Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Вакили Суғдиён
ЧеҳраҳоБо ӯ мешавад дар ҳар мавзуъ суҳба т кард. Дар бораи шеваи муваффақи омода кардани як духтар ба ҳаёти мустақилона, дар мавриди мушкилоти ҷойдошта ва роҳи ҳалли онҳо, бобати кор дар низоми бонкӣ, оид ба воқеиятҳои имрӯзи журналистикаи маҳаллӣ, перомуни мавзуъҳои сиёсиву иҷтимоӣ…
Зеро дар ҳар мавзуъ назари хоси худро дорад, ки бо маълумоти кофӣ ва асосҳои қавӣ муҷаҳҳаз аст. Аммо вақти ин дидор ӯро пайи ташвишҳое дидем, ки интихобкунандагон пешаш масъалагузорӣ карда буданд:
Ин бор аз ҳавзаи №2 номзад будам, ки маҳаллаи калонтарини шаҳри Кӯлобро дар бар мегирад. Барои ман ҷойи ташвиш дошт, ки дар рӯзҳои аввал мардум чандон боҳавсала ба вохӯрӣ намеомаданд. Ҳатто ошкор ва каме дағал мегуфтанд: «Худат ҳам ваъда медиҳиву баъди интихобот дигар пайдо карданат имкон надорад. Мушкилоту масъалаҳои маҳаллаи мо бошад, солҳо боз ҷамъ шудаанд», -
ба хотир меорад Ситораи Рустам ҳафтаҳои аввали номзадиашро дар ҳавзаи нави интихоботӣ.
Дар вохӯриҳои баъдӣ руҳияи сокинон дигар шуд ва дар ин кор барояш интихобкунандагони ҳавзаи №1, ки дар даъвати гузашта вакилашон буд, ёрӣ расонданд. Онҳо омадаву ба сокинони маҳаллаи Суғдиёни шаҳри Кӯлоб гуфтанд: «Муаллим шахси ростқавл, ба ваъда устуворанд. Афсӯс, ин бор вакили мо намешаванд. Мо бовар дорем, шумо панҷ сол не, ҳатто як сол пас ва шояд камтар аз он ҳам эҳсос намоед, ки чӣ гуна як шахсияти пурмасъулиятро вакили худ дар Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб интихоб кардаед».
Ин барои ман як таблиғи пучу холӣ набуд. Ин маънои онро дошт, ки акнун бори масъулиятро бояд бештар эҳсос намоям. Аз ин ҷост, ки ҳоло масъалагузориҳои интихобкунандагони худро нақшабандӣ мекунам ва аз рӯи он бояд кор барам. Интихобкунандагони ҳавзаи №1 барои он ба назди интихобкунандагони нав омаданд, ки онҳо ҳамеша бо ман дар тамосанд. Рақами телефонамро доранд ва дар робита ба ҳар мушкилу масъалаи худ метавонанд занг зананд, дили худро холӣ кунанд. Албатта, дар ҳалли мушкилоташон мувофиқи имкон мадад мерасонам, аммо ба назар мерасад, ки аз ҳама зиёд ба одамон дастрасии вакилашон хуш меояд, - мегӯяд Ситораи Рустам.
Инак, интихобкунандагон ба ӯ бовар карданду раъйи худро барояш доданд. Акнун вакили ҳавзаи №2-и шаҳри Кӯлоб аст. Ҳамроҳи гурӯҳи кориву волонтёрон (ризокорон) ният доранд, ки дар рӯзҳои наздик дар маҳаллаи Суғдиён шанбегӣ баргузор кунанд ва дар поккории маҳалла саҳм гузоранд. Онҳо ташаббусро ба даст мегиранд ва дар баробари ризокорон бояд аз меҳнати худи сокинон ҳам истифода шавад. Ин хеле муҳим аст, зеро зимни вохӯриҳои интихоботӣ одамон аз партовгоҳи пуршудаву ифлос изҳори норозигӣ ва ташвиш мекарданд.
Ситораи Рустам ба онҳо ваъда дод, ки ин мушкилро ҳал кардан душвор нест, аммо бояд худи сокинон ҳам ҳавасмандӣ зоҳир намоянд.
«Маслиҳатамон ин шуд, ки берунтар аз маҳалла партовгоҳи нав бунёд мекунем ва мардум партовро бо ароба бурда, дар он ҷо мепартоянду масъулин барои сари вақт тоза кардани партовгоҳ ҳамаи талошашонро анҷом медиҳанд. Дар натиҷа, маҳалла аз бӯи бади партов, ки дар гармои баҳору тобистон паҳн мешавад, раҳо хоҳанд шуд. Аммо тезиси асосии ин иқдом кори дастаҷамъона аст. Яъне бетараф набудани ҳеҷ кас ба мушкилоти гирду атроф ва ташаббускории одамон. Ин барои рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ бисёр муҳим аст», – мегӯяд Ситораи Рустам.
Сокинони маҳаллаи Суғдиён вақте диданд, ки номзад ба вакилӣ на танҳо ваъда медиҳад, балки пешниҳодҳои муфиди асоснок дорад, дилгарм шуданд. Мушкилоти дигари сокинони ин маҳалла – роҳҳои вайрона, кам будани нақлиёти ҷамъиятӣ, зуд–зуд вайрон шудани трансформаторҳои барқдиҳӣ аз ҷумлаи мушкилоти асосиеанд, ки интихобкунандагон аз онҳо шикоят карданд ва номзад онҳоро дар дафтари худ сабт намуда, ҳоло барои ҳар кадомаш роҳи ҳал меҷӯяд. Аммо, пештар аз ин, ӯ ба интихобкунандагон фаҳмонда тавонист, ки ваколати вакили Маҷлиси вакилони халқ акнун дигар аст. Яъне фароҳам овардани заминаи ҳуқуқии мусоид ва дар доираи имконот ҳал намудани мушкилоте, ки интихобкунанда дорад. Ӯ, ҳамчунин, аз ҳавзаи интихоботии қаблиаш мисолҳо овард, ки чӣ гуна дар панҷ соли вакилиаш тавонист ба дохил шудани 32 нафар ҷавони маҳал ба донишгоҳҳо мусоидат намояд. Дар ин кор барояш роҳбарони макотиби олӣ Шоҳиён Алмосшо Набот ва Раҳмон Дилшод Сафарбек хеле кумак карданд, ки аз онҳо миннатдор аст. Дар якҷоягӣ бо соҳибкорону шахсони дастбахайр тавонистанд ба 12 нафар бонуи хонашин, ки дар байнашон маълулон ҳам ҳастанд, мошини дарздӯзӣ хариданд. Ин ғайр аз ҳашар ва корҳои ободониву кумакҳои иҷтимоиест, ки ҳамроҳ бо хайрхоҳон анҷом доданд. Яъне номзад ба интихобкунанда фаҳмонд, ки акнун бояд моҳияти зарбулмасали машҳурро амиқу дуруст дарк намоянд: «Ба одамон моҳӣ надиҳед, моҳидориро омӯзонед!».
Сокинони маҳалла ӯро дуруст фаҳмиданд ва ваъда доданд, ки ёрдамчии вакили худ хоҳанд буд.
Барои Ситораи Рустам чунин тартиби корӣ нав нест. Ӯ парвардаи мактаби хос аст, ки масъулиятшиносӣ дар меҳвари он мебошад. Ин ҳамаро аз бобои қаҳрамонаш, шахсияти шинохтаи Тоҷикистон, ходими намоёни давлативу ҷамъиятӣ, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941–1945 Мирзо Бекматов, бибиаш, Муаллими хизматнишондодаи Тоҷикистон, Аълочии маорифи халқ Соҷида Аккалаева, падараш, сармуҳаррири нашрияи «Кулябская правда» Рустам Одинаев, модараш, духтури машҳури шаҳри Кӯлоб, Корманди шоистаи Тоҷикистон Сайёра Мирзоевна омӯхтааст.
Ситора пас аз хатми мактаб ба факултаи математика, шуъбаи информатика ва забони англисии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб дохил шуд. Дертар маълумоти дуюм ҳам гирифт. Дар шуъбаи аудит ва ҳисоббаробаркунии муҳосиботи ҳамин Донишгоҳ ва як муддат дар низоми бонкӣ кор кард, аммо баъд ба хулосае омад, ки ин кор ба арзишу принсипҳои ӯ мувофиқ намеояд. Падараш пешниҳод кард, ки дар нашрияи «Кулябская правда» ба сифати мухбир ва дизайнер ба фаъолият пардозад. Ҳамаи малакаҳои журналистиро аз он кас, ки журналистони зиёде аз мактабаш гузаштаанд, омӯхт. Дар натиҷа, аз соли 2019 сармуҳаррири ягона нашрияи русзабони минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон - «Кулябская правда» мебошад. Солҳои охир тавонист шароити кориву моддии кормандони нашрияро хеле беҳтар намояд. Бо ёрдами раиси вилоят аллакай ба бинои нав кӯчиданд, теъдоди обуна афзоиш ёфт. Дар ҳалли масоили корӣ раиси вилоят Давлаталӣ Саид ва шаҳрдори Кӯлоб Бахтиёр Назарзода ҳамеша ёрӣ медиҳанд.
Ғайр аз ин, болои рисолаи илмӣ дар мавзуи «Мукаммалсозии амнияти иқтисоди минтақа дар мисоли иқтисоди вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон» кор мекунад, ки имсол бояд ҳимоя намояд. Ҳудуди 10 мақолаи илмӣ навишта, дар маҷаллаҳои илмӣ нашр кард. Ҳамчунин, дар Донишгоҳи технология ва менеҷменти инноватсионии шаҳри Кӯлоб ба шогирдон дарс медиҳад. Аълочии маориф ва илм аст.
Албатта, мактаби бобову бибӣ ва падару модарам барои ман бисёр муҳиманд. Аммо ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунам, ки ин ҳама имконот дар заминаи сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳосил шудааст. Ифтихор дорам, ки аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошам ва як бор имкони суҳбат дар назди Ҷаноби Олиро пайдо кардам. Борҳо гуфтаам, ки ман худро парвардаи Мактаби бузурги сиёсии Пешвои миллат медонам, ки ҳамеша дар зеҳни мо созандагӣ, ободкорӣ, бунёдгароӣ ва дасту дили поку нияти неку инсонсолориро ҳидоят менамоянд, - бо қатъият мегӯяд Ситораи Рустам.
«Бонувони Тоҷикистон»
Мубодила:
Шарҳҳо
