Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
КӮДАКДӮСТДОР
Илм ва маорифДавлатбӣ Турдиева зиёда аз 30 соли умри бобаракати хешро дар муассисаи томактабӣ гузарондааст. Дар баробари оромтабиату ботамкин буданаш, сахтгиру корталаб мебошад.
- Аз рӯзҳои аввали ба боғча омаданам, бедудилагӣ ҳамчун ёрдамчии мураббия ба кор сар кардам. Баъдҳо ба ошпаз ёрӣ медодаму мудири хоҷагӣ низ будам. Бидуни ҳарос аз уҳдаи ҳамаи вазифаҳое, ки ба зиммаам мегузоштанд, мебаромадам. Мекӯшидам то нозукиҳои корро омӯзам. Сол ба сол шароити корӣ беҳтар мешуду ман барои худ таҷриба мегирифтам, - изҳор дошт бону Давлатбӣ.
Ҳангоме ки зодмандон ва наздикони кӯдакон изҳори сипос мекунанд, ӯро ҳисси фараҳмандию шодӣ фаро мегирад, зеро онҳо кӯдакони хешро ба мураббияҳо бовар менамоянду бо тамоми ҳастӣ аз пайи кори ҷамъиятӣ мешаванд.
Ба гуфтаи ӯ, тарбияи кӯдак маҳз аз муассисаи таълимии томактабӣ оғоз меёбад. Дар ҷавоби ғамхориҳои Ҳукумату давлат, ки пайваста кормандони маорифро дастгирӣ менамоянд, онҳо низ дар навбати худ бояд савияи дониши хешро афзуда барои ташаккули зеҳнӣ ҳамаҷониба кӯшиш ба харҷ диҳанд.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритус заҳмату талошҳои Д. Турдиеваро ба назар гирифта, соли 2020 масъулияти мудирии муассисаи томактабии №3-ро ба ӯ бовар намуданд. Ҳар саҳар тозагӣ, тартиби коргоҳ, гирду атроф ва дохили муассисаро аз назар гузаронда, барои таълиму тарбияи кӯдакон шароити мусоид фароҳам меорад.
– Шукр мегӯям, ки имрӯз дар кишвари азизи мо сулҳу субот пойдор асту дар фазои оромиву осоиштагӣ зиндагӣ дорему кӯдакон озоду беғам ба воя мерасанд. Мафҳуми ваҳдатро доимо ба наврасон фаҳмонда, мекӯшем дар қалбашон ҳисси ватандӯстдориро ҷой созем. Ба кӯдакон ёдрас менамоем, ки Ватан ин модар аст, касе ки модарашро дӯст медорад Ватанро низ бояд ҳамчунон дӯст дорад.
Дуруст аст, ки мегӯянд, тарбия аз оила сарчашма мегирад. Вазифаи ҳар як падару модар, дар баробари ба камол расондани кӯдак, дар ниҳоди ӯ вафодору посдор будан ба Ватанро омӯзонанд, зеро ҳифз ва нигоҳдории сулҳу суботи ноёбе, ки ҳазорҳо сокинони сайёра орзуи онро менамоянд, вазифаи ҷонии ҳар як фарди меҳанпараст аст,- иброз дошт мудир.
Бону Давлатбӣ пайваста ва муназзам дар роҳи илмомӯзӣ кӯшиш ба харҷ дод. Коллеҷи омӯзгории ноҳияи Қубодиён, факултаи педагогика ва психологияи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусравро хатм намуд.
Барои фаъолияти пурсамар бо ифтихорномаҳо ва соли 2023 бо нишони Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадр гардид. Давлатбӣ дар баробари дӯсти хуб будан, ҳамчунин беҳтарин роҳбар ва роҳнамо барои кормандон аст. Бо заҳмат ва роҳбарии хубаш байни ҳамкорон иззату эҳтиромро сазовор гаштааст…
Ба гуфти мавсуф, дар боғча беҳтарин мураббияҳо фаъолият менамоянд. Онҳо таҷрибаи кофӣ дошта, усули кориашон омӯзанда аст. Ба онҳо ҳамеша тавсия медиҳад, ки барои мураббияи касбӣ шудан доим пайи омӯзишу мутолааи китоб бошанд. Бо ёрии мудир мураббияҳо пайваста дар чорабиниҳои соҳавӣ иштирок намуда, таҷрибаи ғанӣ мегиранд. Ҳамчунин, барои пурра намудани донишашон дар курсҳои такмили ихтисос ширкат меварзанд. Бо ёварӣ ва дастгирии мудир ба мураббия Гулшода Мустафоқулова муяссар гашт, ки дар байни мураббияҳои ҳафт боғчаи ноҳияи Шаҳритус ҷойи якумро гирад.
