БОЙГОНӢ

«    Сентябр 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

  Маърифат – парвардаи фарҳанг

Фарҳанг

Бо мақсади тақвият бахшидани ғояҳои ваҳдати миллӣ ва ташаккули афкори ҷомеа дар руҳияи ватандӯстиву иттиҳод, ягонагиву хештаншиносӣ, ки маҳз ҳамин арзишҳои воло дар ҳама давру замон тоҷиконро аз парокандашавӣ нигоҳ дошта, дар ташаккули тамаддуни миллати мо ҳамчун фишанги ояндасоз хизмат бинмудааст, дар солҳои истиқлоли давлатӣ бо ибтикори Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушду эҳёи фарҳанги миллӣ, иқдомҳои муҳим рӯйи даст гирифта шуданд.

Бо назардошти нақши муассисаҳои фарҳангӣ дар тақвият ва ташаккули идеологияи миллӣ, эҳёи ҳунару расму оинҳои бостонии халқи тоҷик ва таҳкими афкори ватандӯстиву тарбияи маънавии ҷомеа, дар паёмҳои ҳарсолаи Президенти Тоҷикистон баробари баррасии дигар соҳаҳои хоҷагии кишвар ба рушди соҳаи фарҳанг таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад. Биноан, бунёдгузории садҳо иншооти бузурги фарҳангӣ, мавриди баҳрабардорӣ қарор додани осорхонаву муассисаҳои гуногуни фарҳангӣ дар тамоми шаҳру навоҳии мамлакат, таҷдиду барқарорсозии мавзеъҳои машҳури таърихӣ, рушди соҳаи китобдориву ривоҷу равнақи тоза пайдо кардани мактабҳои санъати бачагона ва ҷараёни озмуну чорабиниҳои сатҳи баланд аз муҳимтарин дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ арзёбӣ мегарданд.

      Мурури даврони истиқлоли давлатӣ дар партави сиёсати фарҳангпарваронаи роҳбарияти олии мамлакат, аз ҷумла дар ноҳияи Ҷайҳун муассисаҳои замонавии фарҳангӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд. Сарфи назар аз он ки таваҷҷуҳи аксари сокинон ба заминкориву рушди боғдориву парвариши меваҳои камназир нигаронда шуда, барзгаронаш бо ҳосили баланди сабзиву пиёз, лимуву дигар сабзавоту полизиҳо дар таъмини бозорҳои дохиливу ҳаҷми содироти ин маҳсулот ба хориҷи кишвар нақши муҳим доранд, теъдоди чашмраси наврасону ҷавонони онҳо ояндаи худро дар саҳнаҳои ҳунарӣ ва ноил шудан ба дастовардҳои бузург дар арсаи санъати мусиқӣ ва риштаи варзиш тасаввур менамоянд.

Бинобар гуфтаи Анзурат Назарзода, мудири бахши фарҳанги ноҳия, ба инояти солиёни ҳамзистӣ ва омезиши фарҳангу оинҳои қавму миллатҳои гуногун гӯиё маданияти хоса ташаккул ёфтааст, ки сокинонаш аз лиҳози маърифати оиладорӣ, ахлоқу зеҳният ва тарзу тариқи зиндагӣ аз аҳолии дигар навоҳии атроф фарқ мекунанд.

– Меҳру самимияти байниҳамдигариву фарҳанги волои ҳамсоядории бошандагони ноҳияи Ҷайҳун, маҳз аз баракати ваҳдату ягонагӣ ва баҳрабардории маънавӣ аз расму русуми якдигар маншаъ мегирад. Дар чунин муҳити маънавӣ насле тарбияву ба воя расида истодааст, ки дар баробари шавқу ангезаи донишандӯзӣ ҳаёти худро бидуни китобхонаву мактаби санъати бачагона ва марказу маҳфилҳои ҳунаромӯзӣ тасаввур карда наметавонанд.

Дар ноҳияи Ҷайҳун 35 адад муассисаҳои фарҳангӣ, аз ҷумла 24 китобхонаи оммавӣ, шаш хонаи фарҳангии деҳот, як клуб, мактаби санъати бачагона, кохи фарҳанг ба мардум хизмат мерасонанд. Шумораи ҳаваскорони навраси мактаби санъати бачагона қонеъкунанда набошад ҳам, интизор меравад, ки дар оянда аз миёни дастпарварони ин боргоҳи ҳунар ситораҳои дурахшоне зуҳур хоҳанд кард.

Ҷавобан ба таваҷҷуҳу дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилоят ва роҳбарияти ноҳия, ҷиҳати рушди фарҳанг ва фароҳам овардани беҳтарин шароити корӣ барои кормандони соҳа, аҳли ҳунар тасмим доранд, ки бо ҷалби ҳаваскорону дӯстдорони ҳунарҳои зебо аз ҳисоби наврасону ҷавонон ансамбли рақсии духтаронро таъсис диҳанд, то дар оянда базморои маҳфилу чорабиниҳои фарҳангӣ ва ҳам муаррифгари ноҳия дар сатҳи вилоят ва ҷумҳурӣ гарданд.

Бинобар иттилои масъулони бахши фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун, дар доираи нақша-чорабиниҳо ба истиқболи Ҷашни фархундаи Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз клубҳои деҳотии дар Ҷамоати деҳоти Панҷ баъди таъмиру азнавсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад. Илова бар ин, айни замон корҳои сохтмонӣ дар ошёнаи якуми осорхонаи ноҳиявӣ ба итмом расида, то Ҷашни таърихии 35-солагии Истиқлоли давлатӣ осорхонаи таъриху кишваршиносии ноҳияи Ҷайҳун ба фаъолият хоҳад пардохт.

– Омӯзгорони фанни таърих бо роҳбарии раиси Шурои собиқадорони ноҳия, бостоншиноси хуби мо Қобилҷон Зулматов ёдгориҳои дарёфтнамударо дар осорхонаҳои назди муассисаҳои таълимии ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварӣ намуда истодаанд, - иброз дошт дар идомаи суҳбат Анзурат Назарзода. – Хушбахтона, дар ҳамин марҳалаи созандагиву навовариҳо, масъулияти роҳбарии муассисаҳои фарҳангиро беҳтарин мутахассисони кордон ва масъулиятшинос ба зимма доранд, ки дар баробари иҷрои дастуру нақшаҳои пешбинигардида, ҳам ба ҳамкорӣ ҳунармандони хубу ҳаваскорони хушсалиқаро сарҷамъ карда истодаанд. Тибқи муқаррарот баъди ба истифода додани қасри фарҳанг дар Ҷамоати деҳоти Панҷ бахши фарҳанги ноҳия мақоми шуъбаро пайдо мекунад. Орзуи деринаи фарҳангиён ин таъмиру азнавсозии қасри фарҳанг аст, ки аз соли 1938 ҳама чорабиниҳои идона ва маросимҳои оммавӣ дар ин бинои таърихӣ доир мегарданд.

Ба андешаи Анзурат Назарзода, дар шароити пуртазоди ҷаҳони муосир ва равандҳои хатарзои ҷаҳонишавӣ фарҳанг ҳамчун абзори тавоно дар рушди идеологияи миллӣ, мафкурасозии ватандӯстонаву ҳам иттиҳоду ҳамдилӣ ва муқовимати дастаҷамъонаи мардум дар масири мубориза бо хурофоту дигар падидаҳои хатарзои ҷомеа, нақши меҳварӣ мебозад. Биноан, ҳар як аз воситаҳои фарҳангӣ дар тарбияи маънавӣ ва шаклгирии афкори ҷомеа таъсири хосаи худро дорад ва иқдомҳои созандагиву бунёдгузории муассисаҳои фарҳангии даврони соҳибистиқлолӣ далели гуфтаҳост, ки бо таъсису ифтитоҳи театру осорхона ва китобхонаву боғҳои фарҳангӣ дар кишварамон таҳаввулоти бузурги маданӣ ба вуқуъ пайваста истодааст.

- Ёд дорам, ки дар арафаи таъсисёбии Телевизиони «Сафина» барои мо, эҷодкорон, дарёфти мусоҳиб кори саҳлу сода набуд. Маҳз, баъди рӯйи кор омадани даҳҳо шабакаҳои сартосарии телевизионҳои давлатӣ дар тарбияи маънавӣ ва ташаккули салиқаи суханварии мардум таъсири бағоят бузург расонд, ки аксари аҳолӣ тавассути расонаҳо озодона суҳбат менамоянд,- ба ёд меорад Анзурат Назарзода. - Аз ин лиҳоз, ба эътибори нақши муассири ВАО ва адабиёти бадеӣ дар тарғибу ташвиқи сиёсати давлатӣ, аҳли қаламро мебояд ки ба хотири ташаккули афкори ватандӯстона миёни мардум ва баланд бардоштани эҳсоси масъулиятшиносӣ дар ҳифзи сулҳу ваҳдати миллӣ ва дигар муқаддасоти давлатдорӣ саъю кӯшиши бештар намоянд.

                                              Ҷамолиддин САЙФИДДИН,

                                                         ноҳияи Ҷайҳун

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_09_2025_small_.pdf [4.01 Mb] (зеркашиҳо: 15)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон