Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Эмомалӣ РАҲМОН: “МАН БА ШУМО СУЛҲ МЕОРАМ!”
СиёсатМусоҳибаи муовини сармуҳаррири маҷаллаи “Бонувони Тоҷикистон” бо ходими давлативу сиёсӣ, раиси Шурои куҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Ғайбулло Афзал

- 27-уми июни соли 2026 аз имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ дар Тоҷикистон 29 сол сипарӣ мешавад. Ваҳдат на танҳо рукни сиёсӣ, балки арзиши зеҳнӣ ва маънавӣ аст, ки миллати моро ба сӯйи субот, рушд ва худогоҳӣ раҳнамун сохт. Лутфан мегуфтед, ки ин ҷашн бо чӣ хотираҳое дар зеҳнатон пайванд аст?
- Барои расидан ба ваҳдат шебу фарози зиёди зиндагиро аз сар гузарондем, аммо андешаи ваҳдатгароию ваҳдатсароӣ дар шуури миллат заминаҳои пурқуввате дорад. Ин мавзуъ дар эҷодиёти шоирону мутафаккирон мақоми хос дошт. Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар асри ХIII фармуда:
Мо барои васл кардан омадем,
На барои фасл кардан омадем.
Яъне, ваҳдат дар хуну вуҷудамон ҷорист. Агар мо ваҳдат намедоштем, империяи бузурги Куруши Кабир, давлати Ҳахоманишиён, Сосониёну Сомониёнро таъсис додаву идора карда метавонистем? Агар якдиливу якмаромӣ дар вуҷудамон намебуд, дар марҳалаи пурпечутоби солҳои 20-уми асри пор ҳамчун Ҷумҳурии мустақили Тоҷикистон дар ҳайати Иттиҳоди Шуравӣ эътирофамон мекарданд? Ҳеҷ вақт!
Мо, ки ҳудуду сарзамин, забону таърих ва аз ҳама муҳим якдилӣ доштем, дар муқобили нобасомониҳои солҳои 90-уми асри ХХ, рӯ ба рӯ бо душманони миллат, ки бо ёрии хоҷагони хориҷӣ мехостанд Тоҷикистонро ба доми нестӣ кашанд, қад алам карда, давлатро аз вартаи ҷанги таҳмилӣ берун овардаю ба сулҳи комил расондем.
Музокироти сулҳи тоҷикон се солу се моҳ идома ёфт. Гуфтушунидҳо дар давлатҳои Россия, Покистон, Афғонистон, Эрон, Туркманистон, Қирғизистон, Қазоқистон баргузор шуданд. Ғайр аз 21 вохӯрии расмӣ даҳҳо вохӯриҳои ғайрирасмӣ гузаштанд. Ниҳоят Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Хосдеҳи Афғонистон рафта, бо роҳбарони мухолифин гуфтушунид карда, ҳамаи масъалаҳое, ки барои расидан ба Ваҳдати миллӣ лозим буд, баррасиву ҳал намуданд.
Соли 1997-ум дар шаҳри Москва Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ ба имзо расид. Ҳамон сол тасмими таъсиси Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон гирифта шуд.
- Аз дидгоҳи илми ҷомеашиносӣ, ваҳдати миллӣ тавассути ду омил: худшиносии таърихӣ ва таҳаммулгароии иҷтимоӣ устувор мемонад. Коршиносон ва марказҳои таҳқиқотии байналмилалӣ таҷрибаи сулҳи тоҷиконро чун модели хуби омӯзиш барои кишварҳои даргир меҳисобанд. Омили аслии даст ёфтан ба ваҳдату сарҷамъиро дар як муддати кўтоҳ чӣ гуна метавон маънидод намуд?
- Ҷанги таҳмилии шаҳрвандии мо решаи сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дошт. Пӯшида нест, ки Тоҷикистон дар ҳайати Иттиҳоди Шуравӣ яке аз ҷумҳуриҳои дурдасттарин ва ақибмонда ба ҳисоб мерафт. Намегӯям, ки мо комёбӣ надоштем, дастовардҳо буданд, аммо на дар сатҳи дигарон.
Дар ду вилояти калони мо 6-7 моҳ рафтуомад қатъ мешуд. Давлати абарқудрат ин мушкили географиро бартараф кардан намехост. Аз ин хотир, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадами аввалро дар роҳи раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ диданд. Аввалтар аз ҳама, дар кишвар роҳҳову нақбҳо сохта, минтақаҳо васл гаштанд.
...Он солҳо телевизиону рӯзномаҳоро, ки ҷузъи дастгоҳи идоракунандаи давлат маҳсуб меёфтанд, эътироф кардаву гӯш медодем. Вақте низом якбора дигар шуд, баъзеҳо дар қатори иттиҳодияҳову созмонҳо воситаҳои ахбори омма созмон дода, тариқи онҳо ба мафкураи мардум таъсири манфӣ расонданд. Қисме ба созмонҳои навтаъсис бовар карда, ба онҳо шомил шуданд. Роҳбаронашон аввал вазифахоҳ бошанд, баъд давлатхоҳ шуданд. Азми ба даст овардани Ҳукуматро намуданд.
Соли 1992 барои муътадил намудани вазъ Ҳукумати муросои миллӣ таъсис ёфт. Ин Ҳукумат мехост оромӣ бошад, аммо нафароне буданд, ки инро намехостанд. Роҳбарони созмону ҷамъиятҳо бо давлатҳои хориҷӣ робита пайдо намуда, аъзоёнашонро бо аслиҳаи ҷангӣ мусаллаҳ намуданд. Дар натиҷа Ҳукумати муросои миллӣ дар муҳосира монд. Ҷанг сар шуд...
Одамонро мекуштанд. Кӯдакони зиёд ятиму оилаҳо бесаробон монданд. Ҳазорон хонаҳо сӯхт, мардум бехонумону гуреза шуданд. Гӯристонҳои нав пайдо шуданд, қабрҳои дастаҷамъии бесоҳиб низ. Дар минтақаи собиқ Қӯрғонтеппа, имрӯза Бохтар вазъ шадид ва ҷангҳои сахт мерафтанд. Шаҳри Кӯлоб дар муҳосираи иқтисодӣ афтод. Мардум аз фақру нодорӣ алафу гиёҳҳоро хӯрда, мефавтиданд, аз истеъмоли хӯрданиҳои бесифат одамони зиёд бемор шуданд.
Ман узви Комиссияи оштии милллӣ набошам ҳам дар гуфтушунидҳои Ҳукумат иштирок мекардам. Яке аз сабабҳои тул кашидани раванди музокирот байни Ҳукумат ва мухолифин дар қабули масъалаҳои баҳснок, аз қабили ба ҳайати Ќувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон шомил сохтани размандагони мухолифин бо яроқ, таъини 30 дарсади мухолифин ба вазифаҳои роҳбарикунанда, ба қайди давлатӣ гирифтани Ҳизби наҳзати ислом бастагӣ дошт. Президенти кишвар ба хотири сулҳ, ором будани Тоҷикистон ба ҳамааш розӣ шуданд, аммо дидем, ки мухолифин пас аз солҳо боз хиёнат карданд...
- Чун шахсияти сиёсӣ аз ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ чӣ сабақе бардоштед?
- Хотираҳои вазнине аз он рӯзҳо дорам. Овардани гурезаҳо ба Ватан як мавзуи печидаву мушкил буд. Дар Афғонистон ҳамагӣ 68 ҳазор гуреза доштем, аммо роҳбарони мухолифин шумори онҳоро ба Созмонҳои байналмилалӣ 300-400 ҳазор нишон медоданду маблағ ва озуқа мегирифтанд. Барои ҳамин то охир намехостанд гурезаҳо ба Ватан баргарданд.
