Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Ҳунар омӯз…
Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Аз ҳар бобНигоҳам ба либосе афтоду вуҷудамро ҳисси аҷибе фаро гирифт. Ҳисси ватандӯстиву ифтихор аз Меҳану фарҳанг ва мардуми ҳунарманди он. Дур аз Ватан либоси миллиро дар сатҳи баланд муаррифӣ намудан ба оламиён бузургист ва на ҳар бонуи ҳунарманд дар ин кор муваффақ аст. «Ҳунар омӯз, к-аз ҳунармандӣ, даркушоӣ кунӣ, на дарбандӣ», гуфтаанд. Фурсат даст дод, то бо касбу кори як бонуи дорои ҳунари баланди дӯзандагиву бофандагӣ, муаррифгари фарҳанги бумӣ берун аз Ватан аз наздик шинос шавем.
Марзия Оламназарова, бонуи ҳунарманд, 16- уми июли соли 1996 дар ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар миёни мардуми ҳунарманду фарҳангпарвар ба олам омад, вораста калон гардидаву дар ин масир тарбия ёфт. Хатмкардаи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон буда, ҳунари дӯзандагиву бофандагиро аз модараш омӯхтааст. Солҳост, ки дур аз Ватан, дар шаҳри Москва шуғл меварзад. Барои муаррифии фарҳангу либосҳои миллӣ пайваста талош дорад. Дӯзандаи хубест, ки дар ҳар як либоси дӯхтааш нишони орёӣ будан, нишони дорои фарҳанги пурғановат будани тоҷикон дида мешавад.
Заҳмати дасташ, либосҳои дӯхтааш шинаму зебову диққатҷалбкунанда аст. Мавсуф бо ҳунараш таваҷҷуҳи дигар халқиятҳоро ба фарҳанги миллии тоҷикон ҷалб менамояд. Аз ин рӯ, ба ғайр аз тоҷикони бурунмарзӣ дигар миллатҳои дунё ҳам барои эҳтироми фарҳанги мо, ба хотири зебову қашанг будани либоси миллии мо заҳмати дасташро харида ба бар менамоянд. Ин ҳама далолати заҳматҳои хастанопазири ӯст, ки берун аз хоки Тоҷикистон мардуми он ва хосса наварӯсон дар маросимҳои тӯйу маъракаҳо либоси миллиро ба бар мекунанд ва дар тамоми маросимҳои ҷашнии тоҷикони Москва аз либосҳои дӯхтааш истифода мебаранд.
Дар мурури ҳафт соли машғулияти ин бонуи ҳунар бо ин кор, ҳуҷраи хурди дӯзандагиаш ба як мактаби таълимӣ табдил ёфтаву даҳҳо бонувони дӯстдори ин касб дар наздаш ҳунари дӯзандагиро ёд гирифта истодаанд. Тарзи дӯхти аксарияти либосҳои тоҷикона, ки бо тарҳи гулдӯзист, заҳмату вақти зиёд ва ҳунари баландро тақозо менамояд. Ба андешаи вай, баъзе намуди либосҳо бояд тарзи гулдӯзиашон танҳо бо даст дӯхта шавад, ки сифату зинаташ гум нашавад. Қаҳрамони мо бо дастранҷи худ ҳамчун намоянда аз номи бонувони ҳунарманди тоҷик дар бисёр намоишҳои сатҳи миллӣ ва ҷаҳонӣ иштирок намуда, ҳаводоронро бо ҳунари волояш мафтун сохтааст. Шогирдони зиёде тарбия кардааст.
Маърифати ХУРШЕД
Мубодила:
Шарҳҳо