- Гузарондани чорабиниҳои ҷашнӣ барои кӯдакон яке аз самтҳои асосии тарбия аст. Кормандони боғча ҷашнҳои Наврӯз, Рӯзи Ваҳдати миллӣ, Рӯзи ҳифзи кӯдакон, Рӯзи Истиқлоли давлатӣ, Рӯзи дониш ва дигар идҳоро ботантана таҷлил менамоянд. Дар ин гуна рӯзҳо барномаҳои гуногуни фарҳангӣ - фароғатӣ бо иштироки кӯдакон ба роҳ монда мешаванд. Кӯдакон дар чорабиниҳои ноҳиявӣ низ бо барномаҳои рангин хотири ҳозиринро шод мегардонанд. Ба хотири тарғиб ва шиносоии либоси миллӣ кӯдакон дар ҷашнҳои давлатӣ бо куртаи чакану атлас ва тоқии тоҷикӣ ҳунарнамоӣ мекунанд, - изҳор медорад мудир.
Вай дар иҳотаи кӯдакон худро шоду хушҳол эҳсос мекунад. Аз таҷрибаи андӯхтаи хеш ҷавондухтаронро меомӯзад. Ба онҳо тавсия медиҳад, ки бо кӯдакон бо чеҳраи кушод ва сухани хуш муомила намоянд, зеро олами ботинии кӯдак зебою рангин аст ва онҳо ба меҳрубонӣ ниёз доранд.
Алҳол дар боғчаи мазкур 50 нафар коргар фаъолият менамояд. Дар байни онҳо 14 нафар мураббия, 14 ёрдамчии мураббия, муаллимҳои мусиқӣ, забони хориҷӣ ва забони русӣ мебошанд. Дар боғча 400 кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шудааст, ки аз онҳо 195 нафараш духтарон мебошанд.
Боғча ҳам барои кормандон ва ҳам барои тарбиягирандагон шароити мусоид фароҳам овардааст. Муассисаи томактабӣ соли 1962 эъмор ёфта, аз синфхонаҳо, ҳуҷраҳои хоб ва ёридиҳанда иборат аст. Соли 2024 дар боғчаи мазкур як толори нав мавриди истифода қарор гирифт.
Пешгирии бемории кӯдакон яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи роҳбарият аст. Аз ҳамин хотир, мудир пайваста кӯдаконро зери назорат қарор дода, ҳар рӯз аз ҳолу аҳволи онҳо хабар мегирад.
- Барои пешгирии бемориҳо сари чанд вақт кӯдаконро аз муоинаи тиббӣ гузаронда, таҳлилҳояшонро мегирем. Кӯдакон се вақт бо ғизо таъминанд. Ба боғча ҳар рӯз маҳсулоти тару тоза ворид мешавад, ки ошпазҳо аз онҳо хӯроку хӯришҳои гуногун омода месозанд. Кӯдаконро бо меваю сабзавот, гӯшту маҳсулоти ширӣ ва ғалладонагию меваҷот таъмин менамоем. Мутаассифона, баъзе волидон хӯрданиҳои зараровару нӯшокиҳои ранга харида ба боғча меоранд. Пас аз хӯрдани чунин анвои зараровар, кӯдакон ба бемориҳои дилу ҷигар, меъда ва рӯда гирифтор мешаванд, - мегӯяд Давлатбӣ Турдиева.
Мудири ғамхору масъулиятшинос ба хотири ташаккулёбии завқу истеъдод ва ҷалби онҳо ба санъат кӯдаконро ба китобхона, осорхона, боғҳои фароғатӣ ва марказҳои рассомӣ шинос менамояд. Ин амал паҳлуи тарбиявӣ дошта, дар ниҳоди кӯдак маърифату фарҳанг ва ҳувияти миллиро ҷой карда, онҳоро ба роҳи рости зиндагӣ ҳидоят менамояд.
Мадина БАЛАҶОНОВА,
Душанбе - Шаҳритус – Душанбе
Мубодила:
Шарҳҳо
