Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
«Мо зи истиқлол давлат ёфтем»
Иҷтимоъ-Агар ба гузашти даврони Истиқлоли давлатии кишвар бингарем, шаҳраки ободу зебои Ваҳдат, маркази маъмурии навтаъсиси ноҳияи Шуғнонро метавон намунае аз рушди бесобиқаи шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон арзёбӣ кард, - изҳор дошт бонуи кордида ва соҳибэҳтиром Некбахт Ёралиева.
Шуғнон, калонтарин ноҳияи вилоят, маркази маъмурӣ надошту идораву муассисаҳои ноҳия дар як гӯшаи шаҳри Хоруғ мақом дошт. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббускори таъсиси маркази маъмурии ноҳия гардида, соли 2010 нахустин хишти шаҳраки ояндаро, ки Ваҳдат ном гирифт, гузоштанд.
Дар ин лаҳзаҳои таърихӣ ман ҳам ширкат дошаму бисёре аз иштирокдорони маросим тасаввур намекарданд, ки дар майдони холӣ дар муддати кӯтоҳ шаҳраки ободоне қад мекашад. Тавассути маблағгузориҳои Ҳукумати кишвар дере нагузашта дар ин ҷо биноҳои ободу зебои маъмурӣ, бонкҳо, муассисаҳои томактабӣ ва хизматрасонӣ бунёд ёфтанду шаҳраки обод, зебо, сабзу хуррам ва диданӣ арзи вуҷуд намуд. Ваҳдат чандин бор дар озмунҳои ҷумҳуриявии байни шаҳракҳои ободу зебо ва тозаву сабз беҳтарин дониста шуд, ки боиси ифтихори сокинони он мебошад.
Насими созандагӣ ва ободониҳои даврони истиқлол дар шаҳру ноҳияҳои вилоят аз рӯзҳои аввали ба мақоми роҳбарӣ интихоб гардидани меъмори сулҳу ваҳдат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври равшан ва возеҳ эҳсос мешуд. Таъмини иншооти муҳими вилоят бо масолеҳ ва маводи зарурӣ як лаҳза ҳам қатъ нагардида, моҳи марти соли 1994-ум дар арафаи Иди Наврӯз Сарвари далеру ҷавон алорағми шароити душвори иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсӣ дар кишвар, дар ҳоле, ки қисмати зиёди аҳолии шаҳру ноҳияҳои вилоят ба камбуди шадиди неруи барқ рӯ ба рӯ буданд, дар маросими ба кор даровардани чархи аввалини НБО «Помир-1» ширкат варзида, оид ба созандагиҳои оянда ва истиқрори сулҳу ваҳдат дар кишвар сухан ронданд.
Дар як муддати кӯтоҳ пайиҳам чор агрегати Неругоҳ ба истифода дода шуд. Ин рӯйдоди муҳим дар ҳаёти сокинони ноҳия ва вилоят, ки дар он давраи душвор ба вуқуъ пайваст, аз ҷониби мутахассисон ҳамчун оғози эҳёи саноати Тоҷикистон арзёбӣ гардид.
-Зимни сафари кориашон ба шаҳру ноҳияҳои вилоят, ки моҳи июни соли равон сурат гирифт, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти НБО «Себзор» бо тавоноии 11 ҳазор киловатт оғоз бахшида, таъмини аҳолӣ ва корхонаҳои истеҳсолӣ бо барқ боз ҳам беҳтар ва дар таъмини истиқлолияти энергетикӣ гоми устувор гузошта шуд, ки туҳфаи бебаҳо ба ҳар сокини вилоят мебошад, - изҳор дошт бону Некбахт.
Дар даврони истиқлол шоҳроҳҳои замонавӣ, ки қисми зиёди масири байналмилалии он аз ҳудуди вилоят, аз ҷумла ноҳияи Шуғнон мегузарад, бунёд ёфта, Тоҷикистонро ба кишвари транзитӣ табдил доданд, ки таъсири мусбати он ба ҳаёти иҷтимоии мардуми кишвар баръало эҳсос мегардад.
Некбахт Ёралиева пас аз хатми Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе дар мактаби деҳаи Сохчарви ноҳияи Шуғнон омӯзгори фанни забони русӣ шуд. Дар давоми нуҳ соли кор худро чун мутахассиси қобилиятнок, дорои илму дониш ва муоширати баланд, масъул ва ташаббускор нишон дода, бо назардошти дастовардҳои таълимӣ ва қобилияти хуби ташкилотчигӣ ӯро директори мактаби мазкур таъин намуданд. Вақте ки дар деҳаи ҳамсояи Буннӣ мактаби нав бунёд ёфт, Некбахт ҳамчун шахси соҳибтаҷриба ба роҳбарии он сазовор гашт. Дар ҷойи нав ҳайати хуби педагогӣ ташаккул ёфт. Сипас, ҳамчун котиб ва раиси Ҷамоати деҳоти Сохчарв ба номи Мирзохон Ширинҷонов солиёни зиёд деҳотро роҳбарӣ намуд. Ӯ таҳаввулоти даврони истиқлолро бо чашмони худ дид ва яке аз бонувони созандаи кишвар аст, ки дар бунёди ҷомеаи нав дар шароити соҳибистиқлолӣ ширкати фаъол варзидааст. Ба гуфтаи Некбахт, агар танҳо дар мисоли деҳоти Сохчарв нигарем, фарқи дигаргуниҳо аз замин то осмон аст. Имрӯз дар ҷойи бинои куҳнаи Ҷамоат дари бинои нави маъмурӣ ба рӯйи сокинон боз аст. Коргоҳи саноатӣ сохта шуд. Кӯчаҳои тозаву озода ва чароғон. Соҳибкорӣ тараққӣ намуда, нуқтаҳои зиёди савдо ва хизматрасонӣ ҷойи тиҷорати кӯчабозориро гирифтанд. Кишоварзӣ рушд ёфта, боғҳои нав бунёд гардиданд. Тавре мегӯянд: «Ободии деҳот - ободии кишвар» аст. Мактабҳо ва муассисаҳои таълимии томактабӣ, бунгоҳҳои саломатӣ, қасри фарҳанг ва амсоли ин дигар иншооти аҳамияти муҳими иҷтимоӣ симои шаҳру деҳотро куллан дигаргун сохтанд. Дар ноҳия Корхонаи воҳиди давлатии «Ордбарории ноҳияи Шуғнон» ба кор даромад. Сарвари давлат соли равон аз қитъаи намоишии зироатҳои кишоварзӣ, ки мақсади таъсиси он интихобу мутобиқсозии зироатҳои кишоварзӣ ба иқлими маҳал, ҷорӣ намудани таҷрибаи муосир, истифодаи оқилонаи замин ва таъмини бозори дохилӣ бо маводи ғизоии аз ҷиҳати экологӣ тоза мебошад, дидан карданд. ҶДММ «Барги шоҳтут», ки иқтидори солонааш истеҳсоли то 90 тонна маҳсулот, аз ҷумла чойи барги тут ва алафҳои шифобахш, омехтаи тут, зардолу ва бодоми кӯфта мебошад, Муассисаи томактабии ба номи «Пайравони Пешво», майдони Нишони давлатӣ ва беморхонаи марказии ноҳия мавриди истифода қарор гирифтанд.
Бону Некбахт иштирокдори фаъоли ҳаёти сиёсӣ ва ҷамъиятӣ мебошад. Вай аз зумраи афроди солманди барнодиле аст, ки дар бисёр маврид пешоҳанги ташаббусҳои шаҳрвандист. Модари меҳрубону ғамхор барои фарзандону наберагон. Вақте келинаш Гулшан Назаралиева дар Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳалвопази беҳтарин» соҳиби ҷоиза гардид, дар ин пирӯзӣ хушдомани ҳунармандашро низ шарик донист.
Ӯ мегӯяд: «Вақте ки самари шаҳдбори Истиқлоли давлатӣ ва Ваҳдати миллиро дар сартосари кишвари азизамон, аз ҷумла ноҳияи Шуғнон бо ободонӣ ва созандагиҳои беназир мебинам, беихтиёр ин байти шоир ба забон меояд:
Мо зи Истиқлол давлат ёфтем,
Сарвари ғамхори миллат ёфтем.
М. ШОҲҶАМОЛ,
ноҳияи Шуғнон
Мубодила:
Шарҳҳо
