БОЙГОНӢ

«    Декабр 2024    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Фарзанди падар

Аз ҳар боб

  Дар суҳбати унсе гуфтам, қиблагоҳ дар чаҳор­солагӣ сағир мондаву як умр ба акаву додар, амаку тағо, писарони амаку дигар аҳли авлод хидмат сомон додаву осудаи зиндагӣ надида… Ошное табассум бар лаб афзуд, шахсеро медонам, ки ба аҳди бародарӣ устувору содиқ назди фарзанди падар, арзандатару вафодортар кас чу ӯ то ба ин дам нашнидааму надидаам…

Гӯшу ҳуш шудем… Тобистони соли 1941. Дар кӯҳистони Балҷувон акнун гандум рӯ сурх кардаву даравгарон – хурду калон, зану мард дар пуштаи Кафлезаки деҳаи Ғундиён гандум медаравиданд. Аз саргаҳи тал садои гирову гуворои бобои Сафари хушовоз ба дуриҳои дур танинандоз буд:

Э, ало!

Э, ало ёре!

Ман доғам, ёр дӯст!

Гандумаки худрӯӣ дарав мекардуме,

Ман доғам, ёр дӯст!…

Дар он миён махсуми Борон дар гандумдаравӣ пешсаф буду моҳир, касе дар сабқат аз ӯ дастболо нагаштааст. Амаки Маҳмади Ғундиёнӣ мавриди муносиб шӯхиомез мегуфт: – Махсум ганда даравгари хуб аст…

Ба ҳамин хотир, роҳбарони хоҷагӣ ӯро дар ақибгоҳ нигоҳ доштанд, зеро он солу замон комбайни гандумдаравӣ камёфт ва дар талу теппаҳои баланд мошиндарав номувофиқ буд. Ҳама кори саҳро дастӣ анҷом меёфт.

Нафаре баланд садо кард: – Духтаре ҳалона рӯ ба боло медавад.

 Мисли хоҳари махсуми Одил, – гуфт дигарӣ.

Борон қомат афрошт, даст лапар намуда, синчакорона дида дӯхт, хоҳарашро шинохт. Дилаш гум зад, хавотир шуд, чӣ воқеа рух дода бошад? Вагарна лахти ҷигарро чи коре мебуд дар ин ғояти рӯз. Ҳамин субҳ дос, кадуи об ва нимта нон дар камарбанд аз хона баромада буд.

Даҳшат

Хоҳар ҳашшосзанон даррасид ва дар бараш нишаст. Нафас рост кард ва ниҳоят канда - канда ҳарф зад: – Ака - ма бур - дан…

 Чӣ? Куҷо?

– Ака - ма, махсуми Одила ҷанг бурдан…

– Нафаҳмидам, – гаранг монд Борон.

 Акама…

Ба худ омад ва амр дод: – Зуд хона рав! Ман ҳозир… – гӯён дос болои замин, бари кадуи об ҳайрон монд. Ними нон бо худ, футаашро маҳкамтар баст. Ҳазору як фикр дар сараш чарх мезад. Роҳравон ба худ андешид, акаам фарди бомартаба, сарвари қавм, таҳсилдидаи мадрасаи Бухоро. Қавм бе сарвар намешавад. Кӣ мардумро роҳбарӣ мекунад, не, намешавад. Худо накарда, дар ҷабҳа воқеаи нохуше рух диҳад, бесоҳиб мемонем. Ман бояд ба ҷои акаам ба ҷанг равам. Агар рафтаву ҳалок шавам ҳам, боке нест. Акаам бояд ин ҷо бимонад. Барои саробонии мардум…

Азм

Қатори даъватшудагонро дар лаби оби рӯди Тоҳир (Бурдон) дарёб ва ба афсар – намояндаи комиссариати ҳарбии ноҳияи Балҷувон муроҷиат кард: – Рафиқ командир, акаамро ҷавоб диҳед, ман ба ҷояш ба ҷанг меравам.

– Чӣ хел? – забон хоид афсар.

– Ӯ акакалон аст…

Чунин дархостро афсар дар ин солу замон бори аввал мешунид. Нек андешид, розӣ шуд. Чун худ, аз мардумони бумӣ ва аз шахсияти махсуми Одил ва мартабаи додараш дар қаламрав огаҳӣ дошт. Ором ва сабурона гуфт:

– Ихтиёр дар дасти шумо бародарон.

– Хушбахтона, аз низомиёни бохабар будааст, – афзуд ҷавонмарди ҳузарбе.

Бузургбародар аз саф берун шуд. Борон дар паҳлуи Карими Маҳмадӣ аз деҳаи Оби Дара ва Абдуалим (аз рустои Токак) дар саф рост шуд.

 

Наваскарон моту мабҳут монданд. Ин манзараи дилошӯбро наззора бурда, ба бародарони муҳтарам, фарзанди падар қоил монда, хомӯш ашк мерехтанд. Гиребон дошта, шукрона мегуфтанд, ки бо гузашти садсолаҳо дар ин водӣ тухми ҷавонмардон ба қирон наомада…

Акаву додар якдигарро сахт ба оғӯш гирифта, ором ашк рехтанд. Махсуми Одил дуои ҷони додар, фарзанди ҷигарбанди хонадони мушаррафро ба дил бурд. Ҳини видоъ гуфт: – Ту ҳатман, бо пои худ, саломат ба Ватан бармегардӣ…

– Дидор то қиёмат, – гуфт махсуми Борон.

Наваскарон пои пиёда раҳакӣ шуданд. Аз Балҷувон ба раҳи Кангурту Гули Зиндон, Пули Сангину Янгибозор (шаҳри Ваҳдат) ба Сталинобод расиданд. Бо қатора ба шаҳри Тошканд ва аз он ҷо ба ҷабҳа расиданд.

Корзор

Борон дар як саф бо сарбозону афсарони шуравӣ бар зидди гитлерчиёни истилогар дар разм шуд. Неруи хешро алайҳи гитлерчиён, дар саркӯб кардани фашистони ғаддор равон сохт. То ҷон дар рамақ дошт, душманонро кӯфт. Замину осмон аз ҷабри тиру туфанг сахт меларзид…

Ин ҷанг не, даҳшат буд. Диловари кӯҳистонӣ рӯзи маҳшарро дар ҷабҳаи Смоленск аз сар гузаронд. Тир жоласон мерехт, имкони сар баланд кардан набуд. Аз ҳар ду ҷониб талафоти ҷонӣ зиёд буд. Дар таърихи Ҷанги Бузурги Ватанӣ муҳорибаи Смоленск яке аз задухӯрдҳои шадидтарин маҳсуб меёбад…

\ Аз рӯзномаи сарбози немис

«28 декабр. Аспҳоро хӯрдем. Танҳо саманди баргузидаи генерал мондааст, ки ба вай на даст мерасад, на дандон. Наход ӯ умед дорад, ки бо ин ёбуи худмурда аз интиқом гурезад. Аскарони мо ба ҳукми мурдаанд ва чун васвосиён пайваста меҷӯянд, ки чизеро фурӯ баранд. Аз снарядҳо намегурезанд, маҷоли роҳ ёфтан, хам шудан ва панаҳ бурдан надоранд.

Лаънат ба ҷанг!»

 Рухсат

Борон Исмоилов соли 1943 дар яке аз муҳорибаҳои шадид, бар асари бомбаандозии самолёти фашистон ҷароҳати сахт бардошт. Тири аду ба чанд ҷойи баданаш расид. Ӯро ҷарроҳӣ карданд, сарбози ғаюр аз ду ангушти дасти чап маҳрум монд. Баъди табобат ӯро ба хона ҷавоб доданд. Аз омадани ҷанговар аҳли хонавода, хешу ақрабо, ҳамдиёрон шодон гаштанд. Соҳибхона ҳамаи анвои захираашонро болои хон рехт. Пайи қудуми мардум, эътиқодмандон то ба чанд ҳафта аз дари хонадон канда набуд.

Аз ҳама зиёд махсуми Одил хурсандӣ мекард. Тифлвор, беғаш ханда мезад. Шукр мегуфт, ки фарзанди содиқи падар ба манзилу макони хеш баргашт. То омадани додараш аз ҷабҳа махсум ҳар доим сари дастархон ба ҷигарбандону пайвандон ба таъкид мегуфт:

Ҳеҷ макун, эй писар, зи даҳр гила,

К-аз вай шукр аст сад ҳазор маро.

Қурбоналӣ БОРОН, сокини деҳаи

Ҷонбахти ноҳияи Ховалинг:

 Аз ҳаёти ҷангии қиблагоҳӣ ҳикоятеро дар хотир дорам, ки он чун аст. Қабл аз ҳуҷуми навбатӣ аскарони шуравӣ дар хандақ, ҳар кас ба ҳар навъ вақт мегузаронд. Ҳини фориғ падарам бо ҳамхизматаш Абдуалим (аз деҳаи Токакии ноҳияи Балҷувон) дарди дил мекунад. Рафту дар задухӯрд бадбахтие рух диҳад, хабарро ба падару модари якдигар, ба Ватан бубарем.

Аснои муколамаи ҳамватанон садои командир баланд шуд: – Ба ҳуҷум!…

 Ба пеш, барои Ватан, барои Сталин!… Ура - ааа!… – танин андохт садои сарбозон.

Абдуалим бо як хез аз хандақ бурун ҷаста, дар саф ду - се қадам партофт. Ҳин, аз само снаряде башаст ба фарқи сари ӯ бархӯрд. Ҷуссаи сарбоз пора - пораву пареш хӯрд… Ҳар бори пеши назар овардани ин ҳикоят – манзара аз ду дидаи падар ашк мерехт.

 Карим МАҲМАДӢ, ҳамхизмати Борон Исмоил,

сокини деҳаи Оби Дараи ноҳияи Балҷувон:

 Аҷаб ҷавонмарде буд, Борон. Мудом пилотка (… як хел каллапӯши тобистонаи ҳарбӣ – У. Ш.) ё телпакашро ятреба (дар гӯшаи сар), мисли тоқипӯшиҳои ҷавонони кӯлобии солҳои 60 – 80 – уми асри гузашта, мемонд. Ҳар доим аз командири взвод сарзаниш мешунид:

 Рядовой Исмаилов, поправте головной убор (сарбози қаторӣ Исмоилов каллапӯшатонро рост монед!).

– Есть товарищ командир (Итоат, рафиқ командир!). Аммо, боз ба шеваи ҷавонони кӯҳистонӣ рафтор мекард.

 Осоиш

Баъди поён ёфтани Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои корам кардани заминҳои Чубек (ҳозира ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ) ва Фархор мардуми ноҳияҳои Балҷувон, Сари Хосор, Ховалинг, Даштиҷум ва Шуроободро ба таҳдашт муҳоҷир карданд. Аҳли хонаводаи махсуми Борон аввали солҳои 50-ум ниҳоят дар рустои Дараи Калоти Ҷамоати деҳоти «Қаҳрамон»-и ноҳияи Москва (ҳоло Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ) қарор гирифтанд. Сарбози шуҷоъ Борон Исмоилов солҳои зиёд дар колхози «Правда»-и ноҳияи Мос­кваи вилояти Кӯлоб софдилона заҳмат кашида, бо меҳнатдӯстиаш байни мардум обрӯманд гашт…

Акакалон, ки муқими ноҳияи Ховалинг буд, сари чанд вақт баҳри дидорбинии фарзанди вафодори падар ба ноҳияи Москва омада, ҳафтаҳо дар макони дилфаро мезист…

Хидматҳои собиқадори арсаи ҷангу меҳнат Борон Исмоилов бо ордену медалҳо қадр шудаанд…

Умари ШЕРХОН, адиб

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_11_2024_МАХСУС_small.pdf [3.23 Mb] (зеркашиҳо: 11)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон