Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Ҳисор – мавзеи хушманзари сайёҳӣ
Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣШаҳри Ҳисор, ки дар масофаи 20 километр аз самти ғарбии шаҳри Душанбе воқеъ аст, бо мавҷудияти ёдгориҳои сершумори таърихиву фарҳангӣ макони марғубу мусоид барои гардишгариву сайёҳист. Аз файзу баракати заминҳои шодобу ҳосилхези он ин минтақаро мардум Ҳисори зарнисор, Ҳисори шодмон унвон додаанд.Агар бархе барои тафреҳу фароғат кишварҳои хориҷро муносиб донанд, яқин аст, ки аз чунин мавзеъҳои тамошобобу завқангези диёри хеш баҳра набурдаанд.
Маркази шаҳри Ҳисор макони сернуфусу сермошин буда, таҷдиди роҳҳо, бунёди иморатҳои баландошёна ба таври бесобиқа дар вусъат аст. Аммо канортар аз марказ деҳаҳои ободу сердолу дарахт шурӯъ гашта, шӯру ғавғои шаҳр сокит мегардаду оромиро нағмапардозиҳои парандагон, садои форами боди сабук ва шилдироси оби ҷӯйҳо гӯшҳоро навозиш медиҳанд.
Мавқеи ҷуғрофии шаҳри Ҳисор, фазои мусоиди экологӣ, иншооти муҳими таърихиву фарҳангӣ ва тафреҳиву солимгардонӣ, аз қабили мамнуъгоҳи «Қалъаи Ҳисор», осоишгоҳҳои «Шоҳамбарӣ» ва «Сатурн», оби шифобахши «Хирманак», боғи зимистонаи «Шаршара», тарабхонаҳои сершумори ба талаботи замон ҷавобгӯ ва ғайра барои рушди сайёҳӣ иқтидори воқеӣ доранд.
Мамнуъгоҳи таърихиву фарҳангии Ҳисор дорои ёдгориҳои таърихии Қалъаи Ҳисор, Мадрасаи Кӯҳна, Мадрасаи Нав, Мақбараи кӯҳна буда, ҳамчунин Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии шаҳри Ҳисор дар ин макон ҷойгиранд. Корвонсарой, дарвозаи Арк, девори мудофиавии Ҳисор ва Таҳоратхона майдони Регистонро иҳота намудаанд. Дуртар аз ин майдон дар қисми ҷанубӣ мақбараи Махдуми Аъзам, дар қисмати ҷанубу шарқӣ масҷиди Сангин, масҷиди Одина, масҷид ва мадрасаи Чашмаи Моҳиён воқеанд.

Қалъаи Ҳисор қисми таркибии мамнуъгоҳ буда, ёдгоре аз шаҳрҳои бостон ва шоҳиди корнамоиҳои бузурги аҷдодони тоҷикон аст. Агарчи дарвозаи Қалъа умри 500-сола дорад, пойдевори он таърихи беш аз 3 ҳазорсоларо дар худ ниҳон кардааст. Ин мамнуъгоҳ дар масоҳати 19,8 гектар замин доман густурда, аз се қисми асосӣ иборат аст: қисми баланди он қароргоҳи беку амирон, қитъаи дувум уштурхонаву анбор ва қисми асосии онро сарбозхона ташкил медиҳад. Дар мавриди бунёди Қалъа ривоятҳои зиёде мавҷуд буда, бостоншиносон ва таърихнигорон ҳафриёту тадқиқотҳои илмӣ низ анҷом додаанд.
Барқарорсозии симои таърихии ин ёдгории бостонӣ бо таваҷҷуҳи махсус ва ғамхории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2015 анҷом ёфтааст. Ҳоло деворҳои атрофи Қалъа, дарвозаю аркҳои он, чойхонаи миллӣ бо 100 ҷойи нишаст, ҳавзи дохил, 6 адад суҳбаткада, сарбозхона, амфитеатр бо 700 ҷойи нишаст, 10 адад дукон барои ҳунармандон ва дигар иншооти дорои аҳамияти таърихии он бунёд ва навсозӣ шудаанд.
Корҳои ободонӣ дар атрофи Қалъа пурра анҷом ёфта, тамоми имконот барои сайёҳони дохилу хориҷ фароҳам оварда шудааст. Аз боби ин макони зебои таърихӣ ду роҳбалад ба сайёҳон ҳамарӯза хизмат мерасонад, ки яке аз онҳо Рустам Зарифов тӯли 10 сол аст бо забонҳои тоҷикиву русӣ маълумот ироа менамояд. Акмал Ҳомидов бошад бо лаҳни англисӣ ҷаҳонгардонро бо таърихи ин куҳандиз ошно месозад.
— Соли 2025 беш аз 20 ҳазор сайёҳони дохиливу хориҷӣ аз ин макони таърихӣ дидан карданд, ки аксари онҳо ҳамватанони моянд. Меҳмонҳое, ки аз кишварҳои дигар ба пойтахт ташриф меоранд, азбаски роҳ наздик аст, аз Қалъаи Ҳисор низ ҳатман дидан мекунанд. Дар ин ҷо бо маҳсули ҳунарҳои мардумӣ, ки дар дуконҳо ба фурӯш бароварда шудаанд, шинос шуда, тоқиву либосҳои миллӣ ва гӯшвораҳои бо сангҳои ороишии маҳаллӣ зинатёфтаро чун армуғон бо худ мебаранд. Барои сайёҳон бештар меъмории Қалъаи кӯҳан ҷолиб аст, ки гузаштагон кадом масолеҳи сохтмониро ба кор мебурданд, — изҳор намуд Рустам Зарифов.

