Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Адолат Шарифова: «Суханро бояд аз заҳматҳои Президент оғоз кард…»
ЧеҳраҳоИн бонуи соҳибхирад ва таҷрибаандӯхта беш аз чиҳил соли умри хешро сарфи корҳои роҳбарӣ намудааст. Дар корзори зиндагӣ соҳибмактабест, ки мебоист ҳар нафари навқадам ба зинаи роҳбарӣ аз таҷрибаи ӯ омӯзад.
Чанде пеш моро муяссар гардид, ки бо ин бонуи рӯзгордидаву корозмуда Адолат Шарифова суҳбате ороем. Ӯ аз ободию оромии кишвар, фаровонӣ ва серию пурии хони мардум ва аз озодии бонувон, ки имрӯз бо сарбаландӣ дар баробари мардон дар ҳама соҳоти кишвар фаъолият менамоянд, сухан гуфт. Аз рӯзгори шоёни ӯ, ки аз замони шуравӣ ва солҳои аввали соҳибистиқлолӣ чун зани фаъол дар таълиму тарбия ва пешрафти ҷомеа саҳм гузошта, муваффақ ҳам гардидааст, огаҳ будем. Аммо дар ҷараёни суҳбат аз кору рӯзгори гузаштааш чизеро бароямон ёдовар нагардид, ки ин боиси тааҷҷубамон шуд.
- Дар аҳди шуравӣ кам бонувоне буданд, ки дар сатҳи кумитаи иҷроияи шаҳру ноҳияҳо фаъолият менамуданд, вале чӣ гуна шумо тавонистед, қолаби он замонаро шикаста, ба истилоҳи имрӯза, хизматчии давлатӣ шавед? –пурсидам аз Адолатбону Шарифова.
- Суханро бояд аз заҳматҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз намуд. Ҳар он чи ки боиси зиндагии хубу осоиштаи мардум гардидааст, дар замони соҳибистиқлолӣ, дар даврае, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвари давлати тоҷикон интихоб шуданд, халқ дарёфт. Имрӯзҳо, ки дар остонаи ҷашни Рӯзи Президент қарор дорем, ҳар чи менависед, дар бораи Эмомалӣ Раҳмон нависед, - гуфт ҳамсуҳбатам.
Соли 1969 Адолат Шарифова баъди хатми факултаи химия ва биологияи Донишкадаи омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Тарас Шевченко (ҳоло ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ) фаъолияти омӯзгориро аз Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9-уми зодгоҳаш, ноҳияи Данғара шуруъ намуд. Ҳамагӣ чор сол ба шогирдон таълим дод. Хумор аз пешаи интихобнамуда нашикаста, ӯро соли 1973 бо пешниҳоди раиси Кумитаи иҷроияи Шурои вакилони халқи ноҳия муовини раиси шаҳраки Данғара таъин карданд. Баъдан, соли 1982 фаъолияташро ҳамчун муовини раиси ноҳия идома бахшид.
- Ҳамкориҳои мо бо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳз дар солҳои фаъолият дар мақомоти иҷроияи ноҳияи Данғара оғоз ёфт. Ӯ дар ноҳия ҷавонтарин роҳбар, директори хоҷагии давлатии ба номи Ленин буданд. Бо супориши раиси вақти кумитаи иҷроия намояндагони мақомоти ноҳия ба хоҷагии номбурда барои санҷиши тарзи иҷрои корҳои саҳроӣ рафтем. Тарзи дурусти ташкили кор, муносибат бо зердастон, ободии маҳалҳо, ҳамчунин гуфтору рафтор ва муоширати самимии ӯ дар муқоиса бо дигар роҳбарон фарқи зиёде дошт.
Агар аз он солҳо беш аз 40 сол сипарӣ шуда бошад ҳам, пеши назар симои ҷавони Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармало ҷилвагар аст. Ҳамон ҷавони боҷасорату адолатпеша, ки бо қадамҳои устувор ба минбари маҷлисгоҳ баромада, бо андешаҳои солим диққати аҳли толорро ба худ ҷалб намуда, афкори мардумро бедор мекард. Аз минбари баланд идеяҳои ояндасозаш бо ҳарфҳои боҳарорат садо медоданд, ки ин матонатро на ҳар роҳбари он замон дошт. Собиқадорон тахмин мезаданд, ки ин ҷавон ояндаи дурахшон дораду дастгирӣ аз андешаҳояш бар манфиати халқ аст. Бешак, пешгӯии онҳо рост баромад ва имрӯз шоҳиди онем, - гуфт Адолат Шарифова.
Мавсуф лаҳзае пас аз сукут хотираеро ба ёд овард:
- Гармои фасли тобистон, болои хараки саҳни ҳавлии Кумитаи иҷроияи Шурои вакилони халқи ноҳия ҳамроҳи директори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-юм Қунғуротов, ки муаллими донишманду таҷрибаандӯхтаи касби худ буд, нишаста, сари мавзуе суҳбат доштем. Ин лаҳза аз бинои Кумита Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳи ду нафар роҳбари хоҷагӣ берун шуданд. Қунғуротов чашм аз Эмомалӣ Раҳмон наканда, гуфт: -
Муаллима, як гап мегӯям, ман ку нестам, вале ту ҳастӣ, мебинӣ. Ин ҷавон ояндаи бузург дорад». Ин суханон як ишора ба имрӯз буд, ки ба шарофати муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзгори мардуми кишвар осуда ва сулҳу оромӣ дар диёрамон пойдор гашт.
Адолат Шарифова иқрор меояд, ки аз суҳбату вохӯриҳо бо сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон хотираҳои зиёде дорад. Ӯ мегӯяд, ки ҷасорату неруи худододаш эътимоду боварии мардумро ба Эмомалӣ Раҳмон афзуд. Ӯ тавонист халқро чун Сарвари одил баҳри ободии Ватан сарҷамъ намуда, ба созандагӣ раҳнамун созад.
Адолат Шарифова аз солҳои нооромии кишвар ёдовар шуд, ки Эмомалӣ Раҳмон яке аз нафароне буд, ки дар он рӯзҳои мудҳиш дар паҳлуи мардуми даҳшатзада, гурезаҳои хонумонгумкарда ва модарони ҷигарсӯхтаву мотамдор истоданд. Ҷавонони башӯромадаро ба оромӣ хонда, халқи аз зиндагӣ дилмондаро бо суханони умедбахш руҳбаланд намуданд.
- Солҳои нобасомонӣ дар шаҳраки Данғара ситоди гурезаҳо амал мекард, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар рӯз омада, аз ҳоли мардуми саргардон хабар мегирифтанд. Роҳбарии ситод бар дӯши ман буд. Аз ман шароити будубоши гурезаҳоро пурсида, сари вақт аз пайи ҳалли мушкилашон мегардиданд.
Бузургонамон гуфтаанд, ки он чи дар дег аст, ба кафлез мебарояд. Шукуфоии кишвар, муаррифии Тоҷикистон дар миқёси ҷаҳон чун як кишвари ободу осоишта ва амн, рушди иқтисодиёт, таҳкими муносибатҳои дипломатӣ бо давлатҳо аз сарҷамъии халқ маншаъ мегиранд, ки ин ҳама ба шарофати заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаанд, - иброз медорад Адолат Шарифова.
Қутбия НЕЪМАТУЛЛО,
Душанбе - Данғара - Душанбе
Мубодила:
Шарҳҳо











