БОЙГОНӢ
« Декабр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷъ | Шб | Яш |
1 | ||||||
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 |
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
ТАНҲО МОДАРАМ МЕБОЯДУ БАС!
ФарҳангОсори гаронмояи Шайх Аттори Нишопурӣ лабрез аз гуфтугӯи ишқ аст. Шоистатарин муҳаббате, ки дар офариниши ин орифи ошиқ ҳувайдост, ишқи модару фарзанд аст. Қаламкаши мумтоз дар “Илоҳинома” ҳикоятеро меорад, ки аз муҳаббати тифлаки навзод ба модар қисса мекунад.
Зане тифлеро ба бозор меораду нохоста он тифл дар издиҳом гум мешавад. Тифлак фиғону ноларо ба арши аъло мерасонаду хоку даст бар сару рӯй мезанад. Атрофиён аз ҳоли ӯ ба риққат омада мепурсанд, ки модаратро чӣ ном аст?
Кӯдак изҳор медорад, ки номи ӯ намедонад, ӯро модар хитоб мекунад. Суроғаи хонаву маҳалашро мепурсанд, намедонад. Солорҳо мегӯянд, то номи модарат ё нишонаи хонаву маҳалатро нагӯӣ, ба ту ёрӣ дода наметавонем.
Тифлак бо оҳу афғон иброз медорад:
Маҳаллат менадонам хона ҳам низ,
Ба ҷуз модар намедонам дигар чиз.
Ман ин донам чунин дармонда бе кас,
Ки танҳо модарам мебояду бас!