Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Оинаи пурҷилои таърихи миллат
ФарҳангОсорхона таърихи зиндаи ҳар халқу миллат буда, дар он таъриху фарҳанг, расму оин ва урфу одати мардум ҳифз карда мешавад. Халқи тоҷик дорои таъриху фарҳанги бою ғанӣ буда, он аз насл ба насл туфайли ашёи рўзгор, биноҳои таърихӣ ва урфу одатҳои миллӣ то замони мо омада расидааст. Аз ин рў, дар тамоми шаҳру навоҳии кишвар осорхонаҳои таърихӣ вуҷуд доранд, ки онҳо ифодакунандаи ҳастии миллатанд.
Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии шаҳри Конибодом яке аз чунин маконҳоест, ки дар заминаи мадрасаи Мирраҷаб - Додхоҳ, ки ёдгории таърихии меъмории нимаи асри ХVII ба шумор меравад, таъсис дода шудааст. Мадраса солҳои 1659–1660 аз ҷониби ҳокими вақти шаҳр Мирраҷаб-Додхоҳ сохта шуда, аз 4 толор, айвон, манора ва 14 ҳуҷра иборат аст. Дар даврони пеш дар мадраса соле то 100 толибилм ба таҳсил фаро гирифта мешуд. Дар аввалҳои асри ХХ дар ин кошонаи маърифат мударрисон Бўрихон домулло, Убайдулло ва Ҷунайдулло Махсум ва Махсум домулло ба шогирдон сабақ омўхта, ҷаҳони маънавии онҳоро бою рангин месохтанд. Онҳо тули 40 сол дар мадраса мударрисӣ намудаанд.
Бинои мадраса солҳои зиёд ҳоли хароб дошт. Солҳои 1977 - 1983 аз ҷониби устоҳои маҳаллӣ тармим шуд. Бо қарори Кумитаи иҷроияи Шурои вакилони шаҳри Конибодом аз 7-уми декабри соли 1983 ҳамчун Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносӣ ба фаъолият оғоз кард. Мардум дар ин Осорхона гузаштаи халқи худро бармало мебинанд. Баробари ворид шудан ба ин даргоҳ касро ҳиссиёти аҷибе фаро мегирад. Дарвозаҳои кандакорӣ, хуму асбобҳои гуногуни рўзгор касро ба олами андешаҳо ворид месозанд. Сайри олами таърих инсонро ба ватандўстиву муҳаббат ба хоки поки Ватан таҳрик месозад. Алҳол, дар Осорхона теъдоди нигораҳо ба 6884 расида, аз он 5223 адад нигораи фонди асосӣ ва 1661-тоаш нигораи фонди ёрирасон ба шумор меравад. Даромадгоҳ дорои дарвозахонаи қадим аст. Гўшае дар бораи 28 нафар Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ маълумот медиҳад. Ҳамзамон, дар бораи ёдгориҳои таърихие, ки аҳамияти ҷумҳуриявӣ доранд, гўшаҳо муҷаҳҳаз гардонда шудаанд.
Имрўз дар Осорхона 18 толори доимоамалкунанда, аз қабили «Табиат», «Хонаи анъанавии Конибодом, «Оҳангархонаи диёр», «Сафолот», «Сарулибос», «Кандакорӣ дар рўйи чўб», «Ҳунарҳои муосири анъанавӣ», «Санъат», «Фарзонафарзандони Канди куҳан», «Тиб», «Иштирокчиёни ҶБВ», «Маориф», «Кулолии муосир», «Кишоварзӣ» ва «Дастовардҳои даврони истиқлол» фаъолият менамояд.
Дар толори «Хонаи анъанавӣ» тарзи зисту рўзгори мардуми шаҳри Конибодом дар оғози даврони шуравӣ, фарҳанги либоспўшии онҳо ба намоиш гузошта шудаанд. Дар ин толор нигораҳои этнографӣ, ба монанди фаранҷӣ, ҷойнамоз ва ашёҳои рўзгор, дар толори оҳангарони диёр ашёҳое, ки оҳангарон истифода мебаранд ва маҳсули дасти онҳо, аз қабили табар, теша, каланд ва ғайра гузошта шудаанд. Дар толори «Сафолот» маҳсули дасти кулоли номии шаҳри Конибодом Маризо Зиёев (1898–1976) ба намоиш гузошта шудааст.
Дар толори «Сарулибос» либосҳои анъанавии мардона, занона ва кўдакона: фаранҷӣ, рўймол, ҷомаи беқасаб ва дигар либосҳои анъанавии давр, ки ифодакунандаи ҳаёти гузаштаву имрўзи кишвар аст, ба дидаҳо бармехўранд. Ҳар ҳуҷра, ҳар ҷиҳозе, ки ба намоиш гузошта шудаанд, соҳаҳову замонҳоро ифода менамоянд.
Дар толори «Кандакорӣ дар чўб» ҳунари дастии кандакор Усмонбек Мараҳимов гузошта шудааст: табақи дар, болои дар ва дигар нигораҳои кандакорӣ. Дар толори «Ҳунарҳои муосири анъанавӣ» асосан ҳунари дастии донишҷўёни Литсейи касбӣ-техникӣ-дўзандагии №50-и шаҳри Конибодом манзур шудааст. Ин толор пурра аз ҳаёти Литсей қисса намуда, дастоварди ҳунармандони онро ба мардум ошно месозад. Ба ин қадамгоҳи бузургон аз хориҷи кишвар, аз қабили давлатҳои Ҳиндустон, Чин, Норвегия, Эрон, Фаронса, Туркия, Латвия, Қазоқистон, Қирғизистон, Федератсияи Россия меҳмонони зиёде омада, аз гузаштаю имрўзаи ин шаҳри бостонӣ дидан менамоянд.
Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии шаҳри Конибодомро бонуи сариштакору фаъоли ҷомеа М. Иброҳимова роҳбарӣ менамояд. Ҳини суҳбат ин бонуи фарҳангпарвар дар бораи дастовардҳои Осорхона изҳор карда, гуфт, ки фаъолияти ин кошонаи таърихӣ на танҳо ба нигоҳдориву муаррифии мероси моддӣ ва ғайримоддии фарҳангӣ, ҳамчунин, ба баланд бардоштани маърифати таърихии ҷомеа, тарбияи насли наврас дар руҳияи худшиносиву ватандўстӣ ва таҳкими арзишҳои сулҳу ваҳдат равона гардидааст.
Гулҷаҳон МАҲКАМОВА,
шаҳри Конибодом
Мубодила:
Шарҳҳо











