Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Ошён гар мегузорӣ…
Аз ҳар бобЗамира Аминова сӣ сол қабл ба хотири ҳаёти оиладорӣ бо писарбачаи бадахшонӣ аз шаҳри ободу зебои Самарқанд дил канда, дар моварои кӯҳҳои сарбаланд, дар деҳаи Тусиёни ноҳияи Роштқалъа ошёни меҳру садоқат ва вафодорӣ гузошт. Ба шарофати қобилият, меҳнатқаринӣ ва хоксориву хислатҳои неки инсониаш тавонист, ки тайи ин муддат чун бонуи соҳибэҳтиром, соҳибкор ва ҳунарманди муваффақ дар миқёси ноҳия ва вилоят мавқеъ пайдо кунад.
Ошён гузоштани духтари самарқандӣ дар баландиҳои кӯҳи сарбаланди Тоҷикистон саргузашти аҷиб дорад. Озодбек пас аз хатми Институти савдои шаҳри Самарқанд ба духтари таҳҷойӣ хонадор шуда, соҳиби ду фарзанд гардид, вале, ба сабаби пиронсолии зодмандон ва ниёз доштанашон ба нигоҳубин Озодбек ба завҷааш масъалаи кӯч бастан ба Помирро ба миён гузошт. Зани шаҳрӣ бо далели ҳаёти душвор дар кӯҳистон ва идома доштани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон пешниҳоди шавҳарашро рад кард. Дар ин рӯзҳое, ки абрҳои ҷудоӣ осмони ҳаёти оиладориро тира месохтанд, Озодбек бештар ба духтараки гандумгуни гузари ҳамсоя Замира, ки аз ӯ барои хонаводаашон шириниҳо харид менамуду байнашон тарҳи дӯстӣ афтода буд, дарди дил кард. Замира аз шавҳар ҷудо шуда буду талхии пошхӯрии оиларо медонист, намехост, оилаи нав вайрон шавад. Ба Озодбек маслиҳат дод, ки ба хотири ҳаёти оилавӣ бояд дар Самарқанд бимонад, вале қарзи фарзандӣ бар масъулияти оиладорӣ боло гирифту Озодбек тасмими ниҳоӣ гирифт, ки ба зодгоҳ баргардад.
Замира, мехоҳӣ туро бо худ ба Помир барам ва ҳаёти оиладорӣ барпо намоем. Агар писанд наояд, ба тайёра савор мекунаму боз ба зодгоҳат бармегардонам, - боре зимни суҳбат ногаҳон гуфт Озодбек ва эҳсос кард, ки ба ин ҷавонзани хоксору меҳнатқарин дил баставу муҳаббат пайдо намудааст.

- Не, Озодбек, ин номумкин аст, худат медонӣ, ки ман ду фарзанд дорам ва писарчаам бо аломатҳои имконияташ маҳдуд таваллуд шудааст. Онҳоро танҳо гузошта наметавонам, - посух дод Замира.
Вале тасмими Озодбек қатъӣ буд. Бо гузашти чанд муддат аз ин гуфтугӯ Озодбек бо зан ва ду кӯдак ба хонаи урфиашон дар деҳаи Тусиёни ноҳияи Роштқалъа омад. Модари пир писари пазмоншудаашро сахт ба оғӯш гирифт. Келин ва набераҳоро нашинохт, ба ҷойи зани чеҳрасафеди баландқомат дар пойгаҳ зани гандумгуни миёнқад бо кӯдакон меистод.
Модарҷон, келини навро бипазиред, ин кӯдаконро ба фарзандӣ хондам, - гуфт Озодбек, дар ҳоле ки дастҳову пешонии модарро мебӯсид. «Духтарам, фарзандонам», - гуфт модар ва келину набераҳоро сахт ба оғӯш гирифт.
Ҳамин тавр, дар ҷойи нав барои Замира ҳаёти нави оиладорӣ оғоз ёфт.
- Дар деҳаи дурдасти кӯҳистон, ки зимистонаш хеле сарду сахт асту камбуди шадиди маводи ғизо, қувваи барқ ва нақлиёт дар он давраи идомаи нобасомониҳо вуҷуд доштанд, шумо аз тасмиматон пушаймон нашудед?-пурсидам аз мусоҳибам.
- Барои модар фарзанд аз ҳама каси азиз аст. Чун Озодбек маро ба ҳамсарӣ ва фарзандонамро ба фарзандӣ қабул намуд, муносибати хуби хонаводаашонро ба худ ва фарзандонам дидам,Озодбекро бештар ва сахттар дӯст доштаму дар дилам аҳд бастам, ки ба ин макон ва ин хонавода то охири умр вафодор мемонам, - изҳор дошт Замира.
Келини нав ба хотири даромад ба буҷети хона ширинипазиро оғоз намуд. Кулчақанд мепухту ба бозори шаҳр мебаровард. Вақте ки яке аз хешовандони шавҳар ҷашни арусу домодӣ барпо намуд, бонуи самарқандӣ бо хоҳиши тӯйдор барои маърака анвои шириниҳо пухта, худ бо «сюрприз» ба табрикоти навхонадорон омад ва пешашон тортеро, ки ба шакли гул тайёр карда буд, гузошт.
Баъд аз ин шумораи мухлисони маҳсули дастии Замира афзуд. Ошхонаи муфлисшудаистодаи ҷамъияти матлуботи шаҳрро ба Замира супурданд. Ӯ таомҳои миллӣ пухта, ошхонаро ба ҷойи писандидаи мизоҷон мубаддал гардонд. Сипас, фаъолияти соҳибкорӣ ва ҳунармандиро дар асоси ашёи хоми маҳаллӣ тавсеа дода, ба коркарди меваю сабзавоти маҳаллӣ шуруъ намуд.
Духтари калонии Замира Фирӯза аз деҳаи ҳамсоя бахт ёфт, зиндагии хушҳолонаи оилавӣ дорад. Аз зиндагии якҷоя бо Озодбек соҳиби се фарзанд шуд. Духтарон Умеда ва Хадича, яке Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва дигаре Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистонро хатм намуда, алҳол дар парки технологии ноҳияи Роштқалъа, дар тавсеаи фаъолияти соҳибкории истеҳсолӣ бо модар ҳамкорӣ менамояд. Фарзанди хурдӣ мактабхон асту мехоҳад, ки дар оянда пизишк шавад.
Айни ҳол, коргоҳи коркарди меваву сабзавоти Замира як гӯшаи Парки технологии ноҳияи Роштқалъаро, ки дар маросими ифтитоҳи он моҳи июни соли равон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ширкат варзиданд, оро медиҳад. Пешвои миллат ҳангоми шиносоӣ бо Парки технологӣ ба фаъолияти соҳибкорон баҳои баланд дода, ба бонуи самарқандӣ аҳсант хонданд.
- Ба шарофати сиёсати сарварони оқилу фарзонаи ду давлати дӯсту ҳамсоя - Тоҷикистону Ӯзбекистон роҳҳо кушода шуданд. Шукронаи ваҳдат, сулҳ, ҳаёти амну осоишта мекунам. Акнун ҳар сол ба Самарқанд рафта, аз ҳоли пайвандонам хабар мегирам, - изҳор дошт Замира Аминова.
М. ШОҲҶАМОЛ,
ноҳияи Роштқалъа
Мубодила:
Шарҳҳо










