Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Фидоии касб
Илм ва маорифДар ҳама давру замон омӯзгор ҳамчун рамзи хирад, маърифат ва эҳтиром шинохта мешавад. Маҳз ӯст, ки на танҳо дониш меомӯзад, балки инсонро ба роҳи рост ҳидоят менамояд, ахлоқу маънавиётро парвариш медиҳад ва дар ташаккули шахсият саҳми бузург мегузорад.
Гавҳарбӣ Давлатова намунаи омӯзгоронест, ки ин пешаро аз хурдсолӣ писандида, фидоии касби хеш гаштааст. Зодаи шаҳри Кӯлоб, таҳсилоти миёна ва олии касбиро дар зодгоҳ ба итмом расондааст. Аз падар бисёр чизҳоро омӯхтаву ӯро роҳнамои зиндагии худ медонад.
-Падарам ба соҳибкорӣ машғул буд, аммо бароям намунае аз донишмандони соҳибунвон маҳсуб меёбад. Аз таҷрибаи рӯзгор насиҳатҳо медод. Имрӯз ҳам ҳар коре, ки анҷом медиҳам, сухани падар сармашқи корам аст,- иброз медорад Гавҳарбӣ. Ҳини таҳсил дар мактаб ба фанҳои адабиёт ва таърих майли бештар дошт. Замони донишҷӯияш ба солҳои баъдиҷангӣ дар кишвар рост омад. Он давра хеле мушкил буд таҳсил дар донишгоҳ. Бархе аз волидон барои идомаи таҳсил ба духтарҳо иҷозат намедоданд, аммо иродаи қавӣ, ҷасорат ва розигии падар Гавҳарбиро барои таҳсил дар риштаи илми таърих комёб гардонд. Баъди панҷ соли таҳсил дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ фаъолияти худро ҳамчун омӯзгори фанни таърих оғоз намуд. Давоми ду соли фаъолият дар ин боргоҳ таҷриба андӯхт…
Пас аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи маориф аҳамияти аввалиндараҷа дод. Яке аз дастовардҳои муҳими даврони истиқлолият ин таъмини фазои сулҳу субот ва амният дар кишвар аст. Танҳо дар шароити осоишта ва оромӣ метавон дар бунёди низоми маориф ва таълиму тарбияи насли навкору боистеъдод муваффақ шуд.
Гавҳарбӣ Давлатова, соли 2002, бо сабаби вазъи оилавӣ ба шаҳри Душанбе кӯчида, фаъолияташро дар мактаби миёна идома бахшид. Инак, 19 сол мешавад, ки дар МТМУ№ 86-уми ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ҳамчун омӯзгори фанни таърих ба насли наврас дарс мегӯяд.
-Ҳадаф аз интихоби пешаи омӯзгорӣ дар он аст, ки мехоҳам заррае ҳам бошад, барои насли наврасу ҷавон таъриху тамаддуни миллати худро омӯзонда бошам, - таъкид медорад бонуи донишманд.
Яке аз афзалиятҳои фаъолияти омӯзгори заҳматписанд дар он аст, ки ба сифати таълим таваҷҷуҳи махсус медиҳад. То имрӯз чанде аз шогирдонаш дар озмуну олимпиадаҳои шаҳриву ҷумҳуриявӣ ширкат намуда, сазовори ҷойҳои намоён гардидаанд…
Барори ҳар як зан бунёди оилаи солим аст. Баробари омӯзгори соҳибэҳтиром будан дар ҷомеа, Гавҳарбӣ Давлатова дар бунёди хонаводаи солим муваффақ аст. Бо ҳамсафари ҳаётӣ дар як самт фаъолият намуда, соҳиби чор гулдухтари нозанин мебошанд.
- Бо ҳамсарам ҷигарбандони худро дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ тарбия намудем. Аз оромиву ободии диёри хеш меболам, ки барои ҳар як фарди ҷомеа имкониятҳо фароҳам овардааст. Аз он хушнудам, ки дар ҷомеа мавқеи худро пайдо намуда, барои фарзандонам роҳнамо ҳастем, – меафзояд тарбиятгари муваффақ.
Хушҳол аз он аст, ки дар диёри биҳиштосо умр ба сар мебарад. Кишваре, ки мақоми омӯзгор дар маркази сиёсати иҷтимоии давлат қарор дорад.
Гулшан ҶӮРАЗОДА
Мубодила:
Шарҳҳо
