Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Вақте ҳарфи Тоҷикистон дар минбарҳои ҷаҳонӣ садо медиҳад…
СиёсатИмрӯзҳо ҷаҳон беш аз ҳар вақти дигар ба арзиши об ва ҳифзи он таваҷҷуҳ дорад. Тағйирёбии иқлим, камшавии захираҳои оби тоза, обшавии пиряхҳо ва афзоиши аҳолӣ масъалаҳои вобаста ба обро ба яке аз муҳимтарин мавзуъҳои рӯз табдил додаанд. Дар чунин шароит Тоҷикистон бо ташаббусҳои созанда ва башардӯстонааш тавонист дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари пешсаф дар пешбурди дипломатияи об эътироф гардад.
Аз 25 то 28-уми майи соли равон шаҳри Душанбе мизбони Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028» гардид. Ин ҳамоиши муҳим бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва дигар шарикони рушд доир шуда, намояндагони даҳҳо давлату созмонҳои байналмилалиро гирди ҳам овард.
Зимнан, солҳои охир пойтахти Тоҷикистон ба як майдони муҳими гуфтугӯи ҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст. Ин раванд идомаи ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки тайи зиёда аз бист сол масъалаҳои вобаста ба обро пайваста дар сатҳи байналмилалӣ матраҳ менамоянд.
Ҷомеаи ҷаҳон хуб дар ёд дорад, ки маҳз бо пешниҳоди Тоҷикистон Созмони Милали Муттаҳид чандин қатъномаи муҳимро қабул кард. Аз ҷумла, Соли байналмилалии оби тоза эълон шудани соли 2003, Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» барои солҳои 2005–2015, ҳамчунин Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028» аз ҷумлаи ташаббусҳое мебошанд, ки Тоҷикистон онҳоро пешбарӣ намудааст ва аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шудаанд. Ин пешниҳодҳо танҳо иқдомҳои сиёсӣ набуда, дар асл садои нигаронии як миллати куҳанбунёданд, ки обро ҳамчун неъмати ҳаёт мешиносад.
Дар Конфронси имсола Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз як пешниҳоди муҳимро ироа намуданд. Пешвои миллат иброз доштанд, ки бо мақсади тақвияти дипломатияи об ва муттаҳид намудани талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ барои ояндаи устувор Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода мешавад. Ин Ҷоиза барои қадрдонии саҳми арзанда дар рушди ҳамкории байналмилалӣ, таҳқиқоти илмӣ, сиёсати устувори об ва ҷустуҷӯи роҳҳои муассири ҳалли мушкилоти ҷаҳонии об пешбинӣ гардидааст.
Дар баробари ин, таъсиси Ҷоизаи байналмилалии ба номи Абуалӣ ибни Сино дар соҳаҳои тандурустӣ ва беҳдошт низ аз иқдомҳои муҳими Сарвари давлати тоҷикон арзёбӣ мегардад. Ин ташаббус нишон медиҳад, ки Тоҷикистон масъалаҳои об, саломатӣ ва зиндагии инсонро бо ҳам тавъам медонад, зеро оби тоза на танҳо омили рушди иқтисодӣ, балки асоси тандурустии ҷомеа низ маҳсуб меёбад.
Мояи ифтихор аст, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ташаббусҳои Тоҷикистон бо эҳтиром назар мекунад. Дар замина, «Раванди оби Душанбе» ба як платформаи эътирофшудаи байналмилалӣ табдил ёфтааст, ки дар он сиёсатмадорон, олимон, коршиносон, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, занону ҷавонон масъалаҳои муҳими вобаста ба обро баррасӣ менамоянд.
Ин ҳама бепоя нест, зеро Тоҷикистон кишвари дорои захираҳои бузурги обӣ мебошад. Беш аз 60 дарсади захираҳои обии Осиёи Марказӣ аз ҳудуди кишвари мо сарчашма мегирад. Аммо, ҳамзамон, Тоҷикистон яке аз кишварҳоест, ки таъсири тағйирёбии иқлимро бештар эҳсос менамояд. Обшавии босуръати пиряхҳо имрӯз на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои тамоми минтақа ва ҷаҳон хатар эҷод мекунад. Аз ҳамин ҷост, ки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пайваста ҷомеаи ҷаҳонро ба ҳифзи пиряхҳо ва истифодаи оқилонаи захираҳои об даъват менамоянд.
Дар чунин шароит баланд бардоштани фарҳанги истифодаи об вазифаи ҳар яки мост. Об акнун танҳо захираи табиӣ нест, он сарчашмаи ҳаёт, рамзи покӣ ва омили ҳастии инсон аст. Ҳифзи ҳар қатраи он ҳифзи ояндаи фарзандонамон мебошад.
Нақши бонувон дар ин самт низ хеле муҳим аст. Маҳз зан-модар дар оила метавонад фарҳанги сарфакорона истифода бурдани об, тозагӣ ва эҳтиром ба табиатро тарбия намояд. Хушбахтона, ҳоло занони тоҷик дар соҳаҳои илм, муҳити зист, тандурустӣ ва ҳифзи табиат фаъолона саҳм мегузоранд ва метавонанд дар пешбурди ҳадафҳои рушди устувор нақши боз ҳам муассир дошта бошанд…
Конфронси байналмилалии Душанбе бори дигар собит намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ бетараф нест. Баръакс, кишвари мо бо ташаббусҳои созанда мехоҳад ҷаҳонро ба ҳамкорӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва истифодаи оқилонаи неъматҳои табиат ҳидоят намояд. Хосса, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хуб медонанд, ки об масъалаи фақат имрӯз нест, он масъалаи фардо, масъалаи амният, саломатӣ ва бақои инсоният аст…
Хулоса, то вақте садои сулҳҷӯёнаву созандаи Тоҷикистон дар минбарҳои байналмилалӣ танинандоз аст, он на танҳо мояи ифтихори ҳар тоҷикистонӣ, балки кишвари моро дар байни давлатҳои дунё ба гунаи мамлакате муаррифӣ месозад, ки дар роҳи ҳифзи арзишҳои умумибашарӣ қадамҳои устувор мегузорад.
ОДИНАЗОДА Шоҳона Сулаймон
Мубодила:
Шарҳҳо












