БОЙГОНӢ

«    Июл 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Шаҳритус ободу зебо мешавад

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Аз ҳар боб

Дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат шаҳру ноҳияҳо ба таври бесобиқа рушд ёфта, симои худро ба куллӣ дигар кардаанд. Ба пешравиҳои зиёди назаррас ноил гаштан самараи сулҳу субот, ваҳдату ҳамдилии мардум аст, ки ба шарофати сиёсати бунёдкоронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ мегарданд.

Аз миёни шаҳру ноҳияҳои пешрафтаи кишвар Шаҳритусро метавон ном бурд, ки имрӯз ба яке аз мавзеъҳои ободу зебои ҷумҳурӣ табдил ёфтааст. Корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар ин ҷо вусъат дошта, рӯз аз рӯз биноҳои хуштарҳу замонавии таъиноташон гуногун қомат меафрозанд. Меҳмонону сайёҳони дохиливу хориҷӣ бо дидани биноҳои хушсохту зебо, кӯчаву гулгаштҳои тозаву мураттаб, мардуми кушодарӯю меҳмоннавози ин гӯшаи диёр хушҳол мегарданд.

Меҳмонхонаи «Марҳабо»

 

Яке аз биноҳои зебову замонавӣ меҳмонхонаи «Марҳабо» дар маркази ноҳия воқеъ буда, соли 2020 бо тарҳи муосир ва шароити созгор мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст. Меҳмонхона аз ду ошёна иборат буда, дорои тарабхона бо 150 ҷойи нишаст ва таҳхона аст. Ошёнаи дувум меҳмонхона аст. Кормандони он барои хидматгузории сатҳи олӣ ба меҳмонону сокинон кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳанд.

Ҳар як ҳуҷраи меҳмонхона бо телевизор, кондитсионер, рахти хобу ҷевон, ашёву абзорҳои зарурии рӯзгор, ҳаммому ташноби алоҳида муҷаҳҳаз гардидааст.

Даҳлезу роҳравҳои меҳмонхона дилкашу диданӣ буда, бо маҳорати хос оро ёфтаанд. Атрофи меҳмонхонаро ниҳолу буттаҳои ороишӣ ва сабзаву гулҳои хушбӯй печондаанд.

 Ба меҳмонхона сайёҳони хориҷӣ низ ташриф меоранд. Нафароне, ки як бор аз хизматрасонии меҳмонхонаи «Марҳабо» истифода бурдаанд, вақти дубора ба ин ноҳия сафар кардан, ҳатман ба ин макон меоянд. Кормандони тарабхона мекӯшанд сифати хизматрасониро ба меъёрҳои ҷаҳонӣ мутобиқ намуда, ҳамқадам бо набзи ҷомеа бошанд. Тозагиву покизагӣ, ки яке аз қоидаҳои асосии беҳдошти меҳмонхонаҳост, дар ин гӯшаи дурдасти диёр ҳамеша риоя мегардад. Таомҳои таҳиянамудаи ошпазҳо, аз маҳсулоти тару тозаи ватанӣ омода шуда, лаззати гуворо доранд.

Ҳавзи моҳипарварӣ

Сокинони ноҳияи Шаҳритус дорои хоҷагиҳои деҳқонӣ буда, ба кишоварзиву боғпарварӣ машғуланд. Рушд додани соҳаи моҳипарварӣ низ яке аз ташаббусҳои муҳими соҳибкорон ба шумор меравад.

Дар деҳаи Меҳргони деҳоти ба номи Худойназар Холматов соли 2022 дар масоҳати 12 гектар замин хоҷагии деҳқонии «Наимҷон - 2012» созмон ёфт, дар 5 гектар ҳавзи моҳипарварӣ бунёд намудаанд. Масъулон мекӯшанд, ки ба истеҳсоли гӯшти парҳезӣ даст ёфта, саршумор ва ҳаҷми истеҳсоли онро биафзоянд. Дар ин ҳавз навъҳои гуногуни моҳӣ парвариш ва нигоҳубин мешаванд, аз қабили амури сафед, пешонапаҳн, гулмоҳӣ, сазан ва ғайра. Парвариши чунин навъи моҳиҳо ба иқлими Тоҷикистон мутобиқ аст.

Барои рушди соҳа ва зиёд намудани саршумори моҳиҳо дар хоҷагӣ чаҳор ҳавзи махсус бунёд кардаанд. Ин тадбир имконият медиҳад, то моҳипарварӣ ба таври васеъ роҳандозӣ гардад ва сокинон бо гӯшти парҳезӣ пурра таъмин бошанд.

Дар ин хоҷагии моҳипарварӣ ошхона ва ҷойи истироҳатгоҳ барои меҳмонон муҳайё аст. Лаҳзаҳои фориғ сокинони ноҳияҳои Носири Хусраву Қубодиён ба ин макон ташриф меоранд. Дар атрофи ҳавз сайру саёҳат намуда, дар ошхона аз моҳиҳои тару тоза ғизо мефармоянд. Хоҳишмандон, ҳамчунон, метавонанд ба шикори моҳӣ, танҳо бо ёрии шаст, шуғл варданд.

Масъулон ният доранд, ки дар оянда намудҳои моҳиро зиёд карда, ҳаҷми онҳоро бештар гардонанд. Барои ин мақсад дар хоҷагии деҳқонии «Наимҷон - 2012» барои боз ҳам хубтар ба роҳ мондани ин соҳа тамоми шароит муҳайё гардидааст. Дар ободу зебо гардондани ноҳия сокинони бонанги он саҳм гирифта, тавонистаанд ин гӯшаи дурдасти кишварро ба макони зебову диданӣ табдил диҳанд. Шомгоҳон ин макон чароғон буда, макони асосии истироҳат барои сокинону меҳмонон ва сайёҳони хориҷӣ мебошад.

МАДИНА,

Душанбе – Шаҳритус – Душанбе

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_06_2025_small.pdf [3.99 Mb] (зеркашиҳо: 3)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон