БОЙГОНӢ

«    Май 2026    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Фишанги тавонои рушди иқтисодиёт

Пойтахт

Агар гузори кас ба маҳаллаи Зебунисои ноҳияи Шоҳмансур афтад, дар шафати шоҳроҳи Душанбе – Ваҳдат коргоҳи бузурги ватании «Қолинҳои Душанбе» ва корхонаи забҳи паранда ва коркарди гӯштии ширкати «Мармарӣ» диққати дилхоҳ роҳгузарро ҷалб месозад. Намои замонавӣ ва масоҳати фарохи он касро сари андеша меорад, ки чӣ қадар маҳсулот дар ин коргоҳҳо тавлид меёбаду чӣ сифату арзише доранд? Дар доираи озмуни «35 шаҳру ноҳияи беҳтарини Тоҷикистон»-и Муассисаи давлатии маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» моро имкон даст дод, ки бо фаъолияти ин коргоҳҳои бузурги ватанӣ аз наздик ошно шавем.

ҶДММ «Қолинҳои Душанбе»

Ин коргоҳи азими қолинбофӣ дар масоҳати умумии 2,7 гектар соли 2022 ба пешвози Ҷашни 35-солагии Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оғози ташаббуси «Солҳои рушди саноат» эълон гардидани солҳои 2022–2026 ва марҳалаи дувуми он соли 2023 бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

 

Бо вуруд гардидан аз дарвозаи васеъ ба ҳавлии он дар самти чап мағозаи фурӯши маҳсулоти корхона воқеъ аст, ки масъулон бо мақсади дастрасии қолинҳо ба мизоҷон бо нархи нисбатан арзон онро созмон додаанд. Дар толори фурӯш қолинҳо бо шаклу андозаҳои гуногун, нақшу нигор ва тарҳи миллию аврупоӣ ба намоиш гузошта шудаанд.

Фаротар аз мағоза бинои маъмурӣ ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд ёфтаанд. Бинои маъмурӣ бо ҳуҷраҳои барҳаво ва таҷҳизоти муосир таъмин аст. Меҳмонхона аз 17 ҳуҷраи люкс ва стандартӣ иборат буда, он барои мутахассисони коргоҳ ва мизоҷоне, ки аз роҳҳои дур барои хариди яклухт ба шаҳри Душанбе меоянд, нигаронда шудааст.

Дар дохили бинои бузурги коргоҳ дастгоҳу таҷҳизоти муосири қолинбофии ширкати номдори Шоҳигарии Белгия насб гардидааст, ки аз ҷониби мутахассисони ватанӣ ва хориҷӣ идора карда мешаванд. Раванди истеҳсоли қолинҳо аз равонасозии ришта то бофандагиву пардозгарӣ ва бастабандии маҳсулоти тайёр аз нӯҳ марҳала мегузарад. Ин дастгоҳҳо ба таври механикӣ фаъолият карда, қисми корҳоро мутахассисон бо истифода аз таҷҳизоти ёрирасон идора менамоянд. Қолинҳо ба андозаҳои аз 1 то 5 метр паҳноӣ, аз 2 то 6 метр дарозӣ, ҳамчунин, мувофиқи талаботи бозор ва бо назардошти завқ ва фармоиши мизоҷон ба шаклу андозаҳои гуногун истеҳсол карда мешаванд.

Фаъолияти корхона дар ду баст ба роҳ монда шуда, беш аз 100 нафари кормандонро бонувон ташкил медиҳанд. Занону духтарон аз ҳисоби сокинони маҳаллӣ бо кор таъминанд, кормандон дар ҳар баст як маротиба бо хӯроки гарм таъмин мешаванд. Дар корхона се хатти истеҳсолӣ фаъол буда, иқтидори истеҳсолии онҳо 4500 метри мураббаъ дар як шабонарӯз ва 13,5 ҳазор метри мураббаъ қолин бо шаклу тарҳи гуногун дар як моҳ мебошад. Иқтидори солонаи корхона ба 4 миллиону 860 ҳазор метри мураббаъ мерасад.

– Ҳоло барои ба кор андохтани марҳалаи сеюм корҳои сохтмонӣ бомаром идома доранд. Барои ҷалби кормандону мутахассисон аз ҳоло иқдом гирифтаем ва имсол тасмим дорем, ки бинои нави истеҳсолиро ба истифода диҳем. Вақте коргоҳро 4 сол қабл ифтитоҳ намудем, аз норасоии мутахассисони маҳаллӣ камбуд доштем. Аксарият мутахассисони ватанӣ ҳастанд, ҳамагӣ 6 мутахассис аз хориҷи мамлакат ба кор ҷалб гардидааст. Саъй мекунем, ки дар оянда пурра мутахассисони тоҷик бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин гарданд, – иброз дошт муовини директори коргоҳ Фирдавс Зардиев.

Мутахассиси варзидаи коргоҳ Азиза Саидова тӯли чор сол аст, ки дар ин коргоҳ фаъолият дорад ва бо изҳори қаноатмандӣ ба суҳбат пайваст:

– Зиёд мехостам, ки дар ин коргоҳ фаъолият барам ва вақте нахустин бор ба кор омадам, таҷриба надоштам. Тадриҷан нозукиҳои корро омӯхтам. Бо хоҳиши роҳбари корхона занону духтарони бекори маҳалларо ба кор ҷалб намудем. Дар муҳлати начандон зиёд онҳо қолинбофӣ, сачоқзанӣ ва ҳошиязанӣ омӯхтанд. Аз маош низ қаноатманданд, ки аз 2,5 то 5 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Азбаски аз маҳалҳои атрофанд, бе харҷи роҳкиро ва ғизопулӣ фаъолият мебаранд, яъне мо аз ғизои ройгон баҳрамандем. Аз дастгириҳои беназири Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари корхона Наврӯз Абдуллоев мо, бонувон, бениҳоят миннатдорем, – изҳор намуд Азиза Саидова.

Таъсиси ин корхонаи азими саноатӣ дар самти амалишавии Барномаи рушди соҳаи қолинбофӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025 муҳим арзёбӣ гардида, барои бо ҷойи кор таъмин намудани аҳолӣ ва баланд шудани сифати зиндагии онҳо мусоидат мекунад.

Корхонаи забҳи паранда ва коркарди гӯшти «Мармарӣ»

Корхонаи забҳи паранда ва коркарди гӯшти «Мармарӣ» дар масоҳати 1,7 гектар дар шафати ҶДММ «Қолинҳои Душанбе» моҳи августи соли 2021 ифтитоҳ ёфтааст. Иборат аз биноҳои маъмурӣ, истеҳсолӣ ва иншооти ёрирасони муосир аст.

Бинои истеҳсолии он аз ҷойи қабули паранда, коргоҳи забҳ ва пардозакунӣ, шустан ва хунук кардани гӯшт ва ба қисмҳо ҷудо кардани паранда, банду баст, сардхонаҳои махсуси яхкунии гӯшт ва сардхонаҳо бо нигоҳдории маҳсулот то 18 дараҷа хунукӣ иборатанд.

– Солҳои пеш, вақте аз хориҷи кишвар маҳсулоти гӯшти мурғ ворид мегардид, яхкардаву ба ҳамдигар часпида буданд, ки ҷудо кардани онҳо душвор буд. Дар ин забҳхона бори аввал дар ҷумҳурӣ сардхонаи яхбандии амиқи ҳалқапеч васлу насб гардид, ки дар ҳарорати 40 дараҷа сардӣ, дар муддати кӯтоҳ маҳсулот ях кунонда мешавад. Ба ин тариқ, гӯшти паранда сифат ва ғизонокии худро нигоҳ медорад ва дар ҳолати яхкунӣ ба ҳамдигар намечаспад.Мо раванди маҳками истеҳсолотро роҳандозӣ намудаем, ки аз тухми инкубатсионӣ оғоз карда, чӯҷаи якрӯза истеҳсол ва мепарварем. Яке аз омилҳои асосие, ки ба сифати гӯшти паранда таъсир мерасонад, ғизои паранда аст, ки онро низ ширкати «Мармарӣ» истеҳсол менамояд. Гандум, ҷуворимакка, кунҷораи лӯбиё ва маҷмуи витаминҳо барои ғизои парандаҳо ҷудо мегарданд, ки ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯянд. Гандуми босифати гурӯҳи чорумро истифода мебарем ва аз иловагиҳое, ки ба саломатии инсонҳо зарароваранд, истифода намебарем, – изҳор намуд роҳбари корхона Фирӯз Раҷабзода.

Дар ин коргоҳ ба ҳисоби миёна дар як баст аз 15 то 25 ҳазор сар паранда забҳ ва банду баст карда мешавад. Ҳамчунин, маҳсулоти нимтайёри адвиёшуда истеҳсол менамоянд, ки кори кадбонуҳоро осон мегардонад. Барои сарфаи вақт дар бастабандҳо қисмҳои ҷудокардашудаи мурғ алоҳида пешниҳод мегарданд, ки дар давоми 30 дақиқа метавон аз онҳо хӯрок омода кард.

– Маҳсулоти мо серхаридор аст, чунки он ба талаботи санитариву байторӣ пурра ҷавобгӯ буда, маводи тамизгардонӣ аз Россия ворид мегарданд. Таркиби гӯшти мурғ назар ба дигар маҳсулоти гӯштӣ метавонад зуд хароб гардад. Аз ин рӯ, дар раванди истеҳсолот, агар каме хато содир гардад, гӯшт бесифат мешавад. Ҳарорати дохили коргоҳ бояд на беш аз 12 дараҷа гарм бошад, бо ин сабаб кормандон либосҳои гарм ба бар мекунанд. Агар ҳарорат каме аз 12 дараҷа боло гардад, дар таркиби гӯшт бактерия ва дигар зараррасонҳо пайдо мешавад, – афзуд роҳбари коргоҳ.

Дар коргоҳ 67 нафар ба кор ҷалб гардидааст, ки 90 дарсади онҳо сокинони гирду атрофанд. Бо дастгирии роҳбари корхона кормандон дар ҳар баст бо се вақт ғизои гарм, пойафзолу либоси гарм, ҷой барои истироҳат ва маоши хуб таъминанд. Дар арафаи ид ва ҷашнҳо бо кумакпулӣ ва маводҳои ғизоӣ қадр мегарданд.

Дар назди коргоҳ мағозаи фирмавӣ бунёд ёфтааст, ки маҳсулоти корхона ба фурӯш бароварда мешавад ва арзиши онҳо дар қиёс ба бозор 25 дарсад арзон аст. Маҳсулоти коргоҳ ғайр аз вилояти Суғд (ба истиснои шаҳри Панҷакент ва ноҳияи Айнӣ) ба тамоми шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон дастрас карда мешавад, то сокинон тавонанд ба маҳсулоти аз лиҳози экологӣ тозаи гӯшти парҳезӣ дастрасӣ дошта бошанд.

Фаъолияти Комплекси агросаноатии мурғпарварии ҶДММ «Мармарӣ» идомаи занҷираи арзиши иловашудаи ширкат буда, мутобиқ ба яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат – саноатикунонии босуръати кишвар бунёд ёфтааст. Роҳбарият тасмим доранд, ки дар оянда иқтидори корхонаро васеъ намуда, ҳарчи бештар сокинони маҳаллиро бо ҷойҳои нави корӣ таъмин созанд.

Иқдоми соҳибкорони ватандӯст баҳри бунёди коргоҳҳои замонавӣ ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ шоистаи тавсифу дастгирист, ки ташаббусҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар амал татбиқ намуда, дар рушду нумӯи иқтисодиёти кишвар саҳми боризу арзанда мегузоранд.

                                                                                            Ситора АШӮРОВА,

                                                                                             ноҳияи Шоҳмансур

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_04_2026_small.pdf [3.92 Mb] (зеркашиҳо: 25)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон