БОЙГОНӢ

«    Сентябр 2024    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Шашмақом, Ню-Йорк, ҷоизаи Грэмми

Фарҳанг

Садои кафкӯбии аҳли толор дар саҳнаи бузурги Ню-Йорк, ки дурахшонтарин ситораҳои санъати ҷаҳониро ба оғӯш гирифтааст, Насибаро ба қитъаи дигари сайёра, ба сарзамини биҳиштосое мебурд, ки дар хоки ҷонбахшаш ҳаёти хуррам дошт. Аз баландии қуллаи орзу ба нишебиҳои сабзу хуррами роҳи тайкарда нигариста, сипосу шукри сарнавишти меҳрубон мекард.

Рӯзгори ин бонуи ҳунарманд, ки қариб дар ҳама фаслу бобҳояш танини навоҳои равонбахшу тавонбахши шоҳасари мусиқии тоҷик «Шашмақом» ба гӯш мерасад, хонданиву сутуданист.

Ӯ ҳамон духтараки нозукандому сарвқади деҳаи Тағояки ноҳияи Спитамен аст, ки дар рӯзгори хуррами наврасӣ аз навои чашмасорон илҳом мегирифту бо мурғакони хушилҳон пинҳонӣ ҳамсароӣ мекард. Дар мактаби мусиқии деҳ дуторнавозиро меомӯхт, аммо дар дилаш муҳаббат ба сурудҳои классикӣ ҷӯш мезад. Матни сурудҳои шашмақомсароёни маъруфро аз ёд намуда, дар чорабиниҳои мактабӣ замзама мекард.

 Муаллими мусиқии деҳ аз маҳорати сурудхониам огаҳӣ ёфта, пеш аз чорабинӣ ба хона омада, аз падарам иҷозат гирифта, мегуфтанд, ки овози боқувват дораду дигар наврасон мисли ӯ сурудҳои классикиро хонда наметавонанд. Аз ин суханон қиблагоҳӣ хушнуд шудаву шавқи беандозаи маро дида, дуо доданд, то ҳаваси бачагӣ ба ишқи ҷовидони зиндагии ман бадал гардад, - ба ёд меорад Насиба Омонбоева.

 

Пас аз хатми мактаби миёна соли 1994 сӯйи Омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Хуҷанд ба номи Содирхони Ҳофиз роҳ пеш гирифт. Таҳсилкардаи мактаби ӯзбекӣ буду барои аз худ кардани дарсҳо бо забони тоҷикӣ душворӣ мекашид. Муаллимон ба овоз ва дарки оҳанг баҳои баланд дода, ғамхорона нозукиҳои Шашмақомро бо забони тоҷикӣ барояш меомӯзанд.

 Соли аввали таҳсил моро ба пахтачинӣ бурданд. Дар пахтазори бекарон сурудҳои классикии тоҷикиро замзама мекардам. Пахтачинӣ бароям беҳтарин василаи омӯзиши забон шуд ва дар муддати кӯтоҳ лаҳну баёни тоҷикиро аз худ кардам. Муаллим Иномҷон Исҳоқов тарзи дурусти талаффузи калимаву ибораҳо ва дарки маънии ғазалҳоро бароям шарҳ медоданд, - мегӯяд Насиба.

Бо тавсияи устодон соли 1996 ба Ансамбли тарона ва рақси «Дурдона», ки роҳбарии онро устод Ҷӯрабек Набиев ба уҳда доштанд, шомил шуд. Ансамбл барои Насибаи ҷавон мактаби дигаре гашт. Ба мақомсароии ҳунармандони касбӣ зеҳн мемонд ва дар пайравӣ ба устодони бузурги шашмақомхонон Ҷӯрабек Набиев ва Боймуҳаммад Ниёзов нозукиҳои ин санъати олиро аз бар менамуд.

 Соли 1998, баъди хатми Омӯзишгоҳ дар даст дипломи аъло ба зодгоҳ баргаштам. Аз рӯйи маслиҳати падар худро ҳамчун муаллими мусиқии мактаби зодгоҳ медидам. Пеш аз баргаштан ба зодбум, устод Худойбердиев пешниҳод карданд, ки имкон дорам ба факултаи санъати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров дохил шавам. Ман бовар надоштам, ки таҳсилро идома медиҳам, зеро волидон интизорам буданду шояд барои идомаи таҳсил иҷозат намедоданд. Сари як пиёла чой бо аҳли хонавода мулоимакак пешниҳоди устодро иброз доштам. Падар чанде ба андеша фурӯ рафта пас гуфтанд, ки не гӯям, роҳи туро мебандам, ин қадар меҳнат кардӣ, заҳмат кашидӣ, дипломи аъло гирифтӣ, ки ин кори андак нест. Чун дар ин шоҳроҳ қадам гузоштӣ, дилпурона ба пеш ҳаракат кардан гир. Ин суханони падар дуои неки сафар ба шоҳроҳи санъат буду бароям пару бол бахшид, - ёд меорад Насибабону.

Дар Донишгоҳ сурудҳои классикиро аз Қосимҷон Ҳасанов омӯхт. Ҳам таҳсил мекарду ҳам дар ансамбли «Нури Хуҷанд», таҳти роҳбарии устод Ҷӯрабек Муродов фаъолият мебурд. Дар маҳфилҳои шаҳрию вилоятӣ, дар озмуну чорабиниҳои гуногун ширкат меварзид. Гирандаи стипендияи раиси вилоят буду Донишгоҳро бо дипломи аъло хатм намуд.

Соли 2003 Насиба Омонбоева барои такмили маҳорат ва дониши амаливу назариявӣ ба Академияи мақоми кишвар даъват шуд. Дар Академия силсилаҳои қисми овозии «Наср» ва «Савт ё амал»-и мақомҳои «Рост», «Наво», «Бузург», «Дугоҳ», «Сегоҳ», «Ироқ»-ро аз Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, санъатшинос Абдувалӣ Абдурашидов ҳамроҳи аспирантон Озода Ашӯрова, Хуршед Иброҳимов, Зумрад Самиҷонова, Сироҷиддин Ҷӯраев, Тоҳирҷон Ҷӯраев, Камолиддин Ҳамдамов ва Ҷамшед Эргашов омӯхт. Ҳамчунин, аз ситораи доиранавозони Осиё, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Саттор Фозилов нозукиҳои дойранавозиро аз худ намуд.

Академияи мақом, ки олитарин таълимгоҳи амалию таҳқиқии мусиқии Шашмақом аст, дарвозаи вуруди Насиба ба сатҳи байналмилалӣ гардид. Дар ҳайати дастаҳои ҳунарӣ ба мамолики Британияи Кабир, ИМА, Олмон, Юнон, Миср, Шветсия, Фаронса (9 маротиба), Нидерландия, Белгия, Италия, Корея, Эрон, Россия, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва дигар давлатҳо сафар намуда, иштирокчии симпозиумҳои байналмилалӣ шуд.

 Бо ташаббуси Тоҷикистон соли 2003 бо қарори махсуси ЮНЕСКО Шашмақом ҳамчун мероси нодири фарҳангии аҳли башар эътироф гардид. Ин навиди фарҳангӣ барои ҷомеаи Тоҷикистон ва махсусан алоқамандони шоҳкории санъати тоҷик фараҳбахш буд. Шашмақомсароёни тоҷик дар доираи чорабиниҳои давлатӣ пайваста дар арсаи байналмилалӣ ҳунарнамоӣ намуда, муаррифгари санъати волои миллӣ мебошанд. Дар толорҳои бузурги дунё сароидани Шашмақом дар ҳайати гурӯҳ барои ман ифтихор буд, аммо вақте дар Фаронса дар алоҳидагӣ чанд суруд хондам, худро дар баландтарин қуллаи орзу дидам, - ба ёд меорад сароянда.

Насибабону, ки бо истеъдоди фитрӣ ва маҳорати касбӣ тараннумгари Шашмақом буд, барои хизматҳои шоиста ва тарғиби мероси мусиқии устодони тоҷик дар ин шоҳроҳ ба як қатор унвону ҷоизаҳои милливу фаромарзӣ, аз ҷумла медали Хизмати шоиста (2005), Ҷоизаи «Беҳтарин сарояндаи мақом» дар Озмуни байналмилалии «Шарқ тароналари» (Самарқанд, 2007) номинанти ҷоизаи байналмилалии Грэмми (Ню-Йорк, 2008) қадр шудааст. Ҳамчунин, дар Ҳамоиши байналмилалии санъати мақом дар Шаҳрисабзи Ӯзбекистон соли 2018, ки намояндагони 73 давлати дунё ҳунарнамоӣ доштанд, мақомсароёни тоҷик, ки Насибабону низ шомили гурӯҳ буд, соҳиби Шоҳҷоиза гардид.

 

Сарнавишт Насибабонуро бо ҳамдилу ҳаммаслаку ҳаммаромаш, танбӯрнавози мумтоз Абдураҳмон Сатторов, ки ҳам дар арсаи ҳунар, ҳам дар арсаи фаъолияти омӯзгорӣ ва ҳам дар зиндагии ибратомӯз ҳамроҳанд, пайванд намуд. Ин оилаи фарҳангӣ дар қатори ҳама унвону ҷоизаҳо соҳиби ду духтари дӯстрӯву як писаранд, ки зиндагии эҷодиашонро мазмуни рангинтар мебахшанд.

Барои бунёди хонаводаи хеш ва тарбияи шоистаи фарзандон бо пешниҳоди модари шавҳарам аз пойтахт ба зодгоҳ баргаштем. Дар шаҳри Бӯстон Ансамбли шашмақомсароёни

«Навои Аҷам»- ро таъсис додаем, ки дастпарварони он дар тамоми чорабиниҳои фарҳангии вилоятиву ҷумҳуриявӣ фаъолияти чашмрас до­ранд, -иброз медорад Насиба.

Ӯ бо ин ҳунари асил ними дунёро тай зад. Дар саҳнаҳои хурду бузург алоҳидаву гурӯҳӣ ҳунарнамоӣ карда, қалби дилдодагони Шашмақомро тасхир намуд. Сар аз соли 2007 Насиба Омонбоева дотсенти кафедраи мусиқии суннатии тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров асту шогирдонаш зебдиҳандаи арсаи ҳунаранд.

Мафтунаи ҚОСИМ

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон