БОЙГОНӢ

«    Сентябр 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Ҳар кӣ хандонад ятими хастаро…

Илм ва маориф

Аз шоҳроҳи тахту ҳамвор мошин бошитоб ба сӯйи шаҳри Истаравшани бостонӣ раҳ мепаймуд. Чанде пас яке аз ёдгориҳои бузурги фарҳанги тоҷикон - Қалъаи Муғнамудор шуд. Бо тафохур ба ин ганҷинаи куҳани диёр дида дӯхта, ба самти Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан раҳсипор шудем, ки ҳадаф моро яке буд: ба истиқболи Ҷашни фархундаи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз дастовардҳои замони соҳибистиқлолии гӯшаву канори мамлакат огаҳии комил ёфта, бобати онҳо матлабҳо таҳия намоем.

Мактаб-интернат барои кӯдакони ятиму бепарастори шаҳри Истаравшан ба феҳрасти дастовардҳои муҳими шаҳр шомил буда, воқеан иншооти бобу муносиб барои кӯдакони аз муҳаббати пайвандон канормонда аст, ки ин ҷо беҳтарин шароити созгор фароҳам оварда шуда, хурдтарин ҷузъиёти он мадди назар гирифта шудааст. Тарҳи муосири намо ва дохили иншоот, мутобиқати рангҳо ба табиат ва хӯйи кӯдакон, мавҷудияти китобхонаи электрониву анъанавӣ, кабинетҳои фаннӣ ва синфхонаҳои пайваст ба шабакаи интернет, биноҳои алоҳидаи хобгоҳ, ошхона, толори бузурги варзишӣ, шабакаи ягонаи гармидиҳӣ, ду ҳавзи обтаъминкунӣ ва чоҳи захираи обро дида, касро эҳсоси фараҳу ифтихор боло мегирад, ки дар як гӯшаи кишвари азиз боз як муассисаи наву замонавие барои таълим, тарбия ва парастории кӯдакони ятиму бепарастор қомат афрохтааст то дарк созанд, ки давлату Ҳукумати мамлакат ҳамвора ғамхору парастори чунин кӯдакони маъсум буда, беҳтарин шароити будубошро барояшон муҳайё намудааст.

      Он чизе, ки аввал ба назар мерасад, саҳни тозаву озодаи мактаб аст. Ҳатто сабзаҳои аз ғояти гармии шадиди тобистон зардшудаи майдони он наметавонад ҳусни ин мактаби масоҳатан бузургу зеборо коҳиш диҳад. Гӯшае майдони сабзи варзишии атрофаш симтур печидаро дар фазои кушод бунёд намудаанд, ки бачаҳо ба бозии футбол андармонанд. Фаротар аз он боғи интенсивӣ буда, дарахтон ғарқи меваанд ва аз ҳосили онҳо барои таълимгирандагони мактаб афшураву нӯшокиҳо таҳия карда, ба рӯйи хони нисфирӯзӣ ва шом якҷо бо меваҳои тару тоза мегузоранд.

Бинои таълимии мактаб-интернат 16 синфхонаи муҷаҳҳаз бо лавозимоти хониш дошта, мизу курсиҳо ва ағлаби ҷиҳози он сифати олиро дороянд. Ин ҷо барои 520 хонанда шароити хуби таҳсил фароҳам оварда шудааст. Ҳоло дар мактаб 132 кӯдакро бисту ду омӯзгор ва ёздаҳ мураббӣ ба таълиму тарбия фаро гирифтаанд, 23 нафари таълимгирандагон духтарон мебошанд.

Директори мактаб-интернат Соҳиба Иномзода, ки соли чаҳорум аст дар ин даргоҳ фаъолият дорад, мегӯяд барои азнавсозии муассиса заҳмати бузурге сарф шуд ва чунин иқдоми наҷиб баъди ташрифи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Истаравшан рӯйи кор омад.

- Мактаб-интернат аз замони шуравӣ фаъолият карда, масоҳати бузург ва беш аз 2500 хонанда дошт. Солҳои ноамнӣ онро ба қисмҳо ҷудо намуда, дар ҳудудаш Коллеҷи тиббӣ, Коллеҷи ҳунарҳои мардумӣ, Гимназияи шаҳрӣ ва МТМУ № 3 фаъолият доштанд, ҳатто дар як ҳиссаи он хонаҳои истиқоматӣ бунёд ёфта буданд. Хобгоҳи куҳнаи мактаб-интернат ҳам ҷойи таълиму тарбия ва ҳам макони будубоши кӯдакон буд. Фарши ларзонак, синфхонаҳои тангу торик дошт. Зимистонҳои сард аз хавфи сар задани сӯхтор оташ афрӯхта намешуд. Моҳи августи соли 2022, вақте ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Истаравшан ташриф оварданд, бо таълимгирандагони мактаб-интернат вохӯрии муассире доштанд ва ваъда доданд, ки дар фурсати кӯтоҳ беҳтарин шароитро барояшон муҳайё месозанд, - изҳор намуд роҳбари мактаб.

Баъди ин мулоқоти таърихиву умедбахш заминҳои мактаб-интернат баргардонда шуданд, ду роҳи асосӣ бо ду дарвоза, бинои таълимӣ ва хобгоҳ бунёд ёфтанд.

17-уми ноябри соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мактаб-интернатро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд, ки барои мардуми шаҳри Истаравшан рӯйдоди басо фараҳбахш буд. Саҳми соҳибкорони маҳаллӣ низ дар бунёди ин иншооти муҳими иҷтимоӣ назаррас буда, барои таъмин кардани ҷиҳозу абзорҳои зарурии мактаб-интернат, ба таҳсили босифат фаро гирифтани ятимону бепарасторон омодагии хешро баён медоранд. Яке аз онҳо омода аст, ки хонандагони болаёқат, забондон ва умедбахши мактабро аз ҳисоби худ дар донишгоҳу донишкадаҳои кишварҳои ҷаҳон ба таҳсил фиристода, сарпарастии онҳоро ба уҳда гирад.

Таълимгирандагони мактаб-интернат дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва олимпиадаҳои фаннӣ фаъолона ширкат варзида, ҷойҳои намоёнро ишғол менамоянд. Хонандаи синфи 7-ум Ҳусниддин Ҷӯраев соли равон дар олимпиада аз фанни ҷуғрофиё ҷойи якумро соҳиб гашта, соли 2024 дар озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» ҷойи намоёнро дарёфт намуд. Нозанин Ҷӯраева дар даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» мақоми арзандаро сазовор гашт. Яке аз шогирдони арзандаи ин боргоҳ Муқаддас дар даври шаҳрии ин Озмун мақоми аввалро дарёфтааст, ки дар муваффақ шудани вай саҳми роҳбари мактаб, ки бевосита бо ӯ корбарӣ мекард, бузург аст.

   - Муқаддас ӯзбекзабон аст ва соли аввали хониш бо омезиши забонҳои тоҷикиву ӯзбекӣ бо душворӣ фикрашро баён мекард. Ӯро бо ақибмондагии зеҳнӣ пайвандон ба мактаб оварданд. Кӯдаке буд маъюсу озурда ва ба олами худ фурӯрафта. Касе аз муваффақ гаштанаш умед надошт. Бо ӯ шабу рӯз корбарӣ кардам, китобҳо мехондаму ӯ гӯш мекард, баъдан суолу ҷавоб, тарзи дурусти талаффузи калимаҳо, ифоданок хондани ҷумлаву байтҳои шеъриро ба ӯ омӯзондам. Гоҳ хобаш мебурд, гоҳ зиёд хаста мешуд, аммо билохира тавонистем гавҳари мақсудро ба даст орем. Муқаддас моҳи октябри соли 2024 дар озмуни шоҳномахонӣ, ки аз ҷониби кишвари Эрон ба тариқи онлайн роҳандозӣ шуд, беҳтарин шоҳномахони ҷавони хориҷӣ аз миёни 18 давлати ҷаҳон дониста шуд ва Шоҳҷоизаи озмунро ба даст овард. Ба ин тариқ, ба омӯзгорони мактаб батакрор таъкид менамоям, ки барои ҳамаҷониба инкишоф додани бачаҳо ҳеҷ чизе наметавонад садди роҳ гардад, беҳтарин шароити будубош ва таълим дар мактаб-интернат фароҳам аст, маҳфилҳои зиёди фаннӣ, омодагӣ ба озмунҳо дорем, танҳо аз сидқ заҳмату талош мебояд, то истеъдоди кӯдак кашф гардад ва ҳамчун шахсият дар ҷомеа ҷойгоҳи худро дарёбад, - афзуд Соҳиба Иномзода. P.S. Аз дидаҳову шунидаҳо мутаассир, месазад сиёсати иҷтимоии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷонибдорӣ кард, ки ба камолоти фарзандони халқ дар муҳити созгору солим таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, мекӯшанд ятимону бепарастон ҳеҷ гоҳ эҳсоси танҳоӣ накашанд ва зиндагии шоиставу арзанда бинанд.

                          Ситора АШӮРОВА,

              Душанбе - Истаравшан- Душанбе

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_09_2025_small_.pdf [4.01 Mb] (зеркашиҳо: 16)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон