Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
ШАҲРИСТОН – мавзеи таърихиву фарҳангӣ
ИҷтимоъАз ҳавлии сабзу гулпӯши Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳристон вақте ба самти муқобил менигаред, бинои дуқабатаи хуштарҳу замонавии қасри фарҳанг ба назар мерасад. Дар пештоқи он бо созҳои мусиқӣ, абзори сураткашӣ, ниқобу пардаҳои театрӣ ва дигар рамзҳое ҳаккокӣ шудаанд, ки макони фарҳангӣ будани иморатро ифода менамоянд. Фаввораи саҳни он ба зебоии бино ҳусни бештар меафзуд.
Дохили қаср аз намои берунӣ ҳам зеботар аст. Миёнсаройи он хушнамо буда, бо санъати гаҷкориву ойинабандӣ наққошӣ гардидааст. Толори бузурги он 600 ҷойи нишаст дошта, бо назардошти унсурҳои миллӣ бо маҳорати баланд ороиш ёфтааст. Дар таҳхонаи кох 20 ва дар ошёнаи дувум чаҳор ҳуҷраи корӣ, ҳуҷра барои қабули меҳмонон бо шароити хубу таҷҳизоти замонавӣ муҳайёст.
Дар арафаи таҷлили 21-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Шаҳристон ташриф оварда, ба фаъолияти қасри фарҳанг расман оғоз бахшида, ҳамчунин, ба кормандони соҳаи фарҳанг 20 асбоби мусиқӣ ҳадия намуда буданд.
Кормандони бахши фарҳанги МИМҲД-и ноҳия дар ин бино фаъолият бурда, бо шумори масъулони қасри фарҳанг беш аз 40 нафарро ташкил медиҳанд, ки аксар мутахассисони соҳа ва санъаткорони ҷавон мебошанд.
Бино ба маълумоти мудири бахши фарҳанг Равшан Юсуфов, дар зертобеи бахш 11 китобхона, 1 қасри фарҳанг, 1 осорхонаи таърихӣкишваршиносӣ, 2 хонаи фарҳанг ва 5 клуби деҳот фаъолият менамояд. Китобхонаи марказӣ ва китобхонаи бачагона дар маркази ноҳия қарор дошта, китобхона-филиалҳо дар деҳаҳо ҷойгиранд. Китобхона-филиали № 1 бошад, дар дохили қасри фарҳанг қарор дорад.
Дар китобхона-филиалҳо, агарчи шумораи занон бештар аст, набудани ансамблҳои рақсӣ ва бонувони ҳунармандони дар ноҳия аз мушкилотест, ки мудири бахш барои ҳалли онҳо чораҷӯӣ менамояд.
- Аз соли 2020, аз ҳисоби бонувон ҳунарманд надорем. Барои ташкили ансамбли рақсӣ танҳо як воҳиди корӣ аст, ки он ҳам бошад масъули ташкили ансабл мебошад. Ба мутахассис оид ба рақс ниёзмандем. Алҳол дар мактабу донишкадаҳои фарҳанг ва санъати шаҳрҳои Душанбеву Хуҷанд донишҷӯёни ноҳия таҳсил доранд ва умед аст, ки баъди хатм ҳамчун мутахассис ба зодгоҳ бармегарданд. Дар масъалаи ромишгарон камбуд надорем, - изҳор дошт мудири бахш.
Тибқи маълумоти Равшан Юсуфов, дар ноҳия 16 муассисаи фарҳангии деҳот ба таъмиру тармим ниёз дошта, баъзеи онҳо дар ҳолати садамавӣ қарор доранд. Қисме аз онҳо дар мувозинати бахши фарҳанг набуда, тобеи ниҳодҳои дигар мебошанд.
-Дар ин масъала корбарӣ намуда, ба раёсати фарҳанги вилоят мактуб ирсол намудем ва то ҷое огаҳӣ дорем, таъмири муассисаҳои мазкур ба нақша гирифта шудааст. Ғайр аз ин, дар ноҳия мактаби мусиқӣ бо мутахассисони соҳа надорем. Барои созмон додани мактаби мусиқӣ ба раиси ноҳия ва раёсати фарҳанги вилояти Суғд пешниҳод намудаем. Рӯзҳои наздик воҳидҳои кории мактаби мусиқӣ тасдиқ мегарданд ва баъдан пайи тараддуди ташкили мактаб мешавем, - иброз дошт мудир.
Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии ноҳия низ бинои алоҳида надошта, дар қабати дувуми қасри фарҳанг ҷой дорад. Тарҳу намои он ба таври замонавӣ ороиш дода шудааст. Аввалин бор соли 2017 бо қарори раиси ноҳия ташкил шуда, нахуст дар китобхонаи марказӣ ва баъдан соли 2020 дар бинои қасри фарҳанг макон ёфт.
Дар осорхона ҳамагӣ як воҳиди корӣ буда, чаҳор корманди дигар мебоист ба кор ҷалб гардад. Ангораҳои таърихии осорхона аз 20 адад шуруъ шуда, ҳоло ба 477 расидааст. Қисми зиёди он ашёҳои археологӣ мебошанд, ки аз ҳудуди ноҳия бозёфт шудаанд. Ноҳия таърихи куҳан дошта, дар гузашта (асрҳои VII-VIII) бо номи шаҳри Бунҷикат маъруф ва пойтахти Истаравшани асрҳои миёна будааст.
-Харобаҳои ин шаҳри бостонӣ бо номи Қаҳқаҳа 1, 2, 3 ба қайд гирифта шудаанд, ки аз маркази ноҳия то ин ёдгорӣ ҳамагӣ ду километр масофа аст. Зиёда аз 8 га замин барои ин ёдгории таърихӣ ҷудо шудааст. Мувофиқи сарчашмаҳои таърихӣ ҳудуди Истаравшани қадим бо беш аз 400 адад қасру кӯшкҳо то кишварҳои Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистон доман доштааст. Дар Бунҷикат ҳатто ашёҳои давраи асри сангро бозёфт намудаанд, ки дар Осорхонаи миллӣ ва осорхонаи вилояти Суғд нигоҳ дошта мешаванд.
Бунҷикат аз шаҳристон, куҳандиз ва работ ибо- рат буда, атрофашро девор печида буд. Он ду дар- воза ва истеҳкоми алоҳида дошт. Дар асрҳои IX - X дар Бунҷикат аз 10 то 20 ҳазор нафар аҳолӣ сукунат дошт. Онҳо ба касбу ҳунарҳои мардумӣ, амсоли оҳангарӣ, рехтагарӣ, бофандагӣ, кулолӣ, бинокорӣ, меъморӣ, кандакорӣ, сикказанӣ ва ғайра шуғл меварзиданд. Дар девори биноҳои Бунҷикат осори барҷастаи кандакорӣ ва тасвирҳои ранга аз афсонаву ривоятҳо боқӣ мондаанд. Дар байни онҳо тасвири модагург, ки ба ду кӯдак шир медиҳад ва муборизаи қувваҳои некиву бадӣ хеле муассиранд. Ашёҳои ороишӣ, маснуоти биринҷӣ, сафолкӯзаҳо ва дигар ашёҳои дарёфтшуда хеле ҷолибу омӯзандаанд, - афзуд Равшан Юсуфов.
Ёдгории беназири бостонии қалъаи Қаҳқаҳа ба Феҳристи мероси фарҳангии умумибашарии ЮНЕСКО пешниҳод гардидааст ва дар ин самт ҳоло масъулон корбарӣ менамоянд. Тибқи дурнамо осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии ноҳия дар наздикии ин ёдгорӣ бо тарҳи хоси миллӣ сохта мешавад, то сайёҳони дохиливу хориҷӣ дар баробари тамошои қалъаи Қаҳқаҳа аз ангораҳои осорхо- наи он дидан намоянд, ки дар натиҷаи ковишҳои бостоншиносон дарёфт шудаанд. Ғайр аз ин, дар тарҳи кор фароҳам овардани инфрасохтори зарурии ин мавзеъ ба эътибор гирифта шудааст. Умед аст, ки баъди рӯи кор омадани нақшаҳои пешбинишуда сафи гардишгарони дохиливу хориҷӣ дар ноҳияи Шаҳристон зиёд гашта, барои муаррифии бештари мавзеъ, баланд бардоштани ҳисси худшиносии сокинони мамлакат хизмати бузурге ба ҷо хоҳад овард.
Ситора АШӮРОВА,
Душанбе – Шаҳристон - Душанбе
Мубодила:
Шарҳҳо