Қарори аввалини Раиси Шурои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марбут ба барқарорсозии вайронаҳои ҷанги шаҳрвандӣ содир шуд. Хонаҳо, муассисаҳои тандурустӣ, соҳаи маорифу фарҳанг зарари ҷиддӣ дида буданд, заминҳои кишт аз кор баромада, чорвои зиёд нобуд шуда буд. Давоми 3-4 соли аввал бо талоши Ҳукумат ва кумаки созмонҳои байналмилалӣ корҳои зиёде ба сомон расиданд. Муовини раиси вилояти Хатлон будам, манзили зист надоштам, дар ҳуҷраи корӣ мехобидам. Гуруснаву ташна, аммо ноумед набудем, зеро оҳиста-оҳиста ободкориҳо оғоз мешуданд.
Ҳоло буҷети Тоҷикистон ҳудуди 6 - 6,5 миллиард доллари ИМА аст. Маҷмуи маҳсулоти дохилии мо 165 ё 16,5 миллиард долларро ташкил медиҳад. Агар кишвар мувоҷеҳи кашмакашиҳо намегашт, бо ин ҳама талошу дастовардҳо ҳоло пешрафтатар аз ин будем. Ҷанг моро ба даҳсолаҳо қафо андохт. Мардум, хусусан ҷавонон, бояд он рӯзҳоро фаромӯш насозанд. Гуруснагӣ, оворагӣ, талбандагӣ, рӯзҳои сахти дар орзуи як бурда нон буданро...
- Таҷрибаҳои сулҳ нишон медиҳанд, ки ваҳдат бо имзои санад оғоз меёбад, аммо барои таҳкими он тадбирҳои амиқи сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ зарур аст. Сулҳ бо роҳбарии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба раванди фаъол табдил ёфта, инфрасохтори харобшуда барқарор гардид, гурезагон баргаштанд, Комиссияи оштии миллӣ таъсис ёфта, санаду қавонини нав таҳия ва ваҳдат чун арзиши меҳварии ҷомеа пазируфта шуд. Муваффақияти Президенти он айём ҷавону 40-соларо, ки қадам ба қадам ба амалисозии ин сиёсат мушарраф гардиданд, дар чӣ мебинед?
- Иҷлосияи ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фарзанди баруманди халқи тоҷик Эмомалӣ Раҳмон ваколати роҳбарӣ ба ҷомеаи Тоҷикистонро дод, ҳамзамон, ба дӯши ӯ вазифаи мураккаб, вале муқаддаси бунёди давлати воқеан соҳибистиқлол, ҳуқуқбунёд ва демократиро вогузошт. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати сармеъморе баргузида шуд, ки мебоист иморати аз ҷанг вайроншудаи давлатро тармим ва барояш пояҳои устувору сифатан нав барпо менамуд.
Эмомалӣ Раҳмон солҳои аввал дар як ҳуҷраи хурдакак, дар ҷои кораш, дур аз оилаву фарзандон фаъолият мебурд. Борҳо ба ҷонаш суиқасд шуд. Дар ҷомеаи бадиҷангӣ он қадар каму камбуд вуҷуд дошт, ки беҳисоб. Аммо Сарвари давлат бо таҳаммули хос пеш мерафт. Эмомалӣ Раҳмон нафари рақами як аст. Нафари аввал будан дар ягон давру замон осон набуду нест. Сарварӣ аз ӯ ҷасорат, мардонагӣ, маҳорат, гузаштҳо талаб дошт.
Аз сафари охири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии мардумии Чин ёдовар шавед. Президенти яке аз давлатҳои муқтадири дунё бо чӣ эҳтироми хос аз ташрифи Сарвари давлати Тоҷикистон истиқбол намуд. Ҷаноби Си Ҷинпин нисбат ба ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмон чӣ суханҳои наҷибе гуфт. Ҷалби 8 миллиард сармояи Чин ба Тоҷикистон аз дастовардҳои беназири соҳаи иқтисоди кишвар аст...
- Дар солҳои ҷанги таҳмиливу баъдиҷангӣ дар вазифаҳои роҳбарӣ масъулият доштед ва аз чеҳраҳои таъсиргузори ҷомеа мансуб меёфтед...
- Иштирокдори Иҷлосияи таърихиву ояндасози ХVI Шурои Олӣ будаму дар баррасии тамоми масъалаҳо иштирок доштам. Аз суханронии Раиси навинтихоби Шурои Олӣ маълум буд, ки шахсияти кордоне сари кор омадааст. Пеш аз ин ҳам мо бо Эмомали Раҳмон дар Шурои Олӣ фаъолият доштем, он кас обрӯву нуфузи хосе байни вакилон доштанд.
Эмомалӣ Раҳмон зимни аввалин суханронии хеш дар Иҷлосия гуфтанд: “Ман ба шумо сулҳ меорам. То он замоне, ки охирон гурезаро ба хонааш барнагардонам, ором нахоҳам буд!”.
Президент мухолифони силоҳбадастро даъват карданду оши оштӣ доданд. Аввалин шуда он кас ва баъдан вакилони мардумӣ, ҳатто мухолифин Парчами давлатиро бӯсиданд. Таъкиди Эмомалӣ Раҳмон ин буд: “Вақте ба маҳалҳо меравед, кинаву адоватро аз дил бароред, яроқҳоро ба замин гузоред, халқро сарҷамъ намуда, роҳбарӣ кунед, ба меҳнати осоишта гузаред”.
Барои баргардондани гурезаҳо Комиссияи ҳукуматӣ таъсис ёфт. Ба ҳайати он нафарони баобрӯву соҳибэҳтироми ҷомеа шомил буданд ва бо гурезаҳо суҳбатҳо меоростанд. Аҳлиддин Афғонов - вакили Шурои Олӣ, Талбак Садриддинов - Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ, раиси Колхози ба номи Ломоносов, домулло Муҳаммадии Қумсангирӣ аз шахсиятҳое буданд, ки он шабу рӯз барои баргардондани гурезаҳои иҷборӣ хидматҳои шоён карданд.
Дар ҳайати комиссияи вилоятӣ гурезаҳоро аз ноҳияҳои Шаҳритус, Қубодиён, Панҷ, Қумсангир (имрӯза Ҷайҳун), Колхозобод (имрӯза Ҷалолиддини Балхӣ), Ёвон, Вахш аз сарҳад қабул мекардем. Водии Вахш мулки бофайз аст. Вақте сокинонаш омаданд, бозорҳои вилояти Хатлон аз меваю сабзавот пур шуданд...
- Дурнамои рушди кишварро чӣ гуна маънидод менамоед ва Тоҷикистонро дар 35-соли оянда чӣ гуна мебинед?
- Метавон гуфт, ки имрӯз ба чор ҳадафи стратегии давлат: таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар расидем. Вазифаи дигар таъмини мардум ба зиндагии шоиста ва муаррифии Тоҷикистон чун давлати мутараққиву пешрафта дар арсаи ҷаҳон аст.
Агар мо то замони истиқлолу даҳ соли пеш, ҳамагӣ 18 ҳазор иншоот сохта бошем, танҳо дар даҳсолаи охир 65 ҳазор иншооти таъиноти гуногун сохта, мавриди истифода қарор додем. Замони азхудкунии заминҳои нав фаро расидааст. Кӯҳу теппаҳои Тоҷикистон ҳамвориҳое доранд, ки метавон дар он ҷо дар баробари чорводорию боғпарварӣ деҳаҳои нав бунёд сохт. Ояндаи Тоҷикистон дурахшон аст.
- Барои бегазанд сулҳу ваҳдатро то наслҳои оянда расондан чӣ бояд кард?
- Шарти аслӣ, муттаҳидӣ ва якрӯву яктан будан аст. Дар тарбияи ҷавонон бояд ҷиддӣ бошем. Зиндагии шоистаро баҳри насли нав фароҳам оварем. Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон чун инсони боидроку ҷасур, тоҷи гумкардаро ба сари мардуми тоҷик боз гузошт, ҳоло мехоҳад ин тоҷ ҷовидон ҷилвагар бошад. Дар ин амр дар атрофи Роҳбари кишвар муттаҳид бошему Тоҷикистонро ба ваҳдатободи хуррам бадал созем.
Ҷашни Рўзи Ваҳдати милливу ҳамдилӣ муборак!
Гулноза БОБОМУРОДОВА
Мубодила:
Шарҳҳо










