Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Бузургии модар
Аз ҳар бобЗамоне Томас Эдисони ҷавон аз мактаб ба хона баргашта, номаи омӯзгорро ба модараш дод. Модар бо дидаи ашкбор номаро дар ҳузури писараш бо овози баланд хонд:
«Писари Шумо оқил ва нобиға аст. Ин мактаб хеле хурд аст ва дар ин ҷо муаллимоне, ки қобилияти ба ӯ сабақ омӯхтану таълим доданро дошта бошанд, нестанд. Хоҳишмандам, ба ӯ худатон таълим диҳед!».
Аз марги модар солҳо сипарӣ шуданд. Рӯзе Эдисон, ки он замон аллакай ҳамчун яке аз ихтироъкорони аср маъруф гардида буд, ҳини аз назар гузарондани албоми суратҳо ва бойгонии оилавӣ номаеро пайдо кард.
Ӯ номаро кушода хонд: «Писари Шумо нодон ва зеҳнан ақибмонда аст. Мо дигар имкони бо дигар хонандагон дар як синф таълим додани ӯро надорем. Аз ин рӯ, тавсия медиҳем, ки худатон мустақилона дар хона ба таълиму тадриси фарзандатон машғул шавед».
Эдисон якчанд соат фиғон бардошта гирист. Сипас, дар дафтари хотирааш чунин навишт:
«Томас Алва Эдисон як бачаи нодон ва зеҳнан ақибмонда буд. Танҳо ба шарофати модари бузургаш ӯ яке аз нобиғаҳои машҳуру барҷастаи асри худ гардид».
Таҳияи Умар АЛӢ
Мубодила:
Шарҳҳо
