БОЙГОНӢ

«    Июн 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Соҳаи иҷтимоӣ, ки рушд кард…

Иҷтимоъ / Тандурустӣ / Илм ва маориф / Ҷавонон

Роҳандозӣ намудани иштироки фаъолонаи ҷомеаи шаҳрвандӣ дар чорабиниҳои гуногун, ташаккули тафаккури ҷавонону наврасон, боло бурдани сатҳи дониш ва малака пайдо намудани аҳолӣ дар иҷрои корҳо, беҳбудии хизматрасонии тиббӣ ва ғайра ба фаъолияти соҳаи иҷтимоӣ марбутанд.

Зимни сафари хизматӣ, ки ба ноҳияи Шаҳритус доштем, шоҳиди навгониҳо ва рушди соҳаи иҷтимоӣ дар самтҳои маориф, тиб, шуғли аҳолӣ, кор бо ҷавонон ва занон шудем.  Ҳамсуҳбатамон муовини раиси ноҳия Нарзуллоиён Мақсуда Нарзулло дар бораи пешрафту нумӯи самтҳои муҳими иҷтимоӣ чанд нуктаро зикр намуд.

Маориф асоси рушд

- Маориф дар пешрафту нумӯи ҳамаи соҳаҳои ҷомеа, ҳам иқтисодию сиёсӣ ва ҳам фарҳангию технологӣ нақши созгор дорад. Болоравии сатҳи илму дониш ва маърифат аз мактаб сарчашма гирифта, ҳамаи заҳмату кӯшишҳо бо таъкиди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳз ба ин самт нигаронда шудаанд. Роҳбарони Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритус низ баҳри беҳбудии самти маориф корҳои судмандро сомон додаанд. Алҳол, дар ноҳия 57 муассисаи таълимӣ фаъолият дорад, ки дар он 34 ҳазору 901 хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудааст. Ҳамчунин, дар 7 муассисаи томактабӣ 1088 кӯдак таълиму тарбия мегирад, - ишора кард Мақсуда Нарзуллоиён.

Огаҳӣ доштани наврасону ҷавононро аз технологияи муосири иттилоотию коммуникатсионӣ зарур дониста, иброз доштанд, ки имрӯз наврасону ҷавонон ба омӯзиши технологияи муосир шавқу рағбати беандоза доранд ва мекӯшанд, то дар сатҳи зарурӣ аз нозукиҳои он бархурдор бошанд. Муассисаҳои таълимии ноҳия бо компютер, принтер, тахтаи электронӣ ва видеопроекторҳо таъмин буда, ба хонандагон фанни технологияи коммуникатсионӣ ва иттилоотӣ омӯзонда мешавад. Ҳамчунин, мавсуф аз камбудиҳои соҳа ёдовар шуда, қайд намуд:

- Норасоии омӯзгорони фанҳои алоҳида яке аз мушкилоти соҳаи маориф буда, ҳанӯз ҳам дар муассисаҳои таълимӣ ин камбудӣ боиси ташвиш аст. Вақте дар бораи хуб шудани сатҳи таълиму тарбия ва инкишофи зеҳнии хонандагон мегӯем, барои расидан ба ин ҳадаф ҷалби мутахассисони соҳа нақши муҳим мебозад. Шуъбаи маорифи ноҳия ба хотири ислоҳи ин камбудӣ тасмим гирифтааст, ки бо муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ҳамкориро роҳандозӣ намуда, дар ҷалби мутахассисони ҷавон василаҳои ҳавасмандгардониро истифода намояд.

Тандурустӣ

-Ноҳияи Шаҳритус дорои беморхонаи марказӣ, маркази саломатии ноҳиявӣ, 10 маркази саломатии деҳот, 34 бунгоҳи тиббӣ ва 10 маркази саломатии соҳавӣ мебошад, - иброз медорад ҳамсуҳбатам.

Ҳамчунин, аз фаъолияти шабакаи муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ дар ноҳия ёдовар шуд, ки бо василаи гузарондани чорабинию вохӯриҳо корҳои тарғиботӣ бобати пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, риоя кардани фосилаи байни таваллуд миёни занон, назорати меъёрҳои санитарӣгигиенӣ, ҳамчунин расондани ёрии аввалияи тиббӣ, ки ҳадафи аслии ин муассиса аст, пурзӯр намудааст.

Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳия, ки самти дигари муҳими соҳаи тандурустӣ аст, ҷиҳати таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ ва заҳролудшавӣ аз маводи ғизоӣ санҷиш ва назорати доимӣ гузаронда, бо ташхиси намунаҳои биологӣ барои дарёфти бемориҳои сироятӣ мусоидат менамояд.

- Дар ҳар сурат, масъулони соҳа огоҳ карда шуданд, ки барои рафъи камбудиҳо, сари вақт тоза намудани партовгоҳҳо аз партовҳои сахти маишӣ, ки сабаби афзудани бемориҳои сироятӣ байни аҳолӣ мегарданд, чораҳои зурурӣ андешанд. Ҳар мушкили соҳа, агар сари вақт ҳалли худро ёбад ва корҳои пешгирикунанда аз ҷониби масъулон роҳандозӣ шаванд, бешак, ҳар самт рушд намуда, камбудиҳои ҷомеа рафъ ме гарданд, - иброз медорад Мақсуда Нарзуллоиён.

Ҷавонон неруи бузурганд

Тибқи маълумоти дастрасшуда, дар ноҳияи Шаҳритус 47 ҳазору 710 нафар ҷавон ҳаёт ба сар бурда, аз он 30 ҳазору 921 нафараш хонандаву донишҷӯ мебошад.

- Воқеан, қувваи бузурги ҷавонон таҳрикдиҳандаи ҳадафҳо ва сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати кишвар мебошад, ки имрӯз миллат ба ин неруи созанда такя дорад. Эҳсос мегардад, ки сол аз сол сатҳи донишандӯзии наврасону ҷавонон боло рафта, иштирокашон дар чорабиниҳои фарҳангию варзишӣ ва озмунҳо назаррас аст. Соли гузашта дар ноҳия озмуни гирандагони Стипендияи президентӣ гузаронда шуд, ки 40 хонандаи муассисаҳои таълимӣ ҳамчун гирандаи Стипендияи президентӣ эътироф гардид. Ҳамчунин, аз миёни хонандагон 4 нафар чун гирандаи стипендияи раиси вилояти Хатлон ва 40 нафар гирандаи стипендияи раиси ноҳияи Шаҳритус дониста шуд, - бо ифтихор зикр намуд Мақсуда Нарзуллоиён.

Дар мактаби варзишии ноҳияи Шаҳритус аз рӯи 12 намуди варзиш ба ҷавонону наврасон тамринҳо гузаронда мешавад. Аз шумори 898 варзишгар 123 бону муҳассилони ин мактаб буда, дар мусобиқаҳои ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ ширкат варзида, бо диплому медалҳо қадр шудаст.

Бонувон тарғибгари арзишҳои миллӣ

-Солҳои охир тақлидҳои кӯркӯронаи бархе аз бонувон ба фарҳанги либоспӯшии бегона боиси нигаронӣ гардидааст, ки нисбат ба ин падида бетаваҷҷуҳӣ зоҳир намудан санги маломат задан ба гузашта ва хиёнат ба ояндаи фарҳанги миллӣ мебошад. Нигаҳдорандаи фарҳанг ва, умуман арзишҳои миллӣ, занонанд ва хунукназарӣ ба он аз ҷониби бонувон хеле ташвишовар аст, - меафзояд Мақсуда Нарзуллоиён.

Ба андешаи онҷониб гузарондани озмунҳои «Бонуи ҳунарманд», «Оилаи муваффақ», аксияи «Тоҷикона мепӯшем», Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» ва дастрас намудани аҳолиро бо маводи тарғиботии «Либос - тарғибгари фарҳанги миллӣ» аз зумраи чорабинию вохӯриҳоеанд, ки маҳз бо ширкати занону духтарон сурат мегиранд. Ба шарофати чорабиниҳо бори дигар расму анъана ва тарзи либоспӯшии тоҷикона тарғиб гардида, унсурҳои муфиди халқӣ барои наслҳои баъдина чун намуна нигоҳ дошта мешаванд.

Қутбия НЕЪМАТУЛЛО,

Душанбе-Шаҳритус-Душанбе

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон