БОЙГОНӢ

«    Декабр 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Саховатмандӣ

Аз ҳар боб

Саховатмандӣ ба саломатӣ манфиати зиёде расонда, изтироб ва фишори хунро коҳиш медиҳад ва сатҳи ҳормонҳои хушбахтиро зиёд мекунад. Руҳия, худбаҳодиҳӣ ва хобро беҳтар намуда,  системаи масуниятро мустаҳкам менамояд. Шахси саховатманд нисбат ба дигарон ба комёбиҳои бештар ноил мегардад. 

Нафароне низ ҳастанд, ки аз сарфи пул барои дигарон худро  хушбахттар эҳсос мекунанд ва ин хушбахтӣ онҳоро водор мекунад, ки дар оянда боз  саховатмандтар  бошанд.

Нафарони  саховатманд аз ҳаёт бештар  қаноатмандӣ эҳсос менамоянд, ки ба ин  васила умрашон дарозтар мешавад. Дар бештари ҳолатҳо саховатмандии онҳо дигаронро низ ба ин кор  бармеангезад.

Саховатмандӣ хислатест, ки ба фидокорӣ монанд буда,  нафари  саховатманд вақт, маблағ, ғизо ё меҳрубонии худро аз  ниёзмандон дареғ намедорад. Саховатмандӣ сифатест, ки ба ростқавлӣ ва пурсабрӣ монанд буда,  ҳар нафар бояд онро  дошта бошад.

Саховатмандӣ хушнудиро зиёд карда, солимии ҷисмонӣ ва рӯҳиро беҳтар намуда, муносибатҳоро мустаҳкам мекунад. Саховатмандӣ метавонад дар лаҳзаҳои душвор ба нафари  ниёзманд  дастгирӣ ва кӯмаки заруриро таъмин карда, муносибатҳоро мустаҳкам намояд.  

 

 Саховатмандӣ ин хоҳиши мубодилаи чизе бо шахси муҳтоҷ  буда,  шахси саховатманд барои каси дигар чизеро дареғ намедорад. Хоҳ он  чизи моддӣ бошад, ё вақт, ки аз ҳама  муҳимтар ба шумор меравад. Нафари  саховатмандро  меҳрубон  низ меноманд.

Саховатмандӣ хушбахтӣ, эътимод, ғановати  руҳ ва муносибатҳои беҳтарро  бармеангезад, зеро он бо тафаккури фаровонӣ, фидокорӣ, рафтори муҳаббатомез ва ғамхорӣ  алоқаманд аст. Нафарони  саховатманд  худро беҳтар ҳис карда, ба ҳадафҳои худ муваффақ мешаванд.

Саховатмандӣ ба одамон имконият медиҳад, то худро ба ҷамъият зарурӣ шуморанд, ки ба ин тариқ, ҳолати  ҷисмониашон  беҳтар гардад. Одамони даст ба хайр намуди зоҳириашон низ зебо ба чашм мерасад.  

Саховатмандӣ хислати асосии инсонист, ки бидуни интизори чизе ба касе ёрӣ мерасонад. 

Саховатмандӣ ба дарозумрӣ мусоидат мекунад, зеро тадқиқот нишон медиҳад, одамоне, ки ба дигарон бештар кӯмак мекунанд,  дарозтар умр мебинанд. Саховатмандӣ ба зебоӣ мусоидат карда,  шахсро дар назари дигарон ҷолибтар мегардонад, зеро саховатмандӣ хушбахтӣ, боварӣ  ва меҳрубониро ба вуҷуд меорад, ки он  як хислати ботинии руҳи  инсон маҳсуб меёбад.

                                                                                                       Таҳияи Мадина

                             

      

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_11_2025_small.pdf [4.42 Mb] (зеркашиҳо: 55)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон