БОЙГОНӢ

«    Апрел 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
282930 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Котиби масъули «ватан»

Фарҳанг

Зиёда аз понздаҳ сол мешавад, ки ҳар субҳ, замоне, ки офтоби оламафрӯз аз паси қуллаҳои сарбаланд падидор гашта, тамоми чорсӯи диёрро ғарқи нуру рӯшноӣ ва гармӣ мебахшад, Ҳадя Мазориева аз хонааш, ки дар маҳаллаи Пуни Ҷегунӣ воқеъ аст, ба сӯи коргоҳаш, идораи рӯзномаи ноҳиявии «Ватан» раҳсипар мегардад.

Дар маркази маъмурии ноҳия аз биноҳои куҳна ва фарсудаи солҳои пешин қариб осоре намондааст. Акнун иншоот ва биноҳои баландошёна сохта мешаванд. Бо ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зиёда аз 5,5 километр роҳу кӯчаҳои маркази ноҳия тахту ҳамвор, мумфарш ва чароғон гардидаанд…

Бонуи рӯзноманигор, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, дорандаи нишони Аълочии матбуоти Тоҷикистон Ҳадя Мазориева садҳо маводи хонданбоб навишта, дар нашрияи «Ватан» ва дигар рӯзномаҳо интишор додааст.

Ин саҳар низ вай аз канори роҳи мошингард, аз пайраҳаҳои ободгаштаи он қадам мениҳад. Роҳгузарон, ки ин бонуи ситорагармро хуб мешиносанд, ба ӯ самимона салом медиҳанд. Ба ҳуҷраи кориаш, ки дар бинои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ҷойгир аст, ворид мегардад. Ҳамчун котиби масъул барои нашри шумораи навбатии рӯзнома, ба Ҷашни Наврӯзи ҷаҳонӣ омодагӣ мегирад…

Ҳадя зодаи деҳаи Потови Ҷамоати деҳоти Ҷовидон мебошад. Падараш Абдулбасир Мазориев, муаллими фанни забонҳои немисӣ ва англисӣ, ҳоло бознишаста мебошад. Зиёда аз сӣ сол директори мактаби миёнаи деҳаи Потов ва инчунин МТМУ № 15, рустои Ҷовидон буд. Модараш Шарифамо тамоми умр ба касби деҳқонӣ шуғл меварзад. Нигоҳубини боғҳояшро ба ҷо меорад ва аз он даромади хубе мегирад. Ҳадя соли 2002, баъди бо баҳои аъло хатм кардани МТМУ № 15, ба факултаи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи устод Садриддин Айнӣ дохил мешавад. Вай аз ҳамаи имтиҳонҳои дохилшавӣ баҳои панҷ мегирад. Баъди хатми Донишгоҳ соли 2007 бештар аз чор сол дар телевизиони «Ҷаҳоннамо» кор мекунад. Азбаски шавҳаршавандааш Шаҳриёр Бурҳонов, баъди хатми Донишкадаи фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дар бахши фарҳанги ноҳияи Ванҷ кор мекард, зарур омад, ки ба зодгоҳаш баргардад ва ҷашни арусиву домодӣ барпо намоянд.

Меҳр ва шавқу завқи пешаи рӯзноманигорӣ дар дили Ҳадя сахт маъво дошт ва ӯ азм намуд корро дар рӯзномаи ноҳия идома диҳад. Соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ванҷ сафари корӣ анҷом медоданд. Дар деҳаи Жовид Роҳбари давлат бинои МТМУ-и навро мавриди истифода қарор доданд. Падари Ҳадя омӯзгори донишманд ва ташаббускор Абдулбасир Мазориев сухан ронд. Барои дастгириҳо ва ғамхориҳои Роҳбари давлат, аз ҷумла бунёди бинои нави таълимӣ дар деҳаи Жовид изҳори миннатдорӣ намуда, пайғоми яке аз мӯйсафеди 90-солаи рустои Потов Ҷангӣ Ҷумъаевро расонданд. Гуфтанд, ки ин марди куҳансол, бо заъфи пирӣ дар мулоқот иштирок карда натавонист. Ӯ чунин хоҳише дорад, ки барои рафтуомади сокинони деҳа аз болои Ванҷоб пули пиёдагузар сохта шавад.

Сарвари давлат изҳор доштанд: «Ба мӯйсафед аввало аз номи Роҳбари давлат салом расонед ва гӯед, ки аз болои Ванҷоб пули пиёдагузар не, балки мошингузар сохта мешавад».

Ҳоло ин супориши Пешвои муаззами миллат ба ҷо оварда шудааст ва на танҳо пули нақлиётгузар, балки зиёда аз як километр роҳи миёни ин деҳаи дар даромадгоҳи деҳоти водии Ванҷи Боло, тахту ҳамвор гардидааст.

Дар бораи пайғоми пири навадсолаи деҳаи Потов ва сохта, мавриди истифода қарор гирифтани иншооти роҳдорӣ, инчунин, бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон номи рустои Жовид ба деҳаи Ҷовидон табдил додани он яке аз аввалин маводи хонданбобе буд, ки Ҳадя Мазориева ҳангоми дар рӯзномаи «Ватан» ба фаъолият оғоз намуданаш, навиштааст…

Ҳадя бо ҳамсараш Шаҳриёр рӯзгори хушу хуррам дорад. Духтараки дӯстрӯякашон Дурдона дар синфи чор бо баҳои хубу аъло таҳсил дорад. Шаш нафар хоҳару бародаронаш дар ҷодаҳои гуногун ба нафъи халқу Ватан заҳмат мекашанд. Хоҳараш Дилшодбегим омӯзгори МТМУ № 36, бародараш Саид директори МТМУ № 15, рустои Ҷовидон ва бародари дигараш ҳавонаварди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Дар давоми 15 соли хабарнигорӣ ва котиби масъули рӯзномаи «Ватан» буданаш, Ҳадябонуро барои кор ба чандин идора ва муассисаҳо даъват карданд, вале вай аз кори дӯстдоштааш - журналистӣ дил канда наметавонад…

Сироншоҳи ДИЛОВАР,

рӯзноманигор

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_03_2025_small_.pdf [4.22 Mb] (зеркашиҳо: 18)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон