Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Мастураи алоқачӣ
Аз ҳар бобӮ дар як гӯшаи кӯҳистон, ки табиати фусункор, кӯҳҳои сарбафалак, обҳои мусаффову дармонбахш ва талу теппаҳои ҳамешасабзаш ба кас неру мебахшанд, умр ба сар мебарад. Мастура декабри соли 1954 дар деҳаи Баравн (Баравни Таг)-и Ҷамоати деҳоти Вотхуд ба дунё омадааст. Баравни Таг мавзеи хушбоду ҳавост, ки дар соҳили дарёи Панҷ воқеъ буда, роҳи мошингард аз канори он мегузарад. Мардуми Вотхуд аз азал бо ҳазлгӯиву сухандониашон миёни мардуми диёр овозадоранд.
- Падарам Наврӯз Давлатов, ки аз муаллимони фаъоли минтақа буд, нахуст Омӯзишгоҳи педагогии Ғарм ва баъдан Дорулмуаллимини тоҷикии шаҳри Тошкандро хатм кардаанд. Дар замони худ ҳамчун Аълочии маориф ва муаллими хизматнишондода шинохта буданд, - ёдовар мешавад Мастура аз гузаштаи хеш. - Қиблагоҳам шогирдони зиёдеро, ки миёнашон бештар ятимону бекасон буданд, тарбият намуд, ки ҳар яки онҳо дар ҷодаи худ пешқадаму фаъол шуда, ба халқу миллат хизмати арзанда карданд. Модарам Зайтона Каримова хонашин, зани фурӯтану хоксор буданд. Ҳамаи хешу табор ва ҳаққу ҳамсояҳо дӯсташ дошта, ӯро Умаи катта (Очакалон) ном мебурданд. Азбаски манзиламон сари роҳ ҷойгир буд, дастархонамон густурда буду чою нонаш барои мусофирону раҳгузарон тайёр. Шабмондаҳо аксар дар хонаи мо сарпаноҳ меёфтанд…
Падару модар дар тарбияи ҷигарбандон сахтгиру серталаб буданд. Онҳо ба духтарон Мастона, Гулистон, Хираймон, Мастура, Раҳимхоним, Саодат ва писарашон Гулмаҳмад дониши хуб дода, меҳру муҳаббат дар замирашон афрӯхта, ба қадри ҳам расиданро барояшон талқин мекарданд.
Падарам, муаллими таърих, вақтҳои фориғ фарзандони деҳаро наздаш мехонду азҳаводиси таърихи гузашта нақлу ҳикояҳо мекард. Он овон телевизор чандон маъмул набуду мо танҳо ба садои радио гӯш дода, китобу рӯзнома мехондему бо аҳли оила шоҳмоту шашка мебозидем. Дар мактаб фаъол будему ба падару модар дар корҳои рӯзгор ёрӣ мерасондем. Дар мактаби ибтидоии деҳа то синфи 4 хонда, шаш соли дигар дар мактаби миёнаи Лугад таҳсил намудем. Ҳамин тавр, се фасли сол 4 км роҳро пиёда, то деҳаи ҳамсоя тай мезадем. Танқисии либосу дурии роҳ садди донишандӯзиамон намегаштанд. Чун аз кӯҳистони дурдаст духтарон ба пойтахт барои идомаи таҳсил намерафтанд, пас аз хатми мактаб ман низ натавонистам касбу ҳунаре бигирам, - бо афсус мегӯяд Мастура Давлатова.
Риштаи тақдир ӯро бо фарзанди ҳамин деҳа, ҳамсояписар Олимшоҳ Ҳоҷиев пайвасту ба шебу фарози зиндагӣ таҳаммул намуд. Иззату икроми шавҳару волидонашро ба ҷо оварда, фарзандони солеҳу накукор ба воя расонд. Модар шукрона аз фарзандонаш - Савсан, Аюб, Шаҳло, Лайло, Акмал, Одил ва Шаҳноза мекунад, ки имрӯз ҳар кадом соҳиби маълумоти олӣ ва хонаи обод аст.
Се даҳсола пеш мардум аз деҳаҳои дурдаст бо пайвандонашон танҳо аз нуқтаҳои гуфтугӯӣ тамос мегирифтанд. Мастура Наврӯзова ва ҳамсафари ҳаёташ Олимшо Ҳоҷиев нафароне ҳисоб мешаванд, ки дар пешрафти соҳаи алоқаи телефонӣ саҳми арзанда гузоштаанд. Соҳаи алоқа дар Кӯҳистони Бадахшон яке аз самтҳои зуруру афзалиятнок ба шумор мерафт ва аз кормандон ташаббусу эҳтиёткориро талаб мекард. Хатти телефон аз марказаи ноҳия то деҳаҳо насб мегардид. Дар мавзеи Даштаки деҳоти Вотхуд низ ин таҷҳизоти байналмилалӣ фаъол шуд. Кунун ба аҳолӣ муяссар гардид, ки бо ноҳия, вилоят, ҷумҳурӣ ва берун аз он дар тамос шавад.
- Дар шуъбаи алоқаи телефон ҳамчун корманди техникӣ, ҳамроҳи шавҳарам Олимшо кор мекардам. Он рӯзҳо ноҳияи Ванҷ дар вилоят дар бахши алоқа ҷойи намоёнро ишғол менамуд. Ҳар рӯз ба кор мерафтему лаҳзаҳое мешуданд, ки шабҳо низ навбатдор меистодем. Дар солҳои нооромӣ дастгоҳҳои алоқаро дар ҳавлиамон низ пайваст кардему корафтодагон бо хешу табор тамос мегирифтанд. Чун он вақт телефонҳои дастӣ вуҷуд надоштанд, кормандони ниҳодҳои давлатӣ низ ба ҷойи зарурӣ ҳамин зайл гуфтугӯ менамуданд. Ҳолатҳое низ буданд, ки бо сабаби омилҳои табиӣ хатҳои телефон канда шуда, алоқа пурра қатъ мегардид. Моро зарур меомад, ки сари вақт аз ин ҳолат вилоятро хабардор намоем. Дар давраи нооромиҳои кишвар, бо вуҷуди мушкилии кор, ҳарос надоштему аз сидқи дил корамонро ба сомон мерасондем. Чун корманди яке аз сохторҳои муҳими давлат масъулиятро хуб дарк менамудаму орзу мекардам, ки зудтар ба сулҳу салоҳ расем…
Мастура Наврӯзова тавонист бо заҳматҳои мунсифонааш дар ҷомеа эҳтирому эътибори хоссаро ба даст орад. Билохира, ба вай муяссар гашт то ба орзуи давраи ҷавониаш расида, Омӯзишгоҳи алоқаи шаҳри Хоруғро хатм карда соҳибтахассус гардад. Хурду калони деҳа дӯсташ медоранду эҳтиромашро ба ҷо меоранд, зеро зани тамизкор, кадбонуи хубу меҳмондӯстдор ва раҳмдил аст. Гарчанде фарзандонаш дар пайи ризқу рӯзӣ ба ҳар гӯшаю канор рафтаанд, худро танҳо эҳсос намекунад. Ҳамсари азизу меҳрубонаш ҳамеша бо ӯст. Бидуни ӯ зиндагиашро беранг мешуморад. Назди фарзандон ба пойтахт ва берун аз он борҳо сафар намудааст, аммо бе обу хоки зодбум зиста наметавонад.
Замони наврасии Мастура духтаронро тавонистани пухтупаз, дӯхту дӯз ва дигар кору бори занона ҳатмӣ буд. Вай низ таксаридӯзӣ, зиякдӯзӣ, сачоқбофӣ ва куртадӯзиро балад аст. Дар омода намудани нону кулчаи мухпарӣ, чапотӣ, умоч, оши бурида, палов, ширкаду, ширҷӯш, пиёва, тарҳавло, қурутоб ва ғайраҳо моҳир аст.
Суҳбати мо бо Мастура дар ҳавлии падарии ӯ, Наврӯз Давлатов, ки он ҷо келини хонадон Гулбаҳор Қосимова зиндагӣ мекунад, доир шуд. Айвони хона, ки чун ҳамешагӣ серодам буд, ҳар кадом сипосгузорӣ аз ободию шукуфоии кишвар карда, рушди минтақаи кӯҳистонро нишони ваҳдату якпорчагии Ватан мехонданд.
М. БАЛАҶОНОВА,
Душанбе-Ванҷ-Душанбе
Мубодила:
Шарҳҳо
