Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Ободкорони мулки хеш
ИҷтимоъНоҳияи Носири Хусрав наздисарҳадӣ буда, мардуми заҳматқаринаш ба кишоварзию чорводорӣ шуғл варзида, дар пешбурди иқтисоди кишвар ва пурғановатии дастархони аҳолӣ саҳм мегирад.
Заҳмати мардуми зарофарини ин ноҳияро дар самаранок истифода бурдани заминҳо, таъмини фаровонии бозори истеъмолӣ, ҷамъоварии ҳосили пурбаракати меваю сабзавот ва дар содироти маҳсулоти тару тоза ба бозорҳо дидан мумкин аст.

Алҳол, пиру барнои ноҳия ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ омодагӣ мебинанд. Иншоотҳои замонавии қоматафрохта дар ҳар маҳалу ҷамоатҳо, бино ёфтани мактабу боғча ва корхонаҳои хурди саноатӣ, азнавсозӣ ва таъмиру тармими пулу роҳҳо ва роҳгузарҳо, хуллас ҳар гўшаи ноҳияро ободу зеботар намудаанд.
Дар остонаи Ҷашн
- Баҳри таҷлили бошукўҳи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Носири Хусрав дар маҷмуъ, таъмиру бунёди 112 иншоот дар нақша буд, ки то имрўз 132 иншоот сохта шудааст.
Аз солҳои 2022–2024 ва ниҳоят дар 4 моҳи соли 2025, беш аз 10 иншооти муҳими ҷашнӣ, ки аз ин 2 варзишгоҳи хурд, 1 фермаи мурғпарварӣ (дорои 20 ҳазор сар мурғ), 2 тарабхона дар маркази ноҳия, 1 меҳмонхона дар маркази шаҳрак, 1 нуқтаи таъмири техникӣ, 1 пули мошингузар, 10 синфхонаи иловагӣ дар назди 2 муассисаи таълимӣ мавриди истифода қарор дода шудаанд.
Ҳамчунин, дар иртибот ба арафаи ин Ҷашни бузурги миллат ба кор андохтани корхонаи пахтатозакунӣ бо таҷҳизоти наву замонавӣ ва анборҳои калони сардкунанда, ки барои нигоҳдории сабзавоту мева мувофиқ аст, дар назар аст, - мегўяд Файзалӣ Носирзода, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Носири Хусрав.
Деҳқон содирот кард
Ба гуфтаи мавсуф, кишоварзӣ самти асосии кори аҳолии ноҳия ба ҳисоб рафта, дар майдони замини корами обӣ, ки 7377 гектарро ташкил медиҳад, 1856 хоҷагии деҳқонӣ фаъолият менамояд. Хоҷагидорон ба кишти чигит ва зироатҳои гуногун, аз қабили лўбиёгиҳо, картошка ва дигар сабзавот, инчунин ба кишт намудани полизиҳо шуғл дошта, бо ҳосили фаровони бадастовардаашон файзбахши дастархони сокинон мебошанд. Ҳамчунин, то имрўз 2010 тонна пиёз ба хориҷи кишвар содирот намуданд.
Мактабҳо обод мешаванд
- Соҳаи маориф яке аз самтҳои асосии ҷомеа маҳсуб меёбад ва ҷиҳати рушду нумўи он дар ноҳия корҳои назаррас ба сомон расида истодаанд. Дар таъмиру тармим ва бино намудани мактабҳои сохти замонавӣ дар баробари маблағҳои ҷудошуда аз ҷониби давлату Ҳукумат, ҳамчунин, аз тарафи аҳолӣ ва соҳибкорони хайрхоҳ саҳмгузорӣ мешаванд. Алҳол, дар ноҳия 32 муассисаи таълимӣ, аз ҷумла 6 муассисаи томактабӣ, 25 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 1 гимназияи давлатӣ фаъолият доранд, ки дар онҳо 11 ҳазору 940 хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудааст.
Дар МТМУ №12-ум бо ҷалби сармояи хориҷӣ ва бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ сохтмони 16 синфхонаи иловагӣ идома дорад, ки дар арафаи соли хониши нав ба истифода дода хоҳад шуд.
Ҳамчунин, бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ болопўш ва дохили толори варзишии МТМУ №10-ум аз таъмир бароварда шуд, - иброз медорад ҳамсуҳбатам.
Дар ноҳия 6 муассисаи томактабӣ фаъолият дорад, ки дар онҳо 260 кўдак дар 12 гурўҳ ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда, дар назди 25 муассисаи таълимӣ 1073 нафар кўдаки 5–6-сола ба маркази инкишофи кўдак ҷалб карда шудааст.
Беш аз 500 адад компютер ва 30 адад тахтаи электронӣ дар ихтиёри хонандагон гузошта шудаанд, ки дар ҷараёни таҳсил аз онҳо истифода мебаранд.
Мавсуф аз он мужда дод, ки дар давоми соли равон ба истифода додани як муассисаи томактабӣ дар деҳаи Ҳамро Олимови Ҷамоати деҳоти Хуталон дар назар аст.
Дар талоши ободӣ
- Саҳми аҳолӣ дар ҳама самтҳо, оғоз аз кабудизоркунӣ то сохтмон, маорифу тандурустӣ ва кишоварзию чорводорӣ дида мешавад ва онҳо дар талоши онанд, ки як гўшаи Ватани худро обод намоянд. Муҳоҷират мардуми дуруфтодаро аз ёди зодбум дур накардааст. Онҳо дар бунёди иншоотҳои ҷашнӣ саҳми бештар мегиранд.
Аз муроҷиатҳои доимии шаҳрвандон ба шуъбаи умумии МИМҲД ноҳия бармеояд, ки аҳолӣ дар талоши беҳ сохтани зиндагии хеш ва ободкории хонаводаҳо ва ҳам як гўшаи диёр мебошанд. Яке дар фикри таъсис додани хоҷагии деҳқонӣ, дигаре ба масъалаи гирифтани замини наздиҳавлигӣ ва ғайра муроҷиат менамоянд. Ҳамаи дархосту аризаҳои шаҳрвандон пазируфта ва сари вақт ҷавоб гардонда мешаванд, - меафзояд Файзалӣ Носирзода.
Ҳамчунин, аз ҷониби мақомоти ноҳия ва шахсони саховатпеша дар асоси муроҷиатҳои шаҳрвандон ба оилаҳои камбизоат кумакҳои молию пулӣ расонда мешаванд. То имрўз ба собиқадорони ҷангу меҳнат, бошандагон ва тарбиятгирандагони муассисаҳои иҷтимоӣ, сарбозони қисмҳои ҳарбӣ, оилаҳои камбизоат, ятимон ва шахсони дигари ниёзманд ба маблағи 62 ҳазору 700 сомонӣ ёрии моддию молиявӣ расонда шудааст.
Қутбия НЕЪМАТУЛЛО,
Душанбе-Носири Хусрав-Душанбе
Мубодила:
Шарҳҳо










