БОЙГОНӢ

«    Август 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Модар он гуна, ки фарзандҳо намуна.

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Аз ҳар боб

Дар маркази ноҳияи Айнӣ чашмам ба бинои дуқабатае афтод, ки дар болодараш «Маркази таълимию забономӯзӣ» дарҷ ёфта буд. Қасди аз ин ҷо чизе навиштан дар нақшаи корӣ афтода бошад ҳам, бо соҳиббино, роҳбари Марказ, тасодуфан дар яке аз корхонаҳои ҳунарӣ рӯ ба рӯ омадам.

— Он чи ки дорам ва касе ҳастам, он ҳама маҳсули заҳматҳои модари азизам аст. Биноан, хуб аст, ки нахуст бо ӯ суҳбат ороед, — дархост намуд Ҳомия Сафолова, баъд аз шиносоӣ.

— Исми модарат…?

— Субҳия.

— Бонуи соҳибкор аст?

— Бале.

Аз суҳбати қаблӣ бо муовини раиси ноҳия Зебо Саидзода, дар хусуси зиндагӣ ва соҳибкори муваффақ будани ин бону огоҳӣ доштам. Ҳомияро, «то дидор» гуфта, ба суҳбати модараш шитофтам.

 

…Субҳия Лутфова баъд аз хатми мактаби миёна ба шавҳар баромаду соҳиби фарзандони дӯстрӯяк шуд, ки ҳамвора нигоҳубини онҳоро ба дӯш дошт. Чун солиёни зиёд дар фикри соҳибкорӣ майна об мекард, соли 2018 бо панҷ ҳазор маблағи қарзӣ фаъолияти худро дар ин самт аз фурӯши маводи хӯрока оғоз намуд. Дертар аз фоидаҳои бадастомада бо чор ҳазор сомонӣ дастгоҳҳои истифодашударо барои шустушӯи нақлиёт харидорӣ намуда, бо писаронаш ба хизмати мизоҷон пардохт.

— Албатта, он замон имкони хариди дастгоҳи навро надоштам, — ба хотир меорад Субҳия. Барои модаре, ки фарзандони донишҷӯй дошт ва пайваста дар фикри онҳо буд, кӯшиши даст задан ба соҳибкорӣ саҳл набуд. Аммо иродаи қавӣ ва азми мардонаи Лутфияро дар нимароҳ нагузошт. Хушбахтона, мушкилнописандии як бонуи музофот ба муваффақият пайваст ва роҳаш дар соҳибкорӣ ба комёбиҳои бештар боз гардид.

Меҳмонхонаи сарироҳии Субҳия, ки дорои 40 кати хоб аст, ба яке аз марказҳои хуби хизматрасонӣ барои сайёҳону мусофирони ба самти Душанбе–Хуҷанд раванда табдил ёфтааст. Аз хизматрасонии хуби нуқтаи шустушӯи нақлиёт ва хариди қисмҳои эҳтиётӣ барои мошинҳои сабукраву боркаш мардуми маҳал ва ронандагони воситаҳои нақлиёт мудом ҳарфи нек мезананд, зеро бо кӯшиши бонуи соҳибкор низоми кор ва муносибат бо мизоҷон дар нуқтаҳо хеле хуб ба роҳ монда шудааст.

 

Тавре худи Субҳия арз медорад, барои ноил шудан ба дастовард, нахуст муносибат, одоб ва муошират бо хурду калон хуб бояд кард. Панди падару модар ва тавсияи неки устодонаш буд, ки ӯ аз ибтидо бо хурду калон ва корафтодаҳо бо дидаи меҳр менигарад ва ҳар кадомро бо лутфу марҳамати хеш мепазирад. Бонуи дарёдил пайваста аз ҷавонон, хосатан аз духтарони маҳаллӣ даъват ба амал меорад, ки дар одобу рафтор намуна ва таҳсилдида бошанд. Чун аз зани босавод фарзандони боилму солим ва ояндадорро интизор шудан мумкин аст.

Бинои наву замонавиеро, ки рӯ ба рӯи мо меистод, нишон дода, онро чун ошхонаю тӯйхона унвон кард. Ният доранд, дар арафаи Ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дари онро ба рӯйи мизоҷон боз намоянд. Дар ошхона шаш нафар ошпазу кадбону ва хизматрасонҳо дар нуқтаҳои савдо фаъолият хоҳанд дошт. Яке аз ҳадафҳои асосии Субҳия ҷалби занону духтарони хонашин ба кору таҳсил аст ва бо ин мақсад ӯ коргоҳҳоро афзун ва фаъолияти худро васеъ кардан мехоҳад. Дар ояндаи наздик, дар маркази ноҳияи Айнӣ дорухонаи наву замонавиро бо фарогирии сатҳи баланди хизматрасонӣ бунёд намуда, диққати сайёҳони хориҷию ватаниро ба самти худ ҷалб карданист.

Бонуи муваффақ ифтихор дорад, ки фарзандонаш хатмкардаи мактабҳои олии кишвар ва мутахассисони хубанд. Онҳо чун модари хеш ҳар роҳеро, ки пеша карданд, аз сидқ ва бо муҳаббат ба он менигаранд. Ҳомия, духтари калонӣ, баъд аз хатми факултети забонҳои хориҷии Донишгоҳи байналмилалии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода чанде дар мактаби миёна омӯзгори фанни забони чинӣ шуда кор кард. Шавқмандони забонҳои хориҷӣ он қадар зиёд буданд, ки баъд аз дарсҳо низ ӯро қарор намегузоштанд. Онҳо аз муаллим пайваста дарси иловагӣ мехостанд. Аз ин рӯ, Ҳомия ба хулосае расид, ки барои толибилмони завқманд Маркази таълимӣ–забономӯзӣ созмон диҳад.

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия нақшаи ӯро хуш пазируфт ва гӯшаи заминеро ба ихтиёраш гузошт. Ҳомия бо маблағи пасандози худ, мадади шавҳар ва дастгирии модари азизу ғамгусораш бинои хуби сеқабатаеро бунёд намуд. Инак, чандест, ки инҷо ба шогирдони зиёд забони чинӣ меомӯзад.

Ромия, духтари дуюми бонуи соҳибкор, дандонпизишк аст ва сарфи назар аз синни ҷавонаш маҳбуби дилҳост. Юсуф Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистонро хатм карда, ҳамроҳ бо модар дар нуқтаҳои хизматрасонии нақлиёт фаъолияти соҳибкориро пеш мебарад. Расмия тахассуси дорусозиро аз бар намудааст ва дар шаҳри Душанбе дорухона дорад. Акмалҷон хонандаи мактаб аст ва гоҳе фориғ аз дарсҳо ба маркази забономӯзӣ омада, забони чинӣ меомӯзад.

Субҳия афзуд, ки аз фарзандони бо заҳматҳои зиёди шабонарӯзӣ ва ташвишҳои рӯзгордорӣ ба камол расондааш, розӣ ва ба ояндаашон бо дили пуру бо чашми нек менигарад. Аз сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар боби дастгирии бонувони маҳаллӣ ва таваҷҷуҳе, ки раиси ноҳияи Айнӣ дорад, сарфароз аст, ки дар амалии гаштани нақшаҳои ӯ бобати рушди соҳибкорӣ ӯро дар канор намонданд.

Гашти рӯз ба он биное, ки «Маркази забономӯзӣ» навишта дошт, дубора ворид мешавем. Ҳомия, омӯзгори ҷавону умедбахш, ҳанӯз ҳам бо чанд шогирд машғул ба кор дидам. Гуфтем, ки модарҷонаш аз Ҳомия розӣ ва аз мақсадҳои некаш истиқбол менамояд.


Рустами НАЗИР,

Душанбе–Айнӣ–Душанбе



Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_08_2025_small_.pdf [4.18 Mb] (зеркашиҳо: 10)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон