БОЙГОНӢ

«    Март 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

МУСАВВИР

Фарҳанг

Соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи мамлакат, ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва таъмини иҷрои ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла раванди саноатикунонии босуръати кишвар аҳамияти бузург дорад. Дар баробари рушди соҳаҳои дигар саноат яке аз самтҳои афзалиятноки Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб меравад. Ин нуктаро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ иброз намуда, пешниҳод карданд, ки солҳои 2022–2026 «Солҳои рушди саноат» эълон карда шавад.

Дар ин радиф, саноатикунонии босуръат чорумин ҳадафи миллӣ маҳсуб ёфта, мақсади ниҳоии он бунёди корхонаҳои истеҳсолии рақобатпазир бо коргоҳҳои рушдёфтаи хориҷи кишвар, дарёфти мавқеи устувор дар бозори ҷаҳонӣ ва, албатта, бо татбиқи ин барномаи нави миллӣ, таъмини теъдоди зиёди қувваи кории мамлакат бо ҷойҳои корӣ мебошад.

Дар ин замина, дар вилояти Суғд, аз ҷумла дар шаҳри Исфара дар самти саноатикунонӣ қадамҳои устувор гузошта шудаанд. Аз рӯи барномаҳои миллии саноатикунонӣ аз ҷониби Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия бисёр тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Вақте дар шаҳри Исфара қарор доштем, моро даст дод, ки аз як корхонаи хурд дидан намоем. Корхонаи мазкур соли 1990 бунёд ёфта, соли 1993 ба истеҳсоли зарфҳои кулолӣ машғул гардид, ки то 80 нафар коргар дошт. Онҳо ашёи рӯзгор, аз қабили коса, лаган, пиёла, гулдон, кӯза ва ғайра истеҳсол намуда, ба мардум пешкаш мекарданд.

Диққати моро амали бонуи чашмикордон, бонуе, ки бо нӯги қалам ба зиндагии мардум эҳсоси зебоиву тароват мебахшид, ба худ кашид. Маҳсули дастони нозуку моҳираш ҳар бинандаро ба тааҷҷуб меовард. Ҳар мусавварае, ки ӯ тасвир менамояд, як олами нави ӯст. Ба онҳо дида медӯзаму андеша менамоям, ки дастони муъҷизаофари Муҳиба оҳиста-оҳиста дар ҳамин корхона такмил ёфтааст. Ӯ корро дар ин кошонаи ҳунар оғоз карду аввал наққошию кандакорӣ дар рӯи гилро омӯхт. Ҳар рӯзу ҳар соат шавқаш ба ин касб зиёд гардида, торафт ба маҷрои бекарони олами ҳунар пайваст гардида, нақшу нигораҳои ҷолибро эҷод менамуд.

Муҳиба Аҳмедова дар бораи касбаш бо меҳру муҳаббати беандоза гуфтугӯ мекард. Воқеан, вай аз таҷрибаи устодони ҳамин коргоҳ дидан мекарду саъй менамуд, ки нақшҳояш басо ҷолибу дилрабо бошанд. Сараввал ӯ маҳорати худро дар наққошӣ ва кандакорӣ дар рӯи гил сайқал дод. Баъдтар ишқаш боло гирифту наққоширо аз худ намуд. Ҳар як тасвири рӯи ашёҳо гӯё барояш ҷон мебахшиданд. Чунон моҳирона ин амалҳоро иҷро мекард, ки беҳамтост.

Ҳини сафари корӣ ин амали наҷиби ӯ аз назари раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода пинҳон намонд. Барои сайқал додани санъати миллии кулолӣ пешниҳод кард, ки барои ин намуди ҳунари миллӣ ягон лоиҳае пешниҳод намояд. Муҳибабону соли 2023 барои ташкили мактаби омӯзиши касби кулолӣ ба гирифтани Гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мушарраф гардид. Онҳо тавонистанд, ки дар коргоҳ бунёди печи гилпазиро васл намоянд, ки он барои пешрафти ин соҳа дар ин минтақа мусоидат намуд.

Муҳиба тавонист дар ҳамкорӣ бо шуъбаи шуғли аҳолии шаҳри Исфара чандин курсҳои омӯзишӣ ташкил намуда, барои азбар кардани касби кулолӣ ба шогирдон дарсҳои омӯзишӣ гузаронад, ки онҳо ҳам ҳунар ёд гирифтанду ҳам соҳиби шаҳодатномаи кулолӣ гардиданд.

Ӯ ба чандин минтақаҳо, аз ҷумла шаҳрҳои бос­тонии Панҷакенту Истаравшан сафар намуда, барои бунёди хумдони кулолӣ, яъне пухтани маҳсулоти гилӣ кумак расонд.

Воқеан, кулолӣ ҳунарест, ки аз лойи махсус зарфҳову лавозимоти дигар месозанд. Ин соҳаи ҳунармандӣ дар байни тоҷикон аз давраҳои қадим ошност.

Он рӯз мо дар коргоҳи кулол маҳсулоти омоданамудаи ҳунармандонро дида, бори дигар ба санъати волои онҳо аҳсан хондем.

Гулҷаҳон МАҲКАМОВА,

шаҳри Исфара

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_03_2025_small_.pdf [4.22 Mb] (зеркашиҳо: 15)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон