БОЙГОНӢ

«    Октябр 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Аз меҳнат сарбаланд

Аз ҳар боб

              

Бонувони кишвар имрӯз дар баробари дигар соҳаҳо дар самти кишоварзӣ низ ба дастовардҳои шоён ноил шудаанд ва дар баъзе ҳолатҳо аз мардон ҳам пешсафанд. Эътиқоди бонувон ба қувваи худ имкон медиҳад, ки қобилияташонро бисанҷанд ва ба ҳадафҳо ноил гарданд. Ҳамин гуна аст Меҳнат Мазорбунова, сокини маҳаллаи Гулистони деҳаи Рохарви Ҷамоати деҳоти Маҳмадулло Абдуллоеви ноҳияи Ванҷ. Ӯро Меҳнат ном кардаанд зодмандонаш. Ҳаёташро ба замин пайвастаасту ба пешаи деҳқонӣ умр ба сар мебарад.

Айёми мактабхонӣ ин духтараки бо чашмони обӣ ва мӯйи тиллоранг аълохон буду дар тамоми чорабиниҳои мактабӣ месуруду мерақсид. Падараш Маракворӣ Мазорбунов, дар истгоҳи барқи обии ноҳия посбон буду духтарашро дар ҷодаи донишандӯзӣ ҳамеша дастгирӣ менамуд.

 - Ман 1-уми июни соли 1969 дар деҳаи Бовуд ба дунё омадам. Дар зиндагӣ ранҷи зиёд кашидам. То ҳозир малолам, ки номамро чаро Гул ё Гулнор намонданд, ки гул барин рӯз барам. Дар деҳоти мо зани бисёр фаъоли зебо ва ғаюр Давлатбибӣ Раҷабова мезист. Мехостам маълумот гираму ба мисли вай агроном шавам. Мутаассифона, пас аз хатми мактаби миёна натавонистам таҳсилро давом диҳам. Чунки пас аз ба дунё омаданам, модарам Ҳанифа Садриддинова ба беморӣ гирифтор шуду дар оила се писару чор духтар, ман панҷум фарзанд будам, дар мушкилӣ дармондем. То ҳол пушаймонам, ки соҳиби маълумоти олӣ нагаштаам. Пас аз хатми мактаб хостгорон меомаданду ба шавҳар намебаромадам. Апаҳоям оиладор буданду нигоҳубини хоҳару бародари хурдсолам бар уҳдаам буд. Аҳволи модарам каме беҳтар шуду манро ба шавҳар доданд,- ба сухан пардохт Меҳнат Мазорбунова.

Он замон духтарон ба ҷавони бемаълумот ба шавҳар намебаромаданд. Азбаски домод дар пойтахт, дар корхонаи нассоҷӣ фаъолият дошт, волидон хотири ба шаҳр бурдани духтарашон розӣ шуданд.

Аммо Раҳмиддин пас аз издивоҷ зиндагиро дар зодгоҳ ихтиёр намуд. Меҳнат, бо вуҷуди ба маркази ноҳия келин шуданаш, аз ягон кор сар намепечид. Ба тамоми кори хоҷагӣ, аз қабили тамоку ва кирмакпарварӣ машғул мешуд. Чизеро, ки намефаҳмид, аз аҳли хонавода мепурсид. Имрӯз шукронаи хонаи ободу ду духтару ду писарашро мекунад.

Дар ноҳия аз ҷониби ҳукумати ҷумҳурӣ, ба хотири баланд бардоштани маҳорати кадбонугии занону духтарони хонашин курсҳои омӯзишӣ роҳандозӣ гаштанд. Ҳамчунон, ба онҳо аз маҳсулоти тару тоза омода намудани беҳтарин хӯриш, афшура ва мурабборо меомӯзонданд.

 - Муддати даҳ рӯз дар омӯзиш иштирок намудем. Ба мо тарзи шустани зарфҳои шишагӣ, буғ додани онҳо бо сарпӯшҳояшон ва дуруст маҳкам кардани бонкаҳоро нишон медоданд. Тарзи омода кардани мураббо ва хӯришҳои гуногуни аз сабзавотиро низ омӯхтем.

Соли 2021 барои саводомӯзии соҳибкорӣ бо дастгирии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 нафар зан ба шаҳри Хоруғ равон шуда, тули даҳ рӯз дар зиндагӣ чӣ гуна ба даст овардан ва сарфакорона истифода бурдани маблағро ба мо омӯзонданд. Пеш аз ин дар як рӯз, агар 100 сомонӣ ҳам, ки меёфтем, онро харҷ менамудем, - иброз намуд ҳамсуҳбатам.

Гулу гулпарвариро дӯст медораду ҳавлияшро ҳамеша гулҳои зебои рангорангу хушбӯй оро медиҳанд. Аз ҳамин сабаб, тасмим гирифт, ки лоиҳаи гармхонаи доимамалкунандаи гулпарвариро пешниҳод намояд. Аз дастгирӣ наёфтани он ноумед нагардид. Ду сол пас лоиҳаи гармхонаи сабзавоти барвақтиро интихоб намуд. Ин навбат кораш омад карду Гранти президентиро ба маблағи 30 ҳазор сомонӣ ба даст овард.

- Дар замини наздиҳавлигиам гармхонаро бунёд намудам. Имсол беҳтарин навъи помидору бодирингро парвардем. Кабудӣ ҳам коштем. Ҳам худамон мехӯрему ҳам ба савдо мебарорем. Аллакай ба ҳаҷми 2 тоннаю 132 кило сабзавот фурӯхтем, ки арзиши он 12 ҳазор сомониро ташкил дод. Нақша кашидам то ин соҳаро дар соли оянда рушд диҳам. Писару келин ва набераҳоям ёрирасонанд. Чанд сол пеш ба бемории дил гирифтор шудаму ба дилам духтурон се стенд монданд. Барои бартараф намудани беморӣ мекӯшам бештар худамро ба корҳои ҷисмонӣ андармон кунам. Вақте кор мекунам, худро бардам ҳис менамоям, - гуфт холаи кордон.

Меҳнат Мазорбунова раисии занони маҳалро низ бар уҳда дорад. Ҳангоми маҳкам намудани хӯришу мураббо ҷавонзанҳо аз ӯ маслиҳат мепурсанд. Бонуи кордон ҳамроҳи ду-се коргарзан, дар фасли гармо ба консерви меваю сабзавот машғул мешавад, ба манзили корафтодагон рафта ба онҳо ёрӣ мерасонад. Ҳунарҳояшро ба духтаракони ҷавон нишон медиҳад. Бонуи серкор таъкиди Сарвари давлатро, ки духтараконро аввал ҳунар омӯзеду сипас ба шавҳар диҳед, тарғибгар аст.

- Дар давраи мо духтаронро хондан намемонданд. Хушбахтона, ҳозир духтаракон пас аз хатми мактаби миёна таҳсилро давом медиҳанд. Аз маҳаллаи мо ду духтар - Фотимаю Зуҳро бо дониши худашон тариқи Маркази тестӣ ройгон ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуданд…

- Бону Меҳнат дӯзандаву пазандагиро балад буда, дар тозагии кӯчаву маҳал низ саҳм мегирад. Дар ҷамъомадҳои ноҳиявӣ овозхониву доиразанӣ мекунад. Дар озмуну чорабиниҳои фарҳангии ноҳия дастранҷҳояшро ба намоиш гузошта, аз ҳунарофаринии дастонаш меболад. Ба тарроҳӣ ҳам машғул асту ҳангоми баргузории иду ҷашнҳо либосҳои санъаткорони ноҳияро омода месозад.

-Лаҳзаи хотирмони ҳаётамро соли 2020-ум, ҳангоми аз наздик дидани Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳисобам. Ҳангоме ки дар намоиш ба назди мизи ман омаданд, оид ба афзорҳои дастӣ пурсон шуданд. Гуфтам, ки бо дастгирии Шумо ҳунарҳои дастӣ аз нав эҳё гардиданду мо саргарми шуғли аҷдодӣ шудем. Дар он фурсат гӯё падар ё бародарамро дидам. Соли равон ҳам дар вохӯрии Ҷаноби Олӣ бо мардуми сарбаланди Ванҷ ҳозир будам…

Дар даврони истиқлолият ноҳияи Ванҷ зебову афсонавӣ ва роҳҳо обод гаштанд. Пештар, агар ягон наздикони дар пойтахт будаамон аз дунё мегузашт, то мо мерасидем, ки ҳамсояҳо маитро саришта мекарданд. Мо, модарони Ванҷ дуо мекунем, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша болои сарамон сиҳату саломат бошанд. Маҳз аз заҳматҳои шабонарӯзии ин марди сулҳовару ободкор мо неру гирифта, баҳри ободии диёрамон бештар кӯшиш менамоем,- иброз дошт холаи Меҳнат.

Бонуи соҳибтаҷриба кадбонуи моҳир низ аст.

-Оши шахин, ки аз орди боқило таҳия мешавад, барои мардуми Ванҷ яке аз таомҳои қадима ва дӯстдошта маҳсуб меёбад. Ин ғизоро дар фасли сармо ҳангоми бемории зуком ва шамолхӯрӣ омода менамоем. Пас аз истеъмоли он нафари бемор муддате худро мепечонад, пас аз таъсири орди шахин бадани одам қувват гирифта арақ мекунад. Бо ҳамин зуком нест мешавад,- мегӯяд кадбону. Ин бонуи заҳматқарин 13 сол боз ҳамчун волонтёр дар солимии ҷомеа низ иштирок мекунад. Ҷиҳати таъмини пешгирӣ ва ҳифзи саломатии аҳолӣ аз сирояти бемориҳо бо мардум ҳамарӯза корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронад.

 

– Саломатии инсон неъмати бебаҳоест, барои онро нигоҳ доштан бояд ҳар нафар тарзи ҳаёти солимро пеш гирад. Ҷиҳати ҳаматарафаи инкишофи ҷисмониву ақлонии кӯдак волидонро зарур аст, ки барои фарзандон шароити мусоид фароҳам оранд. Аз аввал модарони ҷавон ба ваксина ва дорудиҳии кӯдак он қадар таваҷҷуҳ надоштанд. Дар бештари ҳолатҳо кӯдакон аз дарунравӣ азият кашида, дар баъзе маврид ба фоҷиа меанҷомид. Дар натиҷа ба мо муяссар шуд то ба мардум фаҳмонем, ки ваксинаҳо барои қавӣ намудани масунияти бадани кӯдакон ва аз бештари бемориҳои сироятӣ онҳоро ҳимоя менамояд,-хулоса кард Меҳнат Мазорбунова…

Бону Меҳнат гаштаву баргашта аз истиқлолият, ваҳдату осудагӣ мегуфт. Шукрона аз кишвари ободу зебои Тоҷикистон карда, ободию сарсабзии ноҳия ва вилоятро аз бунёди нави роҳи мошингарди Душанбе-Ванҷ-Хоруғ медонист. Шукр аз истиқлолият ва заҳматҳои шабонарӯзии фарзонафарзанди Меҳан Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мекард…  

                              Мадина БАЛАҶОНОВА,

                           Душанбе - Ванҷ - Душанбе

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_10_2025_small.pdf [3.88 Mb] (зеркашиҳо: 26)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон