Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
САЛОМ - АЛИФБОИ МАДАНИЯТ
Аз ҳар бобМуносибати байни инсонҳо нахуст аз саломдиҳӣ шуруъ ва бо хайрухуш анҷом мепазирад. Аз ин рў, одоби салом доданро алифбои маданияти шахс меноманд. Салом изҳори хайрхоҳӣ, оромӣ, саломативу рифоҳ ва самимияти тарафҳост ва онро калиди кушоиши муносибатҳои инсонӣ унвон додаанд.
Салом чун қоидаи ахлоқ миёни ҳамаи халқҳои ҷаҳон роиҷ аст. Салом аз ваҷҳи забон, расму оин ва тарзи иҷроиш дар байни халқу миллатҳои гуногун тафовут дошта бошад ҳам, моҳият ва мазмуни он изҳори сулҳу хайрхоҳист. Маънии луғавии салом – сулҳ, оштӣ, покӣ, амну амонӣ ва осудахотирист. Шакли дуруст ва пурраи талаффузи салом ва ҷавоби он чунин аст:
- «Саломун аллайкум!» - «Сулҳ бар шумо!», - «Ва алайкум ассалом» - «Ба шумо ҳам сулҳ».
Ҳолатҳои саломдиҳӣ
Дар урфият «Рўй оинаи дил аст» мегўянд. Вазъи инсон вобаста ба таъсири ҳолату шароити гуногун тағйир меёбад. Ў гоҳ шоду гоҳ ғамгин, гоҳ осудаю гоҳ парешон аст. Чунин вазъи руҳӣ дар симои инсон ҳамеша намоён мегардад. Бо вуҷуди ин, ҳар як шахс пеш аз салом додан бояд чеҳракушод бошад ва ором ба сўйи каси саломдода нигариста, бо табассум ва садои нарм ҷавоб диҳад. Нигоҳ набояд пурғазаб ва дилхарошу оташин бошад. Талаффуз ҳам бояд фаҳмову рўшан бошад, то аз саломи шумо шахс хушҳол гардад.
Салом на аз масофаи дур, балки аз наздик бояд дода шавад ва нишаста аз ҷой бархеста, салом мегўяд. Пиронсолон ва маризону маъюбон ҳини салом додан аз ҷой барнамехезанд. Сақичу сигор ба даҳон набояд салом гуфта шавад. Хуб аст, ки салом бо андаке таъзим сурат гирад. Чунки сарро сўи боло ва ё ба ҷониби дигар кардаву салом додан маънии ғурур, нописандӣ ва такаббурро дошта, ҳусни одоби саломро мекоҳонад. Ҳангоми саломдиҳӣ аз ибораҳои кўчагӣ низ парҳез мебояд.
Дар баъзе ҳолатҳо шиносе аз наздик гузашта, салом намедиҳад. Аз ин набояд ранҷид. Эҳтимол вай ғарқи андеша, хаёли парешону вазъи ногуворе дошт. Бори дигар, дар лаҳзаи муносиб салом мебояд дод. Баъзан касеро мешиносем, моро намешиносад ва эътибор намедиҳад. Агар салоҳ бошад, салом дода, ўро аз шинос будан ёдовар бояд шуд, вале агар чунин ҳолат бо мо рўй диҳад, мебояд, ки узр пурсем.
Кӣ аввал салом мегўяд
Салом дорои вақту мавқеъ аст ва риояи тартиби он ҳатмист. Набояд фаромўш сохт, ки шароит ва талаботи муассисаҳои давлатӣ, кўчаю ҷойҳои ҷамъиятӣ, хонаводаю оила ва ғайра гуногунанд.
Мутобиқи талаботи мактаб ва низоми ҳарбӣ дар синф аввал омўзгор ва дар назди аскарон аввал афсар салом медиҳад. Дар саҳнаи театр аввал конферанс ё ҳунармандон ба тамошогарон салом мегўянд. Аммо дар ҳолатҳои дигар, ба монанди кўчаю бозор, театру кино, хонаю саҳни мактаб ва донишгоҳ хурдсолон ба калонсолон бояд салом диҳанд. Сарфи назар аз синну сол хонандагон ё донишҷўён бояд ба омўзгорон салом гўянд. Кормандони ташкилоту муассисаҳо ба роҳбарон ҳангоми рў ба рў омадан аввалин шуда, салом медиҳанд. Ҳамчунин аскари қаторӣ ба афсар ва афсари рутбаи поёндошта ба афсари дорои рутбаи баланд салом медиҳад.
Ҳангоми ба касе муроҷиат намудан, ба идорае даромадан, ба касе занг задан, ба манзили нафаре ворид шудан нахуст шахси муроҷиатгар бояд салом гуфта, пас, арзи ҳол намояд. Шахси аз назди дўстону шиносон, куҳансолон ва ҳамсояҳо гузаштаистода аввалин шуда, салом мегўяд.
Нахуст ба куҳансолон, баъд ба дигарон салом додан расм аст. Агар дар чорабинӣ, хона ва идора меҳмоне ҳузур дошта бошад, аввал ба ў ва сипас, бо шиносҳо салом бояд гуфт. Вақти бозгашт аз сафар аввал бо падару модар, баъд бо ҳамсару фарзандон, дар шифохона аввал ба бемор ва баъд ба дигарон, дар вақти ба меҳмонӣ рафтан нахуст ба соҳибхона салом мебояд кард.
Дастфишорӣ
Аз қадим миёни мардум фишурдани дасти ҳамдигар маъмул аст. Дар байни баъзе қабилаҳо пойи якдигарро пахш кардан маънои саломро доштааст, аммо чунин тарзи салом миёни мардуми ҷаҳон шуҳрат пайдо накардааст. Саломи дастӣ навъи расмии саломи ҳамаи халқҳои ҷаҳон пазируфта шудааст.
Ҳини саломдиҳӣ ва ё шиносоӣ нахуст калонсол ба ҷавон, зан ба мард, муаллим ба талаба, дар вақти кор роҳбар ба зердастон даст дароз менамояд, ки дар ин асно чеҳра бояд кушода ва хайрхоҳона бошад. Бо дастпўшак салом намекунанд, ҳамчунин аз болои сари одамони нишаста ва аз болои мизи таом даст дароз карда салом гуфтан, дасти дўстеро сахт фишурдану ларзондан, бо дасти тар, нопок ва ё ҷароҳатдошта низ салом кардан ҷоиз нест. Беҳтараш маъзарат бояд пурсид.
Дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, вақти аз зина баромадану фуромадан, назди дар, даромадгоҳи нақлиёт ва дар назди лифт саломи дастӣ ноҷоиз аст. Он метавонад боиси халали дигарон ва ҳатто нохушӣ гардад. Агар дар домон тифле нишаста бошад, ҳоҷат ба саломи дастӣ намемонад. Таъзими ором кифоя аст.
Таъзимсалом
"Таъзим" вожаи арабӣ буда, маънии иззату эҳтиром кардан ва бузург донистанро дорад. Таъзим ишораест, ки вақти салом, изҳори сипосгузорӣ ва хайрухуш кардан ба ҷо оварда мешавад. Яъне дасти ростро болои сина гузошта, хушҳолона ба сўи шахс нигариста, сару китфонро ба пеш каме хам намуданро таъзим меноманд. Вақти таъзим ҷой ва масофаро ба назар гирифтан зарур аст. Дар оини тоҷикон ҳам ду даст ва ҳам як дастро ба қафаси сина гузошта, таъзим кардан маъмул аст. Таъзим бо ду даст пеши бар миннатдории зиёдро ифода мекунад.
Одатан, ҳангоми бозгашт аз сафар хешовандон, дўстон ва ҳамсояҳо ҳамдигарро ба оғўш мегиранду мебўсанд. Дар ин ҳолат салому истиқболу самимият ва хушнудии дидорбинӣ якбора зоҳир мегардад. Ин тарзи вохўрӣ ҳам дар байни мардуми Шарқ ва ҳам Ғарб маъмул аст. Ин навъи салом миёни тоҷикон вобаста ба ҷинс фарқ дорад. Мардҳо дасти чапро ба камари якдигар, дасти ростро ба китфи рости якдигар гузошта, бўса накарда, як бор тарафи чапи рўйи худро ба тарафи рости рўйи рафиқ, бори дигар баръакси инро такрор менамоянд. Ё ин ки аз рухсори якдигар сабук мебўсанд. Занҳо аз масофаи наздик ҳарду дасти якдигарро ба китфи ҳамдигар гузошта, рухсори чапу рости ҳамдигарро мебўсанд.
Дар русуми тоҷикон даст, ё лабро бўсидан одат нест. Кўдаки навзодро дар оғўши модараш намебўсанд. Ҳамчунин, оғўшсаломро ба набояд ба гўштӣ табдил дод ва дар нақлиёти ҷамъиятӣ низ чунин тарзи саломдиҳӣ ҷоиз нест.
Риояи одоби муносибат, алалхусус тарзи дурусти салом додану суҳбат кардан ба шахс обруву эътибор афзуда, самимияти атрофиёнро ба ў меафзояд. Муҳим аст, ки фарзанд аз хурдӣ дар руҳияи эҳтироми инсон, хоксориву тавозуъ ва самимият тарбият ёбад. Пас метавонад, ки маданияти волои хешро нахуст бо одоби саломдиҳӣ нишон дода, таассуроти нахустинро дар хотирҳо нек боқӣ гузорад.
Ситора АШӮРОВА
Мубодила:
Шарҳҳо











