БОЙГОНӢ

«    Сентябр 2024    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Пешаи омӯзгориро бояд дӯст дошт

Илм ва маориф

  Дар синфи чаҳорум таҳсил мекард. Рӯзе омӯзгори фанни таърих вориди синфхона гардид. Роҳу равиши дарсгузарии ӯ ба Зулфинисои он замон хурдакак таъсири амиқ расонд. Тухми меҳр ва муҳаббати пешаи омӯзгориро дар замираш кошт. Ҳамон лаҳза назди худ мақсад гузошт, ки муаллими ҳамин фан мешавад ва ба он то охирин нафас содиқ мемонад ва ба ташналабони роҳи дониш сабақ медиҳад.

Ҳамин гуна ҳадафи накуяш буд, ки пас аз хатми Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 50-и ноҳияи Сино ба Институти педагогии шаҳри Душанбе ба номи Т. Шевченко (ҳоло Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ) супурд. Ин боргоҳи таълимро бо ихтисоси муаллими таърих ва ҳуқуқ бо дипломи аъло хатм намуд.

 Фаъолияташро ҳамчун омӯзгори фанни таърихи халқи тоҷик дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 90 оғоз ва ҳафт сол маҳорати омӯзгориашро дар ин ҷо такмил бахшид. Меҳру садоқат ба касб ва масъулият дар иҷрои рисолаташ буд, ки миёни омӯзгорон ҷойгоҳи махсусро касб кард. Зулфинисои маърифатомӯзро гузашти замон неруи тозае бахшиду руҳи дучанд, то дар роҳи пешгирифтааш боз ҳам бештару беҳтар фаъолият бараду ғунчаҳои боғи донишро бипарварад. Ҳар вақте комёбии шогирдонашро медид, вуҷудашро ҳисси ифтихор ва сарфарозӣ мепечид, ки тавонистааст чанд наврасеро дониш додаву дар замирашон чароғи муҳаббати илмандӯзиро фурӯзон кардааст.

Дар баробари фаъолияти омӯзгорӣ, пайваста дар озмуну семинар ва конфронсҳо баромад намуда, маҳорату малакаи худро сайқал ва таҷрибаашро ғанӣ мегардонд. Ҳамин гуна талоши пайвастааш буд, ки пас аз чанд соли фаъолияти омӯзгорӣ ӯро ҳамчун тарбиятгари насли наврас муовини директор оид ба таълими нахустин Литсейи президентӣ дар шаҳри Душанбе таъин намуданд.

 Дар ин даргоҳи маърифат бар зиммааш боз ҳам вазифаи пурмасъулияттаре вогузошта шуд. Кунун ӯро мебоист дар баробари омӯзиши фанни таърих, инчунин ба таълими хонандагон низ аҳамияти аввалиндараҷа диҳад. Ӯро ҳадаф як буд, то мадор дар тан аст, ташналабони роҳи донишро таълим дода, ба роҳи илму дониш роҳнамоӣ созад. Ҳамин ҳадафи сидқӣ ӯро сол ба сол неруманд мегардонд. Талошро дӯст медошту доим пайи ҷустуҷӯ буд.

Давоми 16 соли фаъолият дар Литсей шогирдони зиёдеро тарбия намуд. Вақте медид, шогирде дар ҷодае муваффақ аст, меболид. Шогирдонаш имрӯз дар вазифаҳои масъулиятнок - сар карда аз раиси шаҳри Душанбе то генералу прокурор ва раҳбарони донишгоҳҳо ва ғайра фаъолият бурда истодаанд.

Аз соли 2010 Зулфинисо Иномова масъулияти роҳбарии Гимназияи № 74-и шаҳри Душанберо бар дӯш дорад. Дар баробари таълиму тарбияи беш аз 3 ҳазор хонанда, ҳамчунин, талош меварзад, то дарду мушкилоти омӯзгорони муассисаро низ дарк намояду маслиҳату машварат диҳад.

Замони фаъолияташ Гимназия ба муваф­фақиятҳои зиёде ноил гардидаву хонандагонаш ҳамасола дар озмуну олимпиадаҳои дохиливу хориҷӣ ширкат меварзанд ва медалҳои нуқраву тиллоро сазовор гаштаанд. Муассиса ба даҳгонаи беҳтарин мактабҳои типи нав ворид шудааст. Танҳо дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ хонандагони муассиса соҳиби 28 медал шудаанд, ки аз онҳо 6 нафар ҷойи якум, 6 нафар мақоми дуюмро касб намуда, боқӣ зинаҳои дигарро соҳиб шудаанд.

  Яке аз хонандагони фаъол Беназир Шоева дар озмунҳои «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Тоҷикон» - дар оинаи таърих» мақоми аввалро касб намуда, соҳиби 50 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ гардидааст. Дар баробари хонандагон, омӯзгорони муассиса низ дар озмунҳо иштирок намуда, ҷойҳои намоёнро соҳиб мешаванд. Дар ин росто, ҳамасола хатмкардаҳои Гимназия дар баробари пайвастан ба донишгоҳҳои кишвар, инчунин, ба муассисаҳои олии кишварҳои хориҷ низ дохил мешаванд. Соли гузашта 21 нафар шомили донишгоҳҳои хориҷ гардида, соли ҷорӣ аллакай 5 нафар дар донишгоҳҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин, 2 нафар дар Англия, 2 нафар дар Амрико ва 1 нафар дар Туркия номи донишҷӯйиро сазовор гардидаанд. Қисми зиёдашон ба муассисаҳои олии Федератсияи Россия ҳуҷҷат супурда, ба имтиҳонҳои дохилшавӣ омодагӣ мебинанд.

  Хушбахтам, ки умри худро сарфи роҳе сохтам, ки ҳамеша роҳнамои шогирдон ба роҳи илму дониш буду то имрӯз садҳо шогирдонро тарбия намуда, дар замирашон муҳаббати дониш андӯхтанро мақом додам, - бо ифтихор мегӯяд З. Иномова.

Чун суҳбат атрофи хотироту чи гуна сипарӣ намудани ин ҳама солҳои заррини фаъолияти омӯзгор мерафт, ӯ аз сафарҳояш ба минтақаҳои гуногуни кишвару хориҷ ёдовар мешуду чеҳрааш аз шодӣ мешукуфт.

 Бо як гурӯҳ аз хонандагон озими кишвари Полша шудем. Бояд дар яке аз лагерҳои он ҷо фарҳангу оини худро намоиш медодем. Гулдухтаронамон бо суруди сарояндаи зиндаёд Зафар Нозим ба саҳна баромаданд. Дар он ҷо намояндагон аз 28 кишвари дунё ширкат доштанд. Ҳозирин дар рақси духтарони мо ва суруди тоҷикӣ ба ваҷд омада, ба саҳна баромаданд. Ҳар кадоме ба таври худ мерақсиданду ҳаловат мебурданд. Ва ҳатто аз мо хоҳиш карданд, то он сурудро барояшон эҳдо намоем, ки аз ин дида, ифтихору фараҳмандӣ нест, - он рӯзҳоро бо хушнудӣ ёд меорад ҳамсуҳбатам.

Бо ёд овардани ҳар хотирае қалбашро эҳсоси гарме фаро мегирифт. Якояки он хотираҳо монанди сатрҳоеанд, ки китоби зиндагиашро пурра месозанд. Ӯ на дар як солу ду сол, балки умри худро пурра ба роҳе фидо карда, ки на молу сарват, балки обрӯ, эҳтиром ва намунаи ибрат буданро ба даст овардааст.

Ба таъкиди омӯзгор З. Иномова, инсон дар соҳаи хеш ҳаргиз набояд эҳсоси хастагӣ кунад. Барои омӯзгори хуб шудан бояд пайваста худомӯзӣ намудан рост меояд, чун худомӯзӣ шахсро дар пешаи хеш муваффақ мегардонад.

 Ҳар шахс бояд қабл аз ҳама, касбашро дӯст дорад. Вақте касбро дӯст доштӣ, дар роҳи интихобнамудаат муваффақ мегардӣ. Баъдан, омӯзгор, пеш аз ҳама, бояд шогирдонашро дӯст дораду нисбаташон эҳтиром дошта бошад. Дар ин ҳолат шогирдон аз устод чизи хуберо меомӯзанд, - меафзояд муаллим.

Аз суҳбати омӯзгори собиқадор дарк сохтам, ки умри хешро сидқан фидои роҳи маърифатомӯзӣ намудаанд. Оромтабиату дурандеш аст. Ҳар кадоме аз шогирдон ҳангоми дидораш ташаккур мегӯянд, ки барояшон дониш омӯхтаву роҳи дурусти ҳаётро нишон додааст. Дар таълиму тарбияи фарзандонаш Лолаву Шавкат низ саҳлангорӣ накарда, яке дар хориҷ аз кишвар фаъолият бурдаву дигаре таҳсили илм менамояд. Ва дар ин самт саҳми ҳамсарашро бештар медонад. Чун ба гуфтаи ӯ, агар шавҳараш Шуҳрат Наҷмиддинов, фарзанди нависандаи маъруф Мутеулло Наҷмиддинов, ӯро дастгиру мададгор намебуд, то ба ин қуллаҳои баланд намерасид. Шоире дар васфи ҳамин гуна устодон чунин дурри маънӣ суфтааст:

Устод набошад, ту чӣ донӣ қаламаш чӣ?

Устод набошад, ту чӣ донӣ рақамаш чӣ?

Устод набошад, ту чӣ донӣ суханаш чӣ?

Бар қайди ҳаёт омадану зистанаш чӣ?

Бунафша РАҲМОНОВА

 

 

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон