БОЙГОНӢ

«    Феврал 2026    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
232425262728 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Зебуниссо

Илм ва маориф

Дар замони истиқлолият на танҳо дар пойтахт, балки дар тамоми гўшаву канори кишвар иншооти наву замонавӣ қомат афрохтанд. Шаҳраку деҳоти ноҳияҳои ҷумҳурӣ низ рў ба шукуфоӣ овардаанд. Дар ҳамин раванд, баҳри шароити мусоид фароҳам овардани кўдакон боғчаҳои замонавӣ бунёд шуда, хурдсолонро ба таълиму тарбия фаро мегиранд, зеро марҳалаи аввалини таълиму тарбия маҳз аз кўдакистонҳо оғоз гашта, малакаҳои муошират ва ҷомеашиносии минбаъдаи кўдакон аз ин даргоҳ инкишоф меёбад.

 

Боғчаи бачагонаи «Зебуннисо» яке аз чунин кўдакистонҳо дар шаҳраки Дарбанди ноҳияи Нуробод буда, он дар масоҳати умумии 0,9 гектар ва бинои асосӣ 906 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Дар саҳни ҳавлии боғча 6 адад суҳбаткада барои бозии кўдакон ва ҳавзи оббозӣ қарор дорад. Дар ошёнаҳои якуму дуюм беҳтарин ҳуҷраҳои машғулият, ҷойи хобу истироҳат, синфхонаи санъати мусиқӣ, ҳуҷраҳои корӣ, ошхона, маркази хизматрасонии тиббӣ ва дигар иншооти ёрирасон бунёд шуда, дару девори боғча бо санъати зебои тасвирӣ ва расмҳои қаҳрамонҳои афсонавӣ оро ёфтаанд.

Роҳбарии ин муассисаи томактабиро Раҳима Узбекова ба уҳда дорад. Мавсуф барои бедор кардани фаъолияти зеҳнӣ ва рушди неруи эҷодӣ бо кўдакон тамоми кўшишҳояшро ба харҷ медиҳад.

Кўдакистон имконият дорад, то 140 кўдакро ба тарбия фаро гирад. Феълан, дар ин ҷо 85 нафар кўдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шудааст. Ба таълиму тарбияи атфол як нафар омўзгори забони русӣ, 1 омўзгори забони англисӣ, як нафар муаллими мусиқӣ, 4 нафар мураббия машғуланд. Дар маҷмуъ, дар кўдакистон 27 нафар ба кўдакон хизмат мерасонад. Кўдакон се вақт бо ғизои гарм таъмин буда, машғулиятҳо вобаста ба синну сол гузаронда мешаванд. Машқҳои пагоҳирўзӣ, субҳонаву чошт, хўроки нисфирўзӣ, сайругашт ва бозӣ, истироҳату фароғат, машғулиятҳои меҳнатӣ, расмкашиву мусиқӣ асоси таълиму тамринҳоро дар бар мегиранд, - мегўяд мудир.

Маҳз дар боғча кўдак ба кор бурдани малакаҳои муоширати худро оғоз менамояд. Бо дигар кўдакон муомила намуданро омўхта, робитаи дўстӣ барқарор мекунад. Бисёр чизҳои навро аз худ намуда, ба ҷомеа мутобиқ мешавад. Ҳамзамон, баёни фикрро омўхта, изҳори онро низ дар назди дигарон меомўзад, зеро ҳар як кўдак ба рушди ҷисмонӣ ва зеҳнӣ ниёз дорад.

- Дар боғчаи мо муаллимони касбӣ ба бачагон пеш аз мактаб машғулиятҳои тайёрӣ мегузаронанд. Усулҳои замонавӣ ва бозиҳои шавқовар роҳандозӣ мешаванд. Тамоми дарсҳо мароқангезу ҷолиб сурат гирифта, тафаккуру хотира ва нутқи кўдакро ташаккул медиҳем.

Ҳамаи машғулиятҳо бо бачагон мувофиқи синну сол ва хусусиятҳои фардии онҳо гузаронда мешаванд. Омўзгорони мо соҳибихтисос буда, бо донишҳои зарурӣ мусаллаҳанд, - изҳор медорад ӯ.

Раванди таълим дар кўдакистон мутобиқи барномаи тарбия, таълим ва инкишофи кўдакони синни томактабии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст.

Мақсади асосии машқҳои инкишофдиҳанда дар кўдакистон ин ба кўдакон додани тамоми дониш ва малакаҳои зарурӣ аст. Дар ин ҷараён тамоми хоҳиш, қобилият ва хусусиятҳои фардии кўдак ба назар гирифта мешавад.

- Пеш аз ҳама, мекўшем, то ҳисси ватандўстӣ, муҳаббат ба наздикону зодгоҳ ва Ватанро дар ташаккули шахсияти кўдак бедор созем. Мо, кормандони кўдакистон, дар руҳияи ватандўстӣ тарбия намудани кўдаконро бароямон муҳим медонем. Кўдакони мо бо барномаҳои рангини шеъру рақсу суруд пайваста дар чорабиниҳои ноҳиявӣ иштирок менамоянд, - мегўяд мураббия Таманно Боронова, ки бо таҷрибаи 25 соли корӣ дар муассиса собиқадор ба шумор меравад.

Муносибати байни оила ва омўзгорон равандест, ки дар он барои рушди кўдак шароити мусбат фароҳам оварда мешавад. Ҳалли бомуваффақияти мушкили тарбияи кўдакон ва фаҳмиши ҳамкории падару модарон аз мураббиён вобаста аст.

Кори муштараки муассисаи таълимӣ ва зодмандон ҷузъи хеле муҳими системаи тарбияи кўдак мебошад. Дар тарбияи фарзанд дар натиҷаи робитаи мустаҳками волидон бо диққати доимӣ ба ҳаёти кўдак, чи дар боғча ва чи дар оила ба даст овардан мумкин аст. Муҳимтарин чизе, ки ҳам падару модар ва ҳам муаллим дода метавонанд, ин тарбияи кўдак мебошад. Муассисаи мо бо зодмандон ҳамкории хубро ба роҳ мондааст. Кўдакон олитарин ва муқаддастарин мавҷудоти рўи дунё ҳастанд.

Ин офаридаро эҳтиёт намудану таълиму тарбия кардан вазифаи на  танҳо падару модар, балки мураббияву омўзгорон низ мебошад. Мураббӣ бояд ба кўдак ҳамон тавр муносибат намояд, то ки меҳру муҳаббати вай дар дили кўдак мақом гирад.

Мо аз зумраи он нафаронем, ки ба ҳаёти кўдак ва оилаи ў ворид мешавем, зеро падару модарон аз ҳама неъмати бузург – фарзандонашонро ба мо бовар мекунанд. Муҳим аст, ки боварии волидонро аз даст надиҳем, балки онро мустаҳкам кунем, - мегўяд мураббия.

Раҳима Узбекова, гарчанде дар вазифаи мудири боғча на он қадар муддати зиёд кор карда бошад ҳам, ба ў муяссар гаштааст, ки фаъолона вазифаашро иҷро намояд. Хушмуомилагию ботамкинияш боис гардидаанд, ки фаъолияти назаррасро дар ин ҷода ба даст орад… Раҳима 1-уми апрели соли 1984 дар ноҳияи собиқ Комсомолободи ҳозира Нуробод чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Дар байни чор духтару як писар фарзанди нахустини оила мебошад. Падараш Зафар Узбеков рўзноманигор буда, модараш то ба нафақа баромадан ҳамчун момодоя ва ошпази боғча фаъолият намудааст. Мактаби миёнаро дар зодгоҳаш ба итмом расонда, сипас ҳуҷҷатҳояшро ба Омўзишгоҳи педагогии Ғарм месупорад. Ҳамзамон, факултети таърих ва ҳуқуқи Донишкадаи омўзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Раштро хатм кард.

Фаъолияташро дар МТМУ № 14 ҳамчун муаллим оғоз карда, як муддат мутахассиси Кумитаи замини ноҳияи Рашт буд. Боз ба мактаби № 14 баргашта, фаъолияташро давом дод. Аз соли 2023 мудири кўдакистони «Зебуннисо» аст…

Раҳима аз ҳунармандӣ низ бохабар аст. Шукргузор аз оромиву осоиштагии мамлакат, хандаи беғаши кўдаконро нишони сулҳ медонад. Умрашро ба кўдакони мардум бахшида, дар симои онҳо кўдакони худро мебинад.

                                                                                              Мадина БАЛАҶОНОВА,

                                                                                      Душанбе - Нуробод - Душанбе

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_01_2026_small.pdf [2.91 Mb] (зеркашиҳо: 12)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон