БОЙГОНӢ

«    Апрел 2026    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Муҳтарами як ҷамоат

Иҷтимоъ

Аз канори дашту домони сабз гузашта, ҳавои тозаву серун чун рӯзҳои аввалбаҳор бӯйи гулу гиёҳро ба машом мерасонд, ки баъд аз гармои чанд вақти охир бароямон басо ҳаловатбахш буд. Дар ин роҳ, ки фарҷоми он Ванҷи Боло аст, зиёд мусофирону сайёҳон равуо доранд. Бо нигоҳ доштани мошин дар гардиши дувуми деҳаи Бунай ҷавонмарди чорпаҳлуи чеҳрахандон бо табъи болида сӯи мо меомад. Сари роҳ диққати моро мошини боркаш, ки атрофаш мардуми зиёд буд, ба худ бурд. Ин мошини пурбор аз тоҷирони вилояти Суғд буд, ки хона ба хона гашта, аз мардуми деҳа тутмавиз — тути хушк ҷамъ мекарданд.

Мардумони заҳматписанди Ванҷ аз ҳар ваҷаб замин самаранок истифода мебаранд. Яке дар ҳазор, дигаре то 3000–4000 сомонӣ тутмавиз фурӯхтааст. Аҳсан ба ғайраташон. Дар баъзе деҳоти кишвар себу ноку олую олуча таги дарахтон рехта, пӯсида мераванду мардум ақаллан барои зимистони худ ё чорвои хона онҳоро хушк намекунанд.

Мӯйсафеди нуроние таваҷҷуҳи моро эҳсос намуда, лаб ба таҳсини ҳамсояҳояш мекушояд:

Бошандагони Ванҷ меҳнатқаринанд, хонаводае ҳаст, ки дар мавсим то 50–60 тонна себу нок мефурӯшад. Роҳҳо тахту ҳамвор гаштанд, худамон ҳам то бозорҳои Душанбе маҳсулотамонро мерасонем, лекин ин осонтар — аз дари хона омада мебаранд…

Бо Муъминҷон, дар ҳавлии фарохаш, ки заминҳои шодобу дарахтони ғарқи мева дошт, суҳбаткунон даричаи ошноиро мекушоем. Соли 2009 бо завҷааш, ки аксар ӯро чун Муҳтарами як ҷамоат мешиносанду ном мебаранд, тӯй барпо кард.Муъминҷон он замон баъди хатми Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ ба зодгоҳ баргашта буд. Зану шавҳари ҷавон тавре зиндагии худро оғоз бахшиданд, ки ҳам худ ва ҳам зодмандон аз он шукрона мекарданд.

— Гумон мебарам, ки маҳбубтарин хусуру хушдоманро Худоҷон барои ҳамсарам лоиқ донист, — хушнуд аз худу аз волидон мегӯяд Муъминҷон. — Онҳо Муҳтарамро чун духтари худ хондаву тарбият карданд, шояд ҳоло иқрор ҳам шавад, ки падару модарам боре ҳам ба ӯ баланд ҳарф назаданд. Муҳтарам низ аз рӯзҳои аввал дар ҷавоби нигоҳи гарми волидон ҳамчун фарзанд бо онҳо муносибат дошту эҳтиромашонро то имрӯз хуб ба ҷо меорад.

— Муъминҷон ҷавонмарди меҳнатдӯст, ризқи худро ҳалол меёбад. Дар баробари оилаи намунаи деҳа ва ноҳия будан, онҳо дар аксари чорабиниҳо вақт ёфта иштирок мекунанд, — мегӯяд муовини раиси ноҳияи Ванҷ Ганҷина Саъдон.

Бонуи хона Муҳтарам мегӯяд, ки ӯ бо Муъминҷон зиндагии худро дар фазои хушу солим ва якдигарфаҳмӣ оғоз намуданд. Аз рӯзҳои арусиаш ёдовар шуда, хусуру хушдоманро меситояду яке аз розҳои солиму пойдор мондан ва хушбахтии оилаи худро аз муносибати хуби онҳо медонад.

— Дурусттараш, ин фазои хушу гуворо ҳадияи зодмандони Муъминҷон аст. Маҳз онҳо моро панд медоданд, ки нисбат ба якдигар боэҳтиром бошем, ба мушкилиҳо тобовару аз ёфтаҳои худ мағрур нашавем, — иброз медорад ӯ.

Бо кӯшишу дастгириҳои шавҳар ва хусуру хушдоман Муҳтарам пас аз панҷ соли зиндагӣ, ки аллакай соҳиби духтару писар шуда буд, барои соҳибмаълумот шудан ба Коллеҷи тиббии шаҳри Хоруғ дохил шуда, онро бомуваффақият хатм намуд. Дертар курси момодоягиро поён бурд. Чанд соле мудири маркази саломатӣ буд, ҳамвора аз занҳои обистани деҳоти атроф бохабар мешуд. Рӯи дастони пур аз шафқату меҳрубонияш даҳҳо тифлакони навзод ба дунё омаданд.

Аз зиндагии шаҳдборашон оилаи дӯсту тифоқ панҷ фарзанд ёфт, ки чун падару модар бо фаросати баландашон азизу мӯътабари мактабу деҳа ва дӯстону наздиконашон ҳастанд. Умарҷон, хонандаи синфи 8, имсол дар озмуни «Илм — фурӯғи маърифат» дар даври вилоятӣ ғолиб баромад ва барои даври ҷумҳуриявӣ омодагӣ мегирад. Муъминҷону Муҳтарам дар замине, ки барояшон вобаста шудааст, хона бунёд карданду аз боғу роғ самаранок истифода мебаранд.

Бонуи исрофкор нест Муҳтарам ва ин хислати наҷибаш Муъминҷонро писанд омада, ки хароҷоти хонаводаро ба дӯши ӯ гузоштааст. Оилаи дӯсту тифоқ дар ҳама корҳои ташкилию чорабиниҳои фарҳангии ҷамоат ва ноҳия иштирокчии фаъоланд. Замоне, ки ба ин навиштаҳо нуқта мегузоштем, Муҳтарам муждаи неке дод, ки хурсандии моро ҳам афзун намуд. Ӯ ба факултаи тиббии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда, тахассуси кори табобатиро ихтиёр намуд. Он рӯз дур нест, ки Муҳтарам соҳиби маълумоти олӣ шуда, ба хизмати мардуми диёр аз пеш дида, худро бо азму бомасъулият ҳис намояд.

                                                                                      Р. Назир,

                                                                   Душанбе — Ванҷ — Душанбе

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_04_2026_small.pdf [3.92 Mb] (зеркашиҳо: 14)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон