Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
«Аз боғи гул ба гӯш расад сози Майсара»…
ФарҳангҲунарпешаи халқии Тоҷикистон Майсара Дилдорова 80-умин рӯзи мавлудро дар саҳна бо ҳунарнамоӣ дар маҳфили эҷодии созу суруд ҷашн гирифта, хотири ҳаводорони хешро шод гардонд. Мухлисони таронаҳои дилангезу нави ҳунарманд интизор доранд, ки соли равон дар барномаҳои консертӣ ба ифтихори рӯзҳои Ваҳдати миллӣ ва Истиқлоли давлатӣ ба ҳунарнамоии сарояндаи маҳбубашон кафкӯбӣ хоҳанд кард.
Булбули хушилҳон
Нахустин таронаҳояшро овони хурдӣ ба гӯши сабзаву майсаҳои навдамида, муғчаҳои навшукуфтаву баргҳои рақсони шохаҳои дарахтон аз навозиши насими форами кӯҳистон дар чаманистони зодбум месуруд. Истеъдоди ҳунарвари хурдсол гоҳе дар муҳити ором ва гоҳе пур аз ҳаёҳу сайқал меёфт. Вақте духтараки гандумгуни зебочеҳра аз байни шохаҳои сабз ва ғарқи гул сар мебароварду суруд мехонд, садои табиӣ бо чаҳ-чаҳи мурғакони боғ ҳамҷӯрӣ пайдо мекард. Ӯ бо ин тарзи ҳунарнамоӣ тахаллуси «булбулак»-ро гирифт. Ба ҷойи ҳадияи гулдаста булбулаки хушилҳону хушхонро ҳаводорон бо шириниҳо ва меваҳои тару тоза ҳавасманд менамуданду ӯ бо илҳоми зиёд бештар месуруд.
Аз забони «булбулак» одатан дубайтиҳои ҳунарманди халқӣ Савсан Бандишоева ва дигар ҳофизони маҳаллӣ садо медоданд, вале суруди «Зуҳроҷон» аз филми ҳунарии эронӣ бо номи «Булбули саҳроӣ» ҳунарманди хурдсолро бештар машҳур гардонд. Дар озмунҳои вилоятӣ ва ҷумҳуриявии дастаҳои худфаъолиятӣ доварон ба қобилияту истеъдоди наврас, ки сурудро дар қолаби тоҷикӣ бо сабки тоза ва шево иҷро намуд, баҳои баланд доданд. Бо ҳамин шева Майсара Дилдорова аз 17-солагӣ дар ҳайати эҷодии Театри вилоятии мусиқию мазҳакавии шаҳри Хоруғ ба фаъолият пардохт.
«Моҳи Шуғнон…»
Театр барои Майсара зинаи сайқали маҳорату малака ва камолоти касбӣ гардид. Муҳити эҷодӣ дар радаи оҳангсозони варзида Қиматшо Шоискандаров, Мавлодод Бахтиёров, Раҳматҳусайн Мавлододов, Раҳимбой Чақабоев ва дигар пешаварони собиқадор, барои сабзиши истеъдодҳои ҷавон созгору мададгор буд.
Оҳангсоз М.Бахтиёров зимни як суҳбат ба муаллифи ин сатрҳо иброз дошт, ки санъати театрии Бадахшон пас аз муваффақиятҳои беназир дар солҳои 40–50-ум ва оғози солҳои 60-уми асри гузашта муддате ба пасравӣ рӯ ба рӯ гардида, барои эҳё ва рушд ба истеъдодҳо ва чеҳраҳои нав ниёз дошт. Яке аз онҳое, ки дар ин давра воқеан чун бозёфти нодири лаёқат ба майдони ҳунар қадам гузошт ва чун ситорае дар шаби тор дурахшид, Майсара Дилдорова буд.
Барои оҳангҳои чун мавҷҳои равони рӯди кӯҳӣ мутантан эҷоднамудаамон садое тоза, бурро, марғубу дилкаш ба мисли оби чашмасорон зарур буду дар ниҳоди ҳунарманди ҷавон Майсарабону чунин сифатҳоро дарёфтем, -изҳор дошт оҳангсоз.
Меваҳои ҳамкории эҷодӣ зуд аз худ дарак доданд. Пас аз чанде мухлисони созу суруд дар вилоят ва саросари ҷумҳурӣ ба овози Майсара тақлид мекарданд.
Таронаи «Моҳи Шуғнонам», оҳанги Қиматшо Шоискандаров, шеъри Маҳмадалишо Ҳайдаршо, нахустин суруди ҳунарманди ҷавон, ки дар радиои ҷумҳурӣ садо дод, зуд ба дил ва забони мардум нишаст. Вазири фарҳанги давр Меҳрубон Назаров дар мулоқот бо санъаткорони манотиқи гуногуни кишвар, дар мавриди таъсири неруи санъати асил ба афкори мардум ва нақши он дар таҳкими дӯстиву ҳамбастагӣ борҳо бардоштҳояшро аз сафари шаҳри Конибодом нақл мекард, ки бонувони хубчеҳра, ки куртаи атласи нав мӯдшуда ба онҳо хирому дилбарии бештар мебахшид, дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳр сайр ва зери лаб суруди «Моҳи Шуғнонам»-ро замзама менамуданд.
Ҳампешагони Майсара, ки дар сабти ин суруд дар студияи радиои ҷумҳурӣ ширкат доштанд, ёдовар мешаванд, ки садобардор марди калонсоли рус ба Майсара рӯ оварда мегӯяд:
Ту овози махмалин дорӣ, духтарам. Танҳо табиат ва муҳити кӯҳистон чунин садои ноб ва софу беғашро мепарварад…
«Ман хонаму дил рақсад»
Армуғони ҳунарманд ба ҳаводорони санъат сурудҳои наву дилнишини «Душанбе», «Гулдухтарони тоҷик», «Се хоҳарон», «Ман хонаму дил рақсад», «Дӯст медорам туро» ва даҳҳо гулдастаҳои тару тозаи эҷодии сарояндаи маҳбуб буд.
«Ситораҳо, шарораҳо…» дар Озмуни ҷумҳуриявии Кумитаи давлатии радио ва телевизион беҳтарин суруди соли 1977-ум ва барандаи ҷоиза дониста шуд. Ҳамкории Майсара бо композиторони барҷастаи ҷумҳурӣ, ба мисли Фозил Солеҳов, Қудратулло Яҳёев, Заррина Миршакар, Яъқуб Сабзанов барои вай уфуқҳои баланди эҷодиро боз намуд. Бо садои булбулсон дар қатори ҳунармандони варзида дар саҳнаҳои ҳунарии мамолики хориҷӣ санъати тоҷикро муаррифгар шуд.
Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Давлатманд Холов, ки дар бисёр сафарҳои дастаҳои ҳунарии санъаткорони тоҷик ба хориҷи кишвар ширкат дошт, ба барномаи телевизиони Бадахшон ба ифтихори 70-солагии зодрӯзи ҳунарманд чунин изҳор намуда буд:
«Майсара Дилдорова дар ҳар ҷойе ҳунарнамоӣ мекарданд, ба ҳақиқат меҳвар ва ситораи барномаҳои консертӣ буданд».
«Ситораҳо»
Шоир Куйбек Шарифзода, ки худро шефтаи овози Майсара медонад, дар бораи фазилати ин ҳунарманд меафзояд: -Ҳофизон одатан дар васфи табиати зебо ва қуллаҳои баланди Бадахшон месароянд, вале Майсара Дилдорова қуллаҳои волои инсонии мардум, самимият, хоксории мардуми кӯҳистонро тараннум менамояд. Суруди «Ситораҳо»-ро гирем, он ба инсонҳои созандаву бунёдкори даврони шуравӣ бахшида шудааст, ки бо дурахши хеш дар осмони умр ва ҷаҳду талошҳо роҳи зиндагии нав ва осоиштаро барои мардуми кишвар мунаввар сохтанд.
Аз садои Майсара накҳати гулу сабза, навозиши нарми насими баҳорону таровиши оби чашмасорон ва вазну тамкини қуллаҳои кӯҳсорон меояд. Ҳар сурудеро, ки ӯ ба мухлисон пешкаш менамояд, моли сара аст…
Дар барномаи консертӣ ба ифтихори Истиқлоли давлатӣ бори дигар мухлисон шоҳид шуданд, ки садои ҳунарманди маҳбуб ҳамеша ширину дилангез асту бо гузашти айём ба он халал ворид нагаштааст,- мегӯяд яке аз мухлисони ҳунарманд, сокини шаҳри Хоруғ Ақлимо Шоалифова.
Аз нақли иштирокдори аввалин рӯзҳои фарҳанги Бадахшон дар шаҳри Душанбе, устоди Донишгоҳи давлатии Хоруғ Юсуфбек Шодмонбеков шоири маҳбуб Лоиқ Шералӣ низ дар маҳфили консертӣ ҳузур доштаанд. Вақте Майсара Дилдорова «Ман намемирам»-и ин шоири шаҳирро дар оҳанги Мавлодод Бахтиёров месарояд, ҳозирини толор мафтуну шайдои оҳангу овози мутантан паёпай каф мекӯфтанд. Муаллифи шеър бо эътирофи ҳунари сароянда изҳор доштаанд: «Агарчанде яке аз маҳбубтарин шеъри банда тағаннӣ гардид, оҳанг ва садои дилангези сароянда маро мутаассир сохта, он ҳама болотар ва волотар аз шеър гаштааст».
Дар нахустин барномаи консертӣ пас аз марги мутриб ва оҳангсози мумтоз Қиматшо Шоҳискандаров, ҳангоме, ки сароянда бо оҳанги ҳазин, вале ошно ва садои нарм, хаставу пурандуҳ суруди нави «Мутрибон замзамаи сози нав оғоз кунед…»-ро оғоз бахшид, аҳли толор ашк мерехт.
«Ай оби зи ҳам рафта…»
Эҷоди Майсарабону дар давраи душвори ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гусаста нашуд. Ҳунарманд бо аввалин корвони санъати Бадахшон дар соли 1994-ум хатти ҷабҳаи рӯёрӯйро убур намуда, дар пойтахт ва шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бо суруди нави «Ай оби зи ҳам рафта ба ҳар ҷӯй, ба ҳам ой» паёми мардуми ташнаи сулҳу ваҳдати кишварро ба дилҳо расонд, ки басо рамзӣ буд.
Бештар аз 20 шоири шефтаи ҳусну эҷоди ҳунари Майсара покиву хоксорӣ, фазлу истеъдоди худододашро сутуда ӯро шоҳи кишвари дилҳо, мумтоз, ҳамнавои Зуҳра, булбули кӯҳистон номидаанд…
Фариштаи садо
Майсарабону бештар аз 60 сол рӯйи саҳна ҳунарнамоӣ дорад. Сурудҳояш ҳамеша ба мисли завқи ҳунарманд ҷавон мемонанду ба қавле «дар руҳи пир шавқу завқи ҷавониро бедор месозанд». Бештар аз 200 шеъру оҳангро бо садои махмалину дилнишин умри ҷовидон бахшида, офарандаи 30 нақш дар саҳнаи театр аст.
Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи бинои наву муҳташами Театри вилоятии мусиқию мазҳакавии Хоруғ ба номи Меҳрубон Назаров, моҳи августи соли 2020-ум, саҳми театр ва ҳунармандони онро дар рушди санъати тоҷик арзанда номида, аз ҷумла зикр намуданд:
«Мо ба суруду таронаҳои ватанпарваронаи ҳунармандони халқии Тоҷикистон Майсара Дилдорова, Нуқра Раҳматова ва Душанбе Паллаев ҳамчун намунаи олии таронаҳои ватанхоҳӣ арҷ мегузорем».
Дар ҷараёни маросим Сарвари давлат чун номи Майсара Дилдороваро ба забон гирифтанду ӯро миёни собиқадорони санъат дар қатори аввали толор диданд, бо нишони эҳтиром аз минбар поин шуда, аснои суҳбати самимӣ ба ҳунарманди халқӣ гуфтанд:
«Ман аз ҷавонӣ мухлиси сурудҳоятон будам ва мемонам»…
М. ШОҲҶАМОЛ
Мубодила:
Шарҳҳо
