Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Зебо Нурова : Меҳри Ватан ҳамеша дар дилам аст!
Фарҳанг- Ба мо гуфтанд, ки чандин сол боз дар хориҷи кишвар иқомат доред. Дур аз ватан кирову чиро бештар ёд мекунед?
- Бале, чанд сол мешавад, ки дар хориҷи кишвар зиндагӣ мекунам. Барои муваффақияти бештари фарзандон ва ояндаи неки онҳо аз бисёр чизҳо даст кашидам — аз ҷумла аз шуҳрату маъруфияте, ки дар ватан миёни ҷомеа соҳиб будам. Бо вуҷуди дурӣ, худро беватан ва ғариб ҳис намекунам, чун меҳри Ватан ҳамеша дар дилам аст. Аз ҳама бештар модарамро, кӯчаҳоеро, ки дар он бузург шудам ва ҳавои софу одамони самимии диёрамро ёд мекунам.
- Замоне ансабли “Дарё”- и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳунармандони асилу маъруфи зиёдеро ба ҳам оварда буд. Шумо ба ин ансамбл чӣ гуна пайвастед ва чӣ хотироти ширин ба ёдгор доред?
- Дар ҳақиқат, ансамбли “Дарё” замоне мактаби бузурги ҳунарӣ дар миқёси ҷумҳурӣ ба шумор мерафт. Ман бо даъвати дӯстону ҳамкасбони ҳунармандам ба он ҷо омадам.Муҳити самимиву пур аз илҳом ҳукмфармо буд. Хотироти ширин бисёранд — машқҳои шабона, сафарҳои ҳунарӣ, кафкӯбиҳои гарм ва муҳаббати тамошобинон. Он даврон пойдевори зиндагии ҳунариам ҳастанд.
- Дар як мусоҳибаи хеш шодравон Нигина Рауфро устоди худ хондаед ва лаҳни хониши худро ба ӯ монанд кардаед. Ин муҳаббат аз куҷо сарчашма мегирад?
- Бале, ман Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, овозхони маъруф Нигинаи Рауфро устоди худ медонам. Ӯ барои ман на танҳо устод, балки мактаби ҳунарӣбуданд. Аввалин бор сурудҳои ӯро шунида, ошиқи садо ва ҳунараш шуда будам. Баъдан фаҳмидам, ки на танҳо садо, балки руҳу шеваи ифодаи матн низ дар ӯ нодир аст. Ҳангоми фаъолият дар ансамбли “Дарё” бо шодравон Нигинаи Рауф бисёр ҳамкорӣ мекардем. Дар тамрину машқҳо ҳамеша якҷо будем. Шояд ҳамин ҳамнишинии зиёд асари худро гузоштааст ё муҳаббати беандозаи ман ба овозу ҳунари ӯ як каме дар кашиши овози ман таъсир дорад. Ба ҳар ҳол, аз ҳамнишинӣ бо шодравон Нигинаи Рауф хушбахтам. Ҳамеша устодро ёд меорам. Ҳунару санъати Нигинаи Рауф на танҳо барои ман, балки барои бисёре аз ҷавонон омӯзанда ва мояи ифтихор аст.
- Суруди “Аз ту як соат ҷудоӣ хуш намеояд маро...” ба шумо маъруфияти зиёд овард. Дар ин хусус чӣ фикр доред: Бахт ба рӯйи шумо хандид, ки шодравон Маҳмадсаид Ҳисорӣ ин сурудро ба шумо ҳадия кард, ё иҷрои ҳунармандонаи шумо ба суруд шукўҳи дубора бахшид?
- Суруди “Аз ту як соат ҷудоӣ хуш намеояд маро…” воқеан, ҳунари маро миёни мардуми кишвар шуҳратёр кард. Ман инро ҳамчун туҳфаи илоҳӣ пазируфтам. Фикр мекунам, гарчанде саҳми шодравон Маҳмадсаид Ҳисорӣ дар ин ҷода бениҳояд бузург аст, зеро матну оҳанг хеле дилчасп ба ҳам омаданд, аммо агар муҳаббати ман ба ҳунару санъат намебуд, ҳангоми иҷрои он эҳсоси қалбам ҳис намешуд. Беҳуда нагуфтанд: “Он чи аз дил мебарояд ба дил рафта мерасад”. Пас,ба андешаи ман бахт ва меҳнату кўшиш ҳамроҳ шудаанд…
- Замоне ки шумо фаъолияти пайваста доштед, анқариб ҳама овозхонҳо сурудҳои пурмазмун месуруданд. Имрӯз ҷавонони маънисаро хеле каманд. Дар ин хусус чӣ назар доред?
- Албатта, он замон сурудҳо пурмаъно буданд, сари ҳар мисраъ, шеър ё худ матни суруд шунаванда метавонист андеша карда, хулоса барорад. Имрӯз, мутаассифона, сарояндагони ҷавон бештар ба зоҳири худ ва ритми суруд диққат медиҳанд, на ба маъно. Баъзан ин ҳолат маро ғамгин мекунад, аммо асабӣ не, зеро бовар дорам, ки санъати ҳақиқӣ ҳеҷ гоҳ аз байн намеравад. Шунавандаи зирак ҳамеша суруди пурмаъниро мешиносад.
- Суруди “Гулрези баҳоре буд...” аз ишқи зебои ду дилдода, вохӯрии онҳо дар шаби моҳтобӣ ва дарду фироқи ҷудоӣ қисса мекунад. Шоир ин ҳамаро хеле зебо тасвир намуда, лаҳни ширини шумо матну оҳангро ҷаззобияти махсус бахшидааст. Дар бораи пайдоиши ин суруд нақл кунед.
- Суруди “Гулрези баҳоре буд...” бароям пурарзиш аст. Ба дилам хеле наздик офарида шудааст. Дуруст гуфтед, ки суруд аз ишқи поку беолоиши ду дилдода қисса мекунад. Ҳангоми иҷрои суруд ман ҳам, шаби моҳтобӣ ва фироқи ногузири ошиқонро пеши назар меорам. Суруд худ дар як шаби илҳом ба дунё омад — вақте ки шоир матнро хонд, ман фаҳмидам, ки ин оҳанг танҳо бо ҳамин суханон зинда мешавад.
- Суруди «Ин ғами беҳаё чаро маро раҳо намекунад...» бо маънии баланд ва оҳанги таскинбахш офарида шудааст. Дар интихоби матн бо кӣ машварат мекунед ва умуман, матни сурудҳоро чӣ гуна интихоб менамоед?
- Суруди болозикр воқеан, аз тозатарин сурудҳои ман аст. Матнаш ба дилам бисёр наздик буд — сухан аз дарди инсонӣ, аммо бо таскин ва умед мегӯяд. Дар интихоби матн ман ҳамеша бо одамони наздик ва аҳли завқ машварат мекунам, вале интихоби охир аз худам аст. Агар матн дар дилам ҷой нашавад, барои суруданаш кӯшиш намекунам.Ба андешаи ман, ҳар суруд бояд як қиссаи аҷибро бозгӯ кунад.
- Гуфтанд, баъди фосилаи чандинсола, соли 2023 консерти бошукўҳе барпо намудед. Хумори дурӣ аз саҳнаи касбиро шикастед,мухлисони содиқи худро бозёфтед?
- Бале, пас аз танаффуси чандинсола бозгашт ба саҳна мисли гирифтани нафаси тоза буд бароям. Мухлисонро дидам - ашки шодӣ, эҳсосу ҳаяҷони пеш аз вохӯрӣ, хотираҳои фаромӯшшуда баргаштанд. Хумори саҳна шикаст ва ман фаҳмидам, ки муҳаббати мардум нисбат ба ҳунари ман ҳанӯз побарҷост. Ин бароям мояи ифтихору сарбаландист. Бо умеди рӯзҳои хуш ва вохӯриҳои оянда зиндагӣ хоҳам кард.
- То умр боқист, орзуҳоро тавлид месозад. Чӣ нақшаву ниятҳои нек доред?
- Нақшаҳо зиёданд, сабти сурудҳои нав, тарғиби матну оҳангҳои классикӣ ва тарбияи ҷавононе, ки мехоҳанд санъати асилро идома диҳанд. Мехоҳам ҳунарамро, санъати мардумамро тарғиб намоям, ҳарчанд дур аз ватан ҳам бошам.
- Бароятон барор мехоҳем.
Ташаккур!
Суҳбаторо Мижгон Халилзода,
рўзноманигор
Мубодила:
Шарҳҳо










