Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Водии чашмасорони нодир
Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣБоми ҷаҳон, яъне Бадахшони Тоҷикистон, аз соҳилҳои рудхонаҳои Ванҷобу Язғуломоб, аз резишгоҳи дарёи Панҷи пуртуғён оғоз гардида, то ба подомони қуллаҳои сар ба гардуни Помир рафта мерасад.
Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ин гӯшаи диёри арҷманд аз лиҳози иқтисодӣ ва иҷтимоӣ басе ҳам рушду нумӯ кард. Ин маъмангоҳи мардумони сарбаланду заҳматпеша дорои киштзорони ҳосилхез, боғҳои пурмева, чормағззорону тутзорони зиёди то дуриҳои деҳоти водиҳои Ванҷи Боло ва Язғулом паҳнгашта, ҷангалистонҳо, чарогоҳҳо ва марғзорҳои сабзу хуррам мебошад. Дар баробари ҳамаи ин, дар зери заминаш маъданҳои кӯҳии пурқимат нуҳуфтаанд. Аз ҷумла, никел, мармар, оҳан ва ғаӣра.
Ҳамчунин, чашмасорони обҳои нӯшоӣ ва маъдандори ба дардҳо давобахши зиёдеро дорост. Ривояте ҳаст, ҷавонони ванҷӣ, ки дар шаҳрҳои бузурги Осиёи Миёна таҳсил ва кор мекарданд, аз зодгоҳ дар зарфҳо оби чашмаҳои маъдандори Шоҳмастон, Гармчашма, Поӣи Мазор, Дараи Зингро бо худ мебурдаанд ва бо ҳамдарсону устодону ҳамкорон нӯши ҷон менамудаанд…
Дар баробари чашмасорони хурдак, ки аз дили кӯҳҳо ва таги замин мебароянд, дар Ванҷ дарёчаҳои калонтаре ҳамчун муъҷизаи ҳаӣратангези табиат дучор мешаванд, ки дар асл рӯдхонаанд, вале аз зери кӯҳпораҳо мебароянд. Мутахассиси номдори соҳаи кашшофӣ Зуҳур Ёров мегуфт, ки садҳо ва шояд ҳазорон солҳо пеш аз ин дар натиҷаи зилзилаҳои шадид кӯҳҳо пора - пора гашта, маҷрои дарёчаҳоро пур кардаанд ва ҳоло ин рӯдхонаҳо аз таги сангу кӯҳпораҳо мебароянд. Чунин дарёчаҳои кӯҳии аз таги сангистонҳо бароянда дар деҳаҳои Гишхун, Одешт, Зайч ва Ширговад дучор мешаванд, ки аз оби ҷонбахшашон садҳо гектар замину боғоти ин пораи диёр шодоб мегардад. Мардуми бумӣ ва саӣёҳону меҳмонон низ аз оби ин чашмаю дарёчаҳои кӯҳӣ нӯши ҷон менамоянд. Меҳмонони бисёре, ки дар даврони истиқлоли давлатӣ ба Ванҷ сафар мекунанд, дар баробари маркази ноҳия, шаҳраки Рохарв ва деҳоти ободу зебогашта, ҷангалистонҳои анбуҳ, дараву марғзорон, лозурҳои азамат, инчунин аз чашмасорони обҳои нӯшоӣ ва маъдандор низ дидан мекунанд. Ба қавли мутахассиси варзидаи соҳаи кашшофӣ Назриддин Асоев, олимони соҳаи гидрогеология дар даврони шуравӣ таркиби кимиёвии 7 чашмаи обҳои маъдандорро дар Ванҷ ба омӯхтан сар карда буданд, аммо давлати абарқудрат аз баӣн рафт. Аз натиҷаи тадқиқоти олимони соҳа танҳо харитаҳои бо мурури солҳои зиёд зардшуда боқӣ мондаанд. Хушбахтона, мардони куҳансол дар кадом мавзеъҳои дуру наздик ҷоӣгир будани чашмасоронро хуб медонанд ва ба ҷавонон ин маконҳоро нишон медиҳанд. Аз ҷумла, чор чашмаи оби маъдандор дар шафати шоҳроҳи баӣналмилалии мошингарди Душанбе-Қулма, дуи дигар дар канори дашти Сурхсангов - наздикии шаҳраки имрӯзаи Ваҳдат ҷоӣгиранд. Ба ғаӣр аз ин, дар мавзеъҳои Бичхарву Дараи Зинг ва дар деҳаҳои Жамагу Заӣчи деҳоти Язғулом чашмаҳо ҷоӣгузинанд. Оби ин чашмаҳо дар тобистон хунук, дар зимистон гарманд. Ин манбаъҳо барои табобати касалиҳои пӯст, меъдаю рӯда, мушакҳои дил, ҷигар, талха ва дигар бемориҳо манфиатбахшанд. То чашмасорон, ба истиснои баландиҳои Дараи Зинг, роҳи мошингард сохта шудааст. Олимони соҳаи тиб ва мутахассисони самти гидрогеология санҷида исбот намудаанд, ки обҳои чашмаҳо нодир буда, ба обҳои маъдандори мавзеҳои Ҷелондеҳ, Гармчашма, Авҷ, Бибифотимаи Заҳро, Шоҳамбарӣ, Хоҷа Оби Гарм ва чашмаҳои дигар кишварҳои дуру наздик рақобат карда метавонанд.

Солҳо дар канори ин чашмасорони обҳои мусаффою маъдандори Ванҷ ягон бино барои истироҳату табобати беморон ва мизоҷон, ба истиснои чашмаи мавзеи Шоҳмастон, бунёд нашуд. Эҳтиёҷмандон дар хаӣмаҳо ва кошонаҳои мардум ҷоӣ мегирифтанд. Хушбахтона, дар замони истиқлоли давлатӣ, дар баробари бунёди даҳҳо истироҳатгоҳҳо, меҳмонхонаҳо ва ошхонаю чоӣхонаҳо ба масъалаи сохтмони биноҳо дар назди чашмасорони обҳои маъдандор аз ҷониби Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ, шарикони рушд ва соҳибкорон диққати ҷиддӣ дода мешавад. Дар мавзеъҳои Сурхсангов, Хехак, Лугад, Вишхарвак, Гармчашма, Ширговад, Сед, Пойи Мазор иншоот ва биноҳо бунёд гашта истодаанд. Аз ҷумла, дар мавзеи Вишхарвак, ки аз ин ҷоӣ қуллаҳои сарбаланди Исмоили Сомонӣ, Абуалӣ ибни Сино ва забонаҳои пиряхҳои Ванҷях ва Хирсон хуб намоёнанд, аз ҷониби директори генералии ширкати «Рухом», Муфарраҳ Муҳаббатов ва соҳибкор Розиқ Гиёев, маҷмааи истироҳатии «Ванҷи Боло» бо меҳмонхонаву тарабхона бунёд шудааст. Инак, соли сеюм аст, ки саӣёҳони хориҷию ватанӣ ва меҳмонони сершумор аз ин истироҳатгоҳ- табобатгоҳҳо истифода мебаранд. Аз саҳни маҷмаа овезаи зебое дар бағали кӯҳпора ба чашм мехӯрад бо як баӣти машҳури Шоири халқии Тоҷикистон Ширин Бунёд:
Маҷӯй ганҷи дигар дар сарои чархи барин,
Биё ба Ванҷи пур аз ганҷи ман, бародари ман.
Сироншоҳи ДИЛОВАР,
ноҳияи Ванҷ
Мубодила:
Шарҳҳо
    
    
    
    
 


 
 






