соли ҷорӣ курси якмоҳаи омӯзишии Донишгоҳи мазкурро аз рӯйи ихтисоси иқтисодиёт хатм кард.
- Инсон дорои неруву қобилиятҳои ногуфтаниест ва барои сайқали ҳунарҳои бозоргузар бояд ақлу заковати худро истифода барад, - мегӯяд Фотима. - Баъди паси сар намудани рӯзҳои сангину шикасту рехти зиндагӣ, бори дигар бовар ҳосил кардам, ки дастёбӣ ба пешрафту комёбиҳои ҳаётӣ аз завқу мароми ҷидду ҷаҳд ба хотири амалӣ гаштани орзуҳои бузург вобастагӣ дорад. Хушбахтам, ки дар баробари рушди соҳибкорӣ миёни бонувон, имрӯз дар корхонаву коргоҳҳои нонпазӣ ва ошхонаву хоҷагии деҳқонии мо 15 нафар сокини маҳаллӣ ба кори доимӣ фаро гирифта шудааст. Илова бар ин, барои пухтупази нонҳои самарқандӣ аз даҳҳо хонаводаҳо маҳсулоти ширӣ харидорӣ намуда, инчунин, қисме аз маҳсулоти нонии корхонаву хоҷагии деҳқониамонро ба соҳибкорону савдогарон бо нархи яклухт медиҳем, ки онҳо ҳам аз фурӯши он дар бозору мағозаҳои деҳот фоида ба даст меоранд, - афзуд дар интиҳо бонуи хушкор.
Ҷамолиддин САЙФИДДИН,
ноҳияи Ҷайҳун
Мубодила:
Шарҳҳо