Воқеан, дуконҳои фурӯши молу колои ҳунармандонро, ки дар Қалъа ҷойгиранд, дастранҷҳои зебову рангоранги пешаварон оро дода, диққати дилхоҳ тамошогарро сӯи худ ҷалб месозад. Дар яке аз чунин дуконҳо дастгоҳи бузурги атласу адрасбофӣ мавҷуд аст, ки дар он бонуи гулдаст Гулнора Муҳаммадиева беш аз 10 сол аст, ки ба ривоҷ додани ин ҳунари куҳани аҷдодӣ машғул буда, ба духтарону бонувони маҳал аз нозукиҳои ин пеша сабақ медиҳад. Матоъҳои атласу адрасро ба андозаи 2-метрӣ бофта, аз онҳо рӯсариву гарданбанд, ҷомаву дастаҷомҳо таҳия менамояд.
— Риштаҳое, ки аз онҳо матоъ омода мекунем, аз нахҳои пахтагии ватанӣ иборатанд. Дар корхонаи нассоҷии тоҷик истеҳсол шуда, дар шаҳри Хуҷанд рангубор карда мешаванд. Мо тарзи бофтани атласу адрасро ба меҳмонони хориҷӣ нишон медиҳем. Матоъҳои мо бо расидани об ранг иваз намекунанд ва ҳам астар ва ҳам абраи он ба пӯшидан созгор аст. Сайёҳони хориҷӣ онҳоро ҳунари дастӣ ва пахтагӣ гуфта, зиёд мехаранд. Шукр, ки бо дастгирии МИМҲД-и шаҳр соҳиби касбу корем, — изҳор медорад Гулнорабону.
Фаротар аз дуконҳо, бо убур кардани дарвозаи Арк майдони васеи асптозиву аспсаворӣ падид меояд. Дар амфитеатр, ки вазифаи наврӯзгоҳро иҷро менамояд, тамоми чорабиниҳои давлатӣ ва барномаҳои фарҳангиву фароғатӣ баргузор мешаванд. Хуллас, Қалъаи Ҳисорро метавон шиносномаи ин шаҳри бостонӣ унвон дод.
Дар масофаи тақрибан 2 км аз Қалъаи Ҳисор, дар кӯчаи Гулханӣ дастоварди дигари ноҳия — Боғи фарҳангӣ-фароғатии зимистона ва тарабхонаи «Шаршара» воқеъ аст, ки воқеан макони нодиру диданист.

Иншоот дорои 450 ҷойи нишаст буда, барои қабули сайёҳону истироҳати шаҳрвандон шароити мусоид фароҳам аст. Дар боғи муҳташами зимистонаи он гулу буттаҳои нодир ва беш аз 7 ҳазор дарахтони ҳамешасабз мерӯянд. Гирду ванаи боғро беш аз 4500 бех дарахти сояафкан оро дода, дар фасли гармо ҳазорҳо гулу буттаҳои ороишӣ шинонда мешаванд. Сокинону меҳмонон тамоми фасли сол дар иҳотаи табиати зебову сабз метавонанд истироҳат намоянд. Дохили боғи зимистона дорои мизу курсиҳои зиёд буда, роҳраву гӯшаҳои он бо санъати баланди меъморӣ ва шаклу намои муосир оро ёфтааст. 65 нафар сокини маҳаллӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ буда, ошпазони он барои сайёҳони дохиливу хориҷӣ бо маҳорати хосса хӯрокҳои миллӣ ва аврупоӣ таҳия менамоянд ва дар як вақт ба 150–200 нафар метавонанд хизмат расонанд.
— Барои ҷалби бештари сайёҳон ҳоло дар ним гектар замин ҳавзи моҳипарварӣ созмон медиҳем, то меҳмонон тавонанд моҳӣ дошта, сайди худро дар шароити фароҳамоварда пазанд. Ҳамчунин, сохтмони меҳмонхонаи дуошёна босуръат ҷараён дорад, ки дар қабати аввали он маркази табобативу солимгардонӣ, дар қабати дувум 30 ҳуҷраи дунафарӣ барои меҳмон бунёд мегардад. Барои табибони роҳдур бо аҳли хонаводаашон хонаҳои истиқоматӣ фароҳам меорем, — изҳор дошт муовини директори маркази хизматрасонии боғи зимистонаи «Шаршара» Муҳаммадризо Муродов.
Мурғҳои лазизу номдори Қараев, макони тафреҳии «Ҳавзи мурғобиҳо», тарабхонаи «Шоми Қалъа», ки дар ин мавзеъ ҷойгиранд, воқеан ин гӯшаи зебоманзари диёрро боз ҳам хушнамову тамошобоб кардаанд. Ин ободиҳои бесобиқа ба ифтихори Ҷашни бузурги 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд шуда, ба рушди соҳаи сайёҳӣ, ки яке аз соҳаҳои муҳими рушди иқтисоди миллӣ ва муаррифии фарҳангу тамаддуни миллат аст, метавонад такони ҷиддӣ бахшад.
Ситора АШӮРОВА,
Душанбе – Ҳисор – Душанбе
Мубодила:
Шарҳҳо












