БОЙГОНӢ

«    Июл 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

«Баҳористон» – афрӯзандаи хотираҳои наҷиб

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Аз ҳар боб / Слайдер

Тоҷикистон бо табиати афсункор ва дилангези худ машҳури оламиён гаштааст. Аз ин рӯ, ба кишвари мо сайёҳони зиёде меоянду аз шароити мусоид, боду ҳавои форами он баҳраманд мегарданд. Солҳои ахир дар мамлакат ба самти рушди сайёҳӣ, хусусан туризми байналмилалӣ эътибори махсус дода, барои шаҳрвандони хориҷӣ ва меҳмонон тамоми шароит муҳайё карда шудааст.

Рушди сайёҳии табобатию солимгардонӣ, санаторӣ ва истироҳатӣ бештар дар шаҳри Гулистон фароҳам буда, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Маркази табобатӣсолимгардонии «Соҳил», ҶДММ «Усмонҷон», ҶДММ «Осоишгоҳи Шифо» ва Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Осоишгоҳи Баҳористон» дар ҳамин макон фаъолият менамоянд. 

 

Ин мавзеъҳо бо табиати рангину манзараҳои зебо, ҳавои софу беғубор, дарахту буттаҳои ороишӣ, ҳавзҳои пуроб манбаи сиҳативу омили табобат барои сайёҳони дохилию хориҷӣ ба ҳисоб меравад. Осоишгоҳҳои мазкур марказҳои бузурги табобатӣ ва ташхисӣ буда, бо намудҳои гуногуни дастгоҳҳои муолиҷавӣ, хизматрасонии маданӣ ва маишӣ дар дохил ва хориҷи кишвар шинохтаанд. Ҳамасола соҳаи сайёҳӣ дар ин минтақа рушд ёфта, бо бунёди роҳҳои сатҳи байналмилалӣ, нақбҳо, инфрасохтори сайёҳӣ, таъсиси кемпингҳо ва осоишгоҳҳо боз ҳам тараққӣ ва ба баланд бардоштани сатҳи зиндагию некуаҳволии шаҳрвандон мусоидат менамояд.

Дар ҳудуди шаҳри Гулистон 6 меҳмонхона, 5 осоишгоҳу марказҳои солимгардонӣ, 1 урдугоҳ ва 14 ёдгории таърихию фарҳангӣ мавҷуд буда, ҳамаи онҳо ба сайёҳон хизмат мерасонанд.

Дар натиҷаи ҷалби бахши хусусӣ, соҳибкорони ватанӣ ва бунёди инфрасохтори сайёҳӣ дар шаҳри Гулистон, аз ҷумла меҳмонхона ва осоишгоҳҳои хурду калон шумораи ҷойҳои хоб барои қабули сайёҳон ба 2284 адад дар як вақт фароҳам аст.

Дар шаҳр ҷиҳати зиёд кардани номгӯйи хизматрасониҳои сайёҳӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳо дар соҳа, роҳандозии васеи сайёҳии табобатӣ, экологӣ тадбирҳои мушаххас андешидаанд. Аз ҷумла, бо мақсади рушди инфрасохтори сайёҳӣ Муассисаи давлатии «Боғи фарҳангӣ-фароғатии Темурмалик» дар соҳили «Баҳри тоҷик» таъ миру азнавсозӣ шуда, дар даромадгоҳи муассиса қаҳвахона, дар дохили боғ ҳавзи шиноварии бачагона, майдончаи варзишӣ, шаршара, фаввораҳо, муҷассамаи «Хотира» аз нав таъмир карда шуда, ҳайкали Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик қад кашидааст. Ҳамчунин, бо саҳмгузорӣ ва саъю талошҳо бинои иловагии шашошёна дар ҳудуди осоишгоҳи «Баҳористон» ба маблағи беш аз 45 миллион сомонӣ аз тарафи буҷети ҷумҳуриявӣ бунёд гардида истодааст.

ҶДММ «Баҳористон» дар соҳили обанбори Қайроққум ҷойгир шуда, дар навбати худ табиати зинда, дарахтони зебои сӯзанбарг, рӯзҳои зиёди офтобӣ ва иқлими баҳрӣ дорад. Осоишгоҳ баҳри фароҳам сохтани шароити хуби истироҳатӣ ва солимгардонӣ барои шаҳрвандони кишвар ва меҳмонони хориҷӣ бунёд гашта, тамоми сол барои мардум хизмати босамар дорад. Шоёни зикр аст, ки ҶДММ «Баҳористон» соли 2011 пас аз навсозӣ бо ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи Ҷашни 20-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор гирифт.

Бино ба гуфти сардухтури осоишгоҳи «Баҳористон» Баҳодур Султонов ин ҷо 7 нафар табиби баландпоя ва пуртаҷриба фаъолият дорад. Омилҳои нотакрори муолиҷавии табиӣ, заминаи муосири ташхисӣ-табобатӣ, табибони пуртаҷрибаи курортӣ ва ҳайати миёнаи тиббӣ барои шифои комил аз чунин гурӯҳи бемориҳо мусоидат мекунанд: роҳҳои нафас, ишемиявии дил, системаи асаб, узвҳои такя ва ҳаракат, гулу, бинӣ. Ҳамзамон, хизматрасониҳои обдармонӣ, гармидармонӣ, гиёҳдармонӣ, лойқашифоӣ, барқдармонӣ, сӯзан, варзиш, маҳси табобатӣ, физиотерапия, ташхисҳои вазифавӣ, фаросавтӣ, стоматологияи муолиҷавӣ, озмоишҳои клиникавӣ, биокимиёвӣ ва иммуноферментӣ ба роҳ монда шудаанд.

Барои фарзандони муолиҷагирандагон кӯдакистон бунёд гардидааст ва волидон бо фароғат табобат мегиранд. Ҳамзамон, дар «Баҳористон» боғи парранда ва ҳам ҳайвонот ташкил шудааст, ки макони дӯстдоштаи шаҳрвандон ба шумор меравад. Дар боғи истироҳатӣ-фароғатии осоишгоҳ ҳар рӯз барои роҳати меҳмонону сайёҳон барномаҳои гуногуни консертӣ бо иштироки санъаткорони номдори вилоят ва ҷумҳурӣ баргузор мегарданд.

Дар оғози фаъолияти худ фонди ҳуҷравии осоишгоҳи «Баҳористон» 300 кат/ҷойро ташкил медод. Имрӯз ин рақам ба 800 кат/ҷой баробар гардид, ки аз иншооти нав, ҷойҳои нави корӣ ва номгӯйи зиёди муолиҷаҳо ва хизматгузориҳои нав далолат медиҳад.

 

Осоишгоҳи «Баҳористон» соли 2013 соҳиби ҷоиза ва шаҳодатномаи «Беҳтарин сифати молу маҳсулот ва хизматрасонӣ»-и Маркази Тоҷикстандарти ҷумҳурӣ ва «Беҳтарин осоишгоҳи сол» гардид. Дар самти баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ дар осоишгоҳ низоми идоракунии сифат ИСО 9001:2008 дар раванди ҷоришавӣ буда, роҳандозии шабакаи автоматикунонидашудаи «Здравнитса», ки ба стандартҳои байналмилалӣ, сифати хизматрасонӣ дар муассисаҳои осоишгоҳӣ-курортӣ ҷавобгӯй аст, дар марҳалаи анҷомёбист.

«Баҳористон» пешсафтарин осоишгоҳ дар Тоҷикистон буда, ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯй мебошад.

Г. МАҲКАМОВА,

шаҳри Гулистон

 

 

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_06_2025_small.pdf [3.99 Mb] (зеркашиҳо: 1)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон