БОЙГОНӢ
« Октябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷъ | Шб | Яш |
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | 31 |
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Иқбол аз Истиқлол
ЧеҳраҳоТақдир ӯро бо оилаи соҳибфарҳанге пайваст, ки боиси фараҳи хешовандон, хосса волидон гардид. Ба ин ҷавонзан падару модар исми зебое интихоб карданд, ки мувофиқ ба хулқу табиати зебояш уфтоду афрӯзандаи шамъи маърифати дилҳо гашт.
Дилафрӯз Қурбонзода воқеан бонуи закиву ботамкину боназофат аст. Суҳбаташ самимӣ, ҳар каломаш пур аз бори маънӣ ва ҳар андешааш саршори созандагиву васфу ситоиши Ватан аст. Метавон эҳсос кард, ки ҳар гӯшаи Тоҷикистон барояш азиз асту дӯстдоштанӣ. Ҷиҳати ошноӣ бо урфу анъанаҳои мардум ва муаррифии бештари имкониятҳои сайёҳӣ ба ҳар гӯшаи меҳан сафар намудаву бо мардуми маҳал суҳбати дилошно анҷом додааст. Аз маконҳои таърихии минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон хотираҳои ҷолибе дорад, ки кас аз шунидани онҳо ҳатман майли сафар кардан ба он маҳалро менамояд.
Дилафрӯз ба мутолааи адабиёт ва каломи бадеъ рағбати зиёд дорад. Муҳаббат ба китобхониро волидон дар қалби ӯ маъво додаанд. Ҳар бегоҳ, фориғ аз ташвишҳои зиндагӣ қиблагоҳ барои фарзандон ҳикояву қиссаҳо мехонд ва баҳо додани хулқу образи ҳар қаҳрамонро ба дӯши фарзандон вомегузошт.
Дилафрӯз ҳанӯз аз овони наврасӣ тавони аз худ кардани шеърҳои калонҳаҷмро дошт ва ба эҷоди шеъру ҳикояҳо рӯ овард. Ҳарчанд дар кишвар нооромиҳо идома дошт, устодони фидоии мактаби № 52-и ноҳияи Фархор Ҷӯрабек Файзов, Ҳамроҳхон Табаров, Иззатулло Назаров ва дигарон талош мекарданд, ки хонандагон аз илму дониш рӯ натобанд ва ба ояндаи дурахшони шогирдонро умедвор месохтанд. Устодаш Ҷӯрабек Файзов ба манзили онҳо омада, ба қиблагоҳаш аз лаёқату истеъдоди Дилафрӯз ситоиш намуд ва хоҳиш кард, ки барои тамдиди таҳсили духтар иҷоза диҳад. Падар, ки аз нобасомониҳои он давр хавотир, ба идомаи таҳсили духтар сари андеша буд, ба хостгорҳо посухи рад доду духтарашро дар масири донишандӯзӣ дуои нек дод.
Ҳоло Дилафрӯз соҳиби чанд диплом асту дар ҷомеа шинохтаву муътабар. Ӯро ҳамчун рӯзноманигор, нависанда ва фаъоли фазои маҷозии интернет мешиносанд. Замоне худро дар санъати овозхонӣ дар ансамбли «Гулшан» озмуда, аз устодони ҳунар чун Орифшо Орифов, Баҳодур Неъматов сабақ гирифт. Ин устодон ба садои хушу истеъдоди волояш баҳои мусбат доданд. Айёми донишҷӯӣ чанд сурудеро бо заҳмат сабт намуд, аммо шавқи рӯзноманигорӣ ӯро ором нагузошту ба хулосае омад, ки роҳи навро интихоб кунад. Навиштаҳояш дар матбуоти даврӣ пайваста чоп мешуд ва соли 2013 узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон гардид.
Муаллифи се китоб
Дилафрӯз Қурбонзода дар навиштани қиссаву ҳикояҳо дасти боло дошта, муаллифи се китоб: - «Розҳои оиладорӣ», «Китоби орзуҳо» ва «Се нуқта» аст. Ин бонуи ташаббускор дар тарҷумаи китобҳои адибони ҷаҳон ба хатти форсӣ ва аз забони русӣ ба забони тоҷикӣ низ масруф аст.
Муддати зиёд дар ҳафтаномаи Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ - «Омӯзгор» фаъолият намуда, аз муваффақияту мушкилиҳои соҳаи маориф, дастовардҳои устодону омӯзгорони кишвар мақолаҳо чоп намудааст. Замоне сармуҳарририи ин ҳафтаномаро бар дӯш дошт. Соле пеш ҳамчун сармуҳарририи маҷаллаи «Маърифати омӯзгор» таъин гардид.
Дар рӯзнома фаъолият бурдан бароям шарафи бузург буд, чун он ҷо устодони ботаҷрибае, ки маро зиёд роҳнамоӣ кардаанд, фаъолият доштанд. «Омӯзгор» бароям мактаби алоҳидае буд. Бо дастгирию роҳнамоиҳои пайвастаи роҳбарияти Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ҳоло дар маҷаллаи «Маърифати омӯзгор» фаъолият дорам. Ин маҷалла дар самти инъикоси соҳаи калидии кишвар – маориф саҳми бузург дорад. Он таърихи қариб 100-сола дошта, дар замони Истиқлоли кишвар нумӯи бештар кард. «Маърифати омӯзгор» минбари тамоми омӯзгорони кишвар аст, ки аз фаъолияти илмӣ, педагогӣ, таълимии худ маводҳо таҳия ва ба унвонии маҷалла ирсол менамоянд. Мо низ аз фаъолияти кории устодони соҳибтаҷриба маводҳои омӯзишӣ, методӣ, илмӣ, педагогӣ ва оммавӣ таҳия намуда, пешкаши омӯзгорон менамоем, -мегӯяд Дилафрӯз Қурбонзода.
Дилафрӯз баҳри пешбурди масъулият дар ин соҳаи калидии мамлакат саъю талош намуда, аз минбари «Маърифати омӯзгор» ҳамрозу ҳамнавои омӯзгорон гардидааст.
Инсон бояд ҳамеша дар сар андешаҳои нек парварида, хушбин бошад. Дар муваффақияти нафаре аз сидқ каф кӯбад, дасти фитодаеро гирад, бо дасту дили пок ба Ватан хидмат кунад. Мо бояд дастгириҳои пайвастаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро нисбат ба занону духтарони мамлакат қадр намоем. Фаъолияти пурсамари бонувони кишвар дар зинаҳои олии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, соҳибкорони муваффақ ва докторону профессорон аз он шаҳодат медиҳад, ки дар ҳақиқат ҳам бонувон дар ҷомеаи мо мақоми шоистаро доранд. Солҳои донишҷӯӣ мушкилоти кору зиндагӣ моро хаставу озурда кард, ҳатто дар андешаи тарк намудани таҳсил будам. Аммо як вохӯрии хотирмон бо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки охири соли 2000-ум дар Кохи Ваҳдат доир гардид, маро руҳбаланд кард, то аз азмам ба таҳсилу соҳибмаълумот гаштан рӯ натобам. Президент як-як бо ҳозирин вохӯрда, ҳолу аҳвол пурсиданд ва бо меҳрубонии падарона ба духтарону бонувон рӯ оварда, муроҷиат карданд:
- Духтаронам, шумо хонед, Ватан обод шуда истодааст, мо, шумо -занону духтаронро ҳатман дастгирӣ мекунем.
Ин вохӯрӣ ба ман неру бахшид. Ба худ қавл додам, ки то ҷон дар рамақ дорам, талош мекунам, то аз пайравони содиқи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бошам, зеро бо заҳмату талошҳои шабонарӯзии ин абармарди миллат Тоҷикистон ба мулки афсонавӣ табдил ёфту сарнавишти ҳар кадоми мо - сокинони мамлакат ба сӯйи муваффақияту саодатмандӣ рақам хӯрд, - бо муҳаббат ба ёд овард он рӯзи хотирмони ҳаёташро қаҳрамонам.
Воқеан, Дилафрӯз чун ниҳоли боғи падар дар замони Истиқлоли кишвар рушду нумӯ карду саодату иқбол ёфт. Ӯ бо симои зебои тоҷикона ҳамеша либоси миллӣ ба бар намое аз назофату покизагии бонуи тоҷик аст. Ҳамеша сиёсати сулҳпарваронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар шабакаҳои иҷтимоӣ тавсифу тарғиб намуда, дигаронро ба ин кор ташвиқ месозад. Шукргузор аст, ки бо азизону пайвандонаш дар фазои амни кишвар аз ҳавои беғубори Истиқлол нафас мекашад.
Гуфтаҳое аз суҳбат бо Дилафрӯз, ки ҳар бонуро ба муваффақият таҳрик медиҳад:
Дар баробари ороиши зебо ботинро низ бояд зебо нигоҳ дошт;
Интернетро барои тақвияти зеҳнӣ босамар истифода мебояд;
Зани соҳибмаълумот аввал таҳлил ва баъд хулоса мебарорад;
Аз гирдоби фано берун кардани давлат кори на саҳл аст;
Вазъи бонувони он сӯйи дарёро дида, ба мақому манзалати бонувони Тоҷикистон шукрона мебояд;
Дар оила зану мард бояд донишманд бошанд, то суҳбати орифона намоянд;
Духтарон дар баробари диплом бояд ҳунаре дошта бошанд…
Фарзона ВОСЕЕВА