Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Суфраи наврӯзӣ бо таомҳои миллӣ
ДастархонАз замонҳои қадим бонувони чирадасти тоҷик дар омода намудани анвои ғизоии гуногун маҳорати баланди кадбонуӣ дошта, бо зарфиятҳои хоси худ, бахусус бо тарзи омодасозӣ, истифодаи навъҳои гуногуни маҳсулот суфраҳои ҷашниву рӯзмарраро ғанӣ сохта, ба ҷаҳон муаррифӣ намудаанд. Хони идонаи ҷашнҳои миллӣ, хосса Наврӯзи бостониро бидуни ғизоҳои гуногуни хуштаъму гуворо таҳиянамудаи кадбонуҳои тоҷик тасаввур кардан номумкин аст. Ғизоҳои миллии тоҷикон бо рангорангии худ, аз қабили анвои хамирӣ, гӯштӣ, ширӣ, сабзавотӣ ва ғайра аз ҳамдигар фарқ доранд. Бо мақсади муаррифии бештари ҳунари бонувони минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон ва эҳёи ғизоҳои қадимии миллӣ чанд дастуреро аз тарзи тайёр намудани ғизоҳои маҳаллӣ барои хонандагони азиз пешкаш менамоем.
Умочи боҷазза
Анора Раҳимова, сокини шаҳраки Сомониёни ноҳияи Рӯдакӣ, ки дар ошхонаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ, ғизоҳои лазизи тоҷикӣ таҳия менамояд, дастуреро аз тарзи таҳия кардани хӯрокҳои миллии «Умочи боҷазза» ва «Ойлова» пешниҳод намуд. Тарзи таҳияи ин ғизоҳо осон буда, маҳсулоти зиёд зарур нест.
Барои таҳияи «Умочи боҷазза» ду литр об ё шир, равған 2 қошуқ, тақрибан 100 грамм орд зарур аст.
Ордро рӯи табақе гирифта, рӯи он каме намакоб мепошад ва бо дастон онро соиш дода, умоч таҳия мекунад. Ба дег ду қошуқ равған андохта, умочро даруни он таф медиҳад. Баъди сурх шудан ба он шир ё об илова карда, то тайёр шудан мекобад. Агар бо об таҳия гардад, даруни он кабудӣ илова менамояд. Мувофиқи хоҳиш ба даруни умоч равғани ҷазза низ илова мекунад. Нафароне, ки ин ғизои сабукро чашидаанд, лаззати хуши онро ситоиш кардаанд.
Ойлова
Ойлова ғизои миллии баҳории мардуми кӯҳистон аст. Дар ҳар минтақа онро ба таври худ омода менамоянд. Барои таҳияи ойлова гиёҳҳои худрӯи тару тозаи испаноқ, пудина, пиёзи сабз, гашниз, райҳон, раҳдавак, каравчак, шибит, ҷамилак, барги рошак, об ва каме орд зарур аст.
Анорабону тақрибан 3 литр обро ҷӯшонда, мувофиқи хоҳиш ба он намак меандозад. Кабудиҳоро реза карда, ба дег мерезаду то 20–30 дақиқа мепазад. 4–5 қошуқ ордро дар зарфе ба оби хунук ҳал карда, ба дег ҳамроҳ мекунаду меомезад. Чанд дақиқа пас оташро хомӯш карда, ойловаро як сӯ мегузорад, то каме сӯзонии он фурӯ нишинад. Пас ба табақи чӯбӣ кашида, мувофиқи табъ ба рӯяш дӯғу кабудӣ мерезад.
Кочӣ
Рақсонбӣ Маҳмудова, сокини шаҳри Кӯлоб, ин хӯроки серғизоро, ки як навъи атола асту миёни мардум бо унвони ғизои пайғамбарон унвон гирифтааст, гоҳо ҳамчун субҳона ба хотири гуногунии хӯрок таҳия менамояд. Таркиби кочӣ асосан аз обу орду маска иборат буда, дар баъзе минтақаҳо ба ҷойи об шир ҳамроҳ мекунанд.
Бону Рақсонбӣ кочиро асосан аз обу орду маска таҳия менамояд. Масалан, 4 литр об ва каме намакро ба дег андохта, меҷӯшонад ва 2 коса орд рехта, бетанаффус мекобад. Бо ғафс шудани он кам-кам оби сӯзон илова карда, омехтанро идома медиҳад, то ғизо дар дег начаспад. Баъд аз 15 дақиқа оташро хомӯш карда, як коса маскаро ба он илова мекунаду хуб мекобад ва ба табақи чӯбӣ мебардорад.
Барои хушхӯр шудани кочӣ дар баъзе маҳалҳо рӯи он дӯғ мерезанд. Кочиро асосан аз орди гандум омода менамоянд. Дар ноҳияҳои водии Зарафшон кочиро аз орди гандуми тирамоҳӣ мепазанд.
Ношхухпа
Самира Муҳибшозода, сокини шаҳри Хоруғ, бар он назар аст, ки ношхухпа ғизои табобатӣ буда, бонувони Бадахшон онро бештар барои рафъи бемориҳои узвҳои нафаскашӣ, хосса зукому шамолхӯрӣ таҳия менамоянд. Ношхухпаро барои поксозии рӯдаҳо низ истифода мебаранд.
Барои омода кардани ношхухпа асосан обу ғӯлинг (зардолуи хушк) ва орд зарур аст. Самира як коса ғӯлингро дар оби хунук тоза шуста, дар 1 литр об хуб меҷӯшонад. Ду қошуқ шакар ҳамроҳ карда мекобад. Қариби пухтани ғӯлингоб тақрибан 2 қошуқ ордро ба каме оби ширгарм ҳал карда, ба дег мерезад ва чанд дақиқаи дигар мекобад.
Ғизои омодашударо ба табақи чӯбӣ кашида, бо аҳли хонавода якҷоя тановул мекунанд. Агар нафаре бемор бошад, ба ӯ ношхухпа хӯронда, тавсия медиҳад, ки муддате худро гарм нигоҳ дорад. Ба иқрори ӯ бо таъсири ношхухпа дар рагу пай қувват ва гармӣ давида, бадан арақ мекунад ва беморӣ рафъ мегардад.
Атолаи қунчӣ
Зулайхо Муҳаммадиева, сокини шаҳри Панҷакент, атолаи қунчиро бо завқу салиқаи хос таҳия менамояд. Ин ғизои маъруфи мардуми водии Зарафшон буда, солҳои пеш онро бонувоне, ки дар баландкӯҳҳои Зарафшон ҳамсаронашон чӯпонӣ мекарданду қаймоқу равғани фаровон доштанд, мепухтаанд. Бо мурури замон мардуми водӣ низ тарзи пухтани онро аз худ карда, дар арафаи ҷашну маросимҳо, хосса Ҷашни Наврӯз кадбонуҳо барои аҳли хонавода ин ғизои лазизро тайёр мекунанд.
Модаркалони Зулайхо бибии Меҳринисо дар айёми ид атолаи қунчӣ пухта, пайвандонро ба атолахӯрӣ мехонданд. Вақти пухтани атола ҳавлӣ пур аз меҳмон мешуд, зеро на ҳар кас аз уҳдаи пухтани ин ғизои болаззат мебаромад. Шукр, ки набера аз момо дастури таҳиясозии ин ғизои миллиро омӯхта, ҳамакнун метавонад барои тамоми бонувон пешкаш созад.
Зулайхо ба дег як коса қаймоқу 250 грамм гӯшти лаҳмро чоркунҷа реза карда меандозад ва 15 - 20 дақиқа мезирбонад. Ҳамин ки қаймоқ равған ҷудо кард, як косаи дигар равғани маска илова мекунад ва то сурх шудани қаймоқ мепазад, пас ба он як пиёла дурда (он чи аз моеъ баъд аз ҷӯшондан таҳшин мешавад) илова намуда, баъди ду-се дақиқа ним коса орд илова мекунад. Ордро то сурх шудан пухта, се литр об меандозад. То сурх ва ғафс шудани атола дегро бетанаффус мекобад. Вақте атола равған ҷудо кард, хӯрок омода мешавад. Равғанҳои рӯйи дегро бардошта, сӯе мегузорад ва мувофиқи табъ ба атола ду дона тухмро шикаста, илова мекунад ва дар оташи паст ду-се дақиқаи дигар мепазад. Вақти илова кардани тухм атоларо намекобанд.
Ситора АШӮРОВА
Мубодила:
Шарҳҳо
