БОЙГОНӢ

«    Феврал 2026    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
232425262728 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Агрономи соҳаи пилла

Иҷтимоъ

Кишоварзӣ аз соҳаи ҳаётан муҳими ҷомеа ба шумор рафта, рушд додани он барои баланд бардоштани иқтисодиёти кишвар, аз ҷумла саноати сабук мусоидат менамояд.

Қаҳрамони имрўзаи мо Гулбаҳор Довидова агрономи минтақавии Ҷамоати деҳоти Пўлодони шаҳри Конибодом буда, тули 21 сол аст, ки дар ин самт фаъолияти пурсамар дорад. Вақте ки аз ў дар бораи пилла, роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат пурсон шудем, изҳор намуд, ки соҳаи кирмакпарварӣ ва коркарди пилла аз ҷумлаи ҳунарҳои қадимтарини мардуми тоҷик маҳсуб ёфта, он хусусияти мавсимӣ дорад.

 Ў афзуд, ки аз хурдӣ дар оилаашон пайваста ба парвариши кирмак машғул мешуд, зеро заҳмати сарҷамъонаро мехоҳад. Орзу дошт, ки ба соҳа на  ҳамчун коргари одӣ, балки чун мутахассис фаъолият намояд.

Ин гуфтаҳои вай моро водор сохт, ки дар бораи худи ў огаҳӣ ёбем. Гулбаҳор Довидова зода ва парвардаи шаҳри Конибодом буда, пас аз хатми мактаби миёна ба Техникуми технологии шаҳри Конибодом ба номи Абдулаҳад Қаҳҳоров дохил гашта, тасмим гирифт, ки ҳамчун мутахассиси кирмакпарвар фаъолият намуда, аз сирру асрори соҳа ба куллӣ огоҳ гардад. Бале, чунин ҳам кард. Техникумро ба итмом расонду ба идораи пиллаи шаҳри Конибодом ба кор омад. Аз коргари одӣ то ба зинаи бригадириву агрономӣ расид. Дарк кард, ки кирмакпарварӣ ҷузъе аз оиладорист.

 

-То оғози мавсим сараввал кирмакхонаро барои зинда намудани тухми кирмак омода бояд сохт. Кирмакпарварӣ соҳаи басо нозук буда, аз рўзи нахустини пайдоиши кирмчаҳо ҳарорати вижаи парваришро талаб мекунад. Пас аз зинда намудани кирмак,- мегўяд Гулбаҳор, - онро ба мардум тақсим менамоянд. Баъд хона ба хона гашта, аз тарзи парвариш бохабар шуда, маслиҳату машварат медиҳанд, аз ҳолати кирмак огоҳ мегарданд. Барги туте, ки ба кирмак медиҳанд, шохаҳои он дар хонадон ҳамчун манбаи сўзишворӣ хизмат менамояд. Чизҳое, ки аз кирмак ҳосил мешаванд, дар соҳаи рустанипарварӣ ҳамчун нурии минералӣ истифода мегарданд. Дар ҳақиқат кирмакпарварӣ партов надорад.

Дар минтақа ба парвариши кирмак ва рўёндани пиллаи хушсифат эътибори ҷиддӣ медиҳанд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушди соҳаи кирмакпарварӣ ва таъсиси корхонаҳои саноатӣ ва таъмини бонувон бо ҷойи кор дастуру вазифаҳои мушаххас дода, ҳамчунин, таъкид намуда буданд, ки тутзорҳо ба муддати 10 сол аз супурдани андози ягонаи замин озод карда шаванд.

 -Ба деҳотиён парвариши кирмак ва рўёндани пилла хеле зарур аст. Ҳар сол аз навъҳои гуногуни тухмии кирмак истифода бурда, аз он ҳосили фаровон ба даст меоранд. Дар Ҷамоати деҳоти Пўлодон мардум аллакай дар ин самт хеле пуртаҷриба гардида, мекўшанд то баҳри ғанӣ намудани хирмани бригада саҳми намоён гузоранд. Аз ин рў, мо мекўшем, ки ба ҳар хонавода ёрии худро дареғ надорем, - гуфт Гулбаҳор.

Ҳар сол аҳли заҳмати Ҷамоати деҳоти Пўлодон нақшаи фурўши пилларо пеш аз муҳлат иҷро мекунанд. Имсол низ хирмати пиллаи онҳо зиёда аз 9 тоннаю 800 килоро ташкил дод. Шоёни зикр аст, ки ҳамасола дар ин самт онҳо дар миқёси шаҳри Конибодом ҷойи аввалро соҳиб мегарданд.

                                                                                  Гулҷаҳон МАҲКАМОВА,

                                                                                       шаҳри Конибодом

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_01_2026_small.pdf [2.91 Mb] (зеркашиҳо: 7)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон