Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Макони гулбадомон
ИҷтимоъДеваштич яке аз ноҳияҳои табиатан зебову дилрабои вилояти Суғд ба шумор меравад. Он дар шоҳроҳи Душанбе – Чаноқ воқеъ буда, мавсими баҳорон бо таровату зебоияш диққати ҳар бинандаро ба худ ҷалб месозад.
Мусоҳиба бо муовини раиси ноҳияи Деваштич Ганҷина Нуруллозода
– Деваштич бо таърихи басо ҷолиб диққати дилхоҳ нафарро ба худ мекашад. Дар бораи таърихи ноҳия чанд сухан ироа медоштед?
– Ноҳияи Деваштич дар ҳудуди Тоҷикистон 5-уми декабри соли 1929 ташкил шудааст. Тақсими ҳудуди маъмурие, ки ҳоло мавҷуд аст, асосан аз охири солҳои 20-уми асри ХХ шакл гирифта, ташаккул ёфтааст. Тайи солҳои 1924–1929 ноҳияи Деваштич аз волостигариҳои ноҳияи Ғончӣ, Басманда ва Далён иборат буда, ба вилояти Ӯротеппа мутааллиқ буд.
Солҳои 1929–1930 вилояти Ӯротеппа ба округи Ӯротеппа табдил ёфту бо қарори махсуси Президиуми Кумитаи иҷроияи марказии Ҷумҳурии Мухтори Тоҷикистон аз 6-уми июли соли 1929 округи Ӯротеппа барҳам дода шуд. Пас аз ин дар ҳудуди пештараи он ноҳияҳои мустақил ба вуҷуд омаданд. Аз ҷумла, дар ҳудуди ҳозираи ноҳияи Деваштич соли 1929 се ноҳия ташкил ёфт: Далён бо маркази Далёни Боло, се шурои қишлоқҳои Далёни Поён, Саримсолиқ, Обиборик; ноҳияи Басманда бо маркази Қалъаи Мирзобой шурои қишлоқҳои Басманда, Чорбоғ ва Росровут.
Ноҳияи Деваштич маркази худро дар деҳаи Ғончӣ қарор дода, шурои қишлоқҳои Янгиариқ ва Яхтанро муттаҳид менамуд. Ҳамаи се ноҳияи номбурда аз 88 деҳаи ҳудуди имрӯзаи ноҳияи Деваштич ва шаҳри Истаравшан таркиб ёфта буд. Дере нагузашта, аз соли 1932 то соли 1944 ҳудуди онвақтаи ноҳияи Деваштич ба ноҳияи Ӯротеппа дохил шуда, сонитар бошад, ҳудуди ноҳияи Далён ва ноҳияи Шаҳристон ҳамроҳ гардид. Ноҳияи Калининобод, ки миёнаи солҳои 30-юм ташкил ёфта буд, ҳудуди то онвақтаи ноҳияи Басманда ва як қисми ноҳияи Деваштичро дар бар мегирифт. Соли 1939 баробари ташкил ёфтани вилояти Ленинобод ҳамчун ноҳияи мустақил ба ин вилоят дохил гардид. Аз соли 1944 то соли 1958 дар ҳайати ноҳияи Ӯротеппа буд.
30-юми сентябри соли 1958 бо фармони Президиуми Шурои Олии РСС Тоҷикистон ноҳияи Ғончӣ (Деваштич) аз нав ташкил дода шуда, он ба ҳайати вилояти Ленинобод дохил гардид ва бо ҳамин фармон ноҳияи Шаҳристон барҳам дода шуда, як қисми он ба ҳайати ноҳияи Ғончӣ дохил карда шуд. Сонитар, аз 4-уми январи соли 1963 бо фармони Президиуми Шурои Олии РСС Тоҷикистон ноҳияи Ғончӣ ба ноҳияи Ӯротеппа муттаҳид гардид. Ниҳоят, 6-уми январи соли 1965 ноҳияи Ғончӣ боз аз ҳайати ноҳияи Ӯротеппа ҷудо шуда, ба ноҳияи мустақил табдил ёфт. Аз ин давра то ҳол дар бадали 44 сол бе тағйир ноҳияи Деваштич бо ҳамон маркази пештараи худ — шаҳраки Ғончӣ ҳамчун як субъекти фаъоли маъмурию ҳудудӣ, ибтидо ба сифати ноҳияи тобеи ҷумҳурӣ ва аз соли 1971 дар ҳайати вилояти Суғд фаъол аст. Ҳоло дар ҳудуди ноҳия Ҷамоати шаҳраки Ғончӣ, ҷамоатҳои деҳоти Яхтан, Ғазантарак, Муҷун, Ваҳдат, Исмоили Сомонӣ, Росровут ва Далёни Боло мавҷуданд.
– Ноҳияи Деваштич маконест биҳиштосо. Шояд ҳамин манзараҳои дилфиреб илҳомбахши сокинон аст, ки дар ин маъво шоирону фозилон, достонсароён ба камол расидаанд?
– Деваштич сарзамини хушобу ҳаво ва дорои манзараи табиии мафтункунанда буда, мардумаш аз аҳди қадим ба каломи бадеъ дилбастагӣ доштанд. Аз бозёфтҳои таърихию меъморӣ маълум аст, ки диёри мо таърихи беш аз 2500-сола дошта, зиёда аз 50 ёдгории таърихӣ, меъморӣ ва бадеӣ номбар шуда, то замони мо як қисми онҳо расидаанд.
Ҳамдиёрон аз Шоиқи достонсаро, Қамбарочаи афсонагӯ, Бибикабудпӯши марсияхон, Саидаҳмадхоҷаи қиссанигор, Маскун, Шугун, Савтӣ, Шавқӣ ном шоирону ровиён нақлҳо мекунанду аз ҳикоёту қисса ва порчаи назмии онҳо, ки тариқи шифоҳӣ ба эҷодиёти даҳонакии халқ омезиш ёфтаанд, намунаҳо меоранд.Итминон дорем, ки ҳавзаи адабии ноҳия чун шоирони халқии Тоҷикистон Зулфия Атоӣ ва Латофат Кенҷаева, адибони номдор Ҳайрон Осимӣ, Сироҷиддин Осимӣ, Мирзо Мавлон, Зулфия Бобоева майдони илму адабро ҷавлонгоҳи боз даҳҳо ва садҳо адибону эҷодкорон, олимону мутафаккирони ғончигӣ мегардонад.
– Дар кишвар солҳои 2022–2026-ро «Солҳои рушди саноат» эълон карданд. Дар ноҳия дар ин самт чӣ тадбирҳо роҳандозӣ шудаанд?
– Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба кор андохтани корхонаҳои нав, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда ва дар ин замина таъмини иҷрои ҳадафҳои стратегии мамлакат як силсила тадбирҳои судмандро роҳандозӣ намуда истодааст.Дар ноҳия 30 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд. Дар ин давра аз ҷониби корхонаҳои саноатӣ, хизматрасонӣ ва бахшҳои хусусии ноҳия ба маблағи 33 миллиону 908 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6 миллиону 162 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад ё худ 118,2 фоизро ташкил медиҳад.
– Оид ба рушди соҳаи кишоварзӣ дар ноҳия чӣ гуфтание доред?
– Кишоварзони ноҳия ҷиҳати таъмини рушди соҳа тадбирҳои судманд андешида, ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзиро дар соли 2025 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия ба 2 миллиарду 381 миллиону 353 ҳазор сомонӣ расонданд, ки ба 111,3 фоизи нишондиҳандаи ҳамин давраи соли 2024 баробар мебошад. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар се моҳи соли 2026-ум 96 миллиону 903,1 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025-ум 11 миллиону 763 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад, афзоиши он 113,8 фоизро ташкил медиҳад.
– Вазъи маориф, ки соҳаи калидии ҷомеа ба шумор меравад, дар кадом сатҳ қарор дорад?
– Соҳаи маориф яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки сиёсати Ҳукумати мамлакат буда, он ҳамчун захираи стратегии инкишофи зеҳнӣ ва омили муҳимтарини таҳкими давлатдорӣ аст.Дар соли таҳсили 2025–2026 мувофиқи маълумоти оморӣ дар ноҳия 83 муассисаи таълимӣ ва тарбиявӣ фаъолият менамояд, аз ҷумла 1 маркази таҳсилоти иловагӣ, 13 муассисаи таҳсилоти томактабӣ, 66 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 3 гимназия.Ҳар сол бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нав дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот олимпиадаҳои фаннӣ ташкил ва гузаронда мешаванд. Соли гузашта дар даври вилоятии олимпиадаҳои фаннӣ 169 нафар хонанда ширкат варзида, аз он 17 нафар дар даври ҷумҳуриявӣ маҳорат санҷид ва 2 нафар медали тилло, 3 нафар медали нуқра ва 1 нафар медали биринҷӣ гирифт.
– Ҷиҳати беҳтар намудани заминаи моддиву техникии муассисаҳои тиббиву иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ дар соҳаи тандурустӣ чӣ чораву тадбирҳо андешида шудаанд?
– Дар муассисаҳои тандурустии ноҳия 8 беморхона, аз ҷумла 1 беморхонаи марказӣ, 7 беморхонаи ноҳиявии рақамӣ, 2 маркази саломатӣ, 20 маркази саломатии деҳот ва 20 бунгоҳи саломатӣ мавҷуданд, ки дар онҳо 1513 корманд фаъолият мебарад. Аз ин шумора 198 нафарро табибон ва 925 нафарро кормандони миёнаи тиб ташкил медиҳанд.
Соли гузашта бо иштироки Сарвари давлат дар деҳаи Қалъаи Дӯсти Ҷамоати деҳоти Ваҳдат бинои маркази саломатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Чандин маркази саломатӣ аз таъмири хушсифат бароварда шуд.
– Оид ба варзиш ва рушди ин соҳаи ҳаётан муҳим дар ноҳия чӣ чораву тадбирҳо роҳандозӣ гардиданд?
– Бо мақсади ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш дар ноҳия фаъолияти як мактаби варзишӣ ба роҳ монда шудааст, ки дар он 30 гурӯҳ бо фарогирии 409 наврасу ҷавон ҳамарӯза ба машқу тамрин машғул аст.Варзишгарон дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ дар шаҳри Абудабии Аморати Муттаҳидаи Араб оид ба гӯштини камарбандӣ 1 нафар, аз рӯи намуди Муай-тай дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон 4 нафар иштирок ва сазовори ҷойҳои дуюм ва сеюм гардиданд.Дар ин давра дастпарварони мактаби варзишии ноҳия ба хазинаи варзишӣ дар маҷмӯъ 122 медал, аз онҳо 34 тилло, 44 нуқра ва 44 медали биринҷӣ ворид карданд.
– Ҷиҳати омодагиҳо ба Ҷашни бузурги миллӣ — 35-солагии Истиқлоли давлатӣ чӣ чораву тадбирҳо роҳандозӣ мегарданд?
– Баҳри сазовор истиқбол гирифтани ин Ҷашни бошукӯҳ нақшаи чорабиниҳо иборат аз 580 банд таҳия шуда, айни ҳол иҷрои ҳамаи бандҳо таъмин гардидаанд, ки 100 дарсади нақшаро дарбар мегирад.
Ҳамзамон, дар асоси барқияи МИМҲД вилояти Суғд бунёди боз 130 иншооти таъиноташон гуногун иловатан ба нақша гирифта шуда, алҳол корҳои бунёдкорӣ дар иншооти мазкур бомаром идома доранд.
Гулҷаҳон МАХКАМОВА
ноҳияи Деваштич
Мубодила:
Шарҳҳо











